Вокуниш ба изҳороти Шӯрои ВАО

№128(3429) 26.09.2015

Дар чорабиние, ки рӯзи 3 майи соли 2015 бо ташаббуси Шӯрои ВАО ва ИЖТ дар «Кохи Ваҳдат» доир гардида буд, Ҳикматулло Сайфуллозода — сармуҳаррири нашрияи «Наҷот»-и ҲНИТ, бо як эҳсосоти ғайри қобили қабул иброз дошта буд, ки «То як ҷангу хунрезии дигар нашавад…». Агар сармуҳаррири як нашрия чунин андеша дорад, вой бар ҳоли аъзои қатории ин ҳизб. Ҳол он ки дар он нишаст аъзои Шӯрои ВАО ҳам ширкат доштанд ва шояд ин ҳарфҳоро шунида бошанд.

Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу оромиш, ободию фаровонӣ аз ҷумлаи неъматҳоеанд, ки осону арзон ба даст наомадаанд. Ҳар нафаре, ки шоҳиди ҷанги шаҳрвандӣ, зулму истибдоди гурӯҳҳои силоҳбадаст, қаҳтию гуруснагӣ, ғарибию дарбадарӣ, марги азизону пайвандон гардидааст, ба дурустӣ ба дарки ин арзишҳо мерасад. Ба нархи ҷон, сарсупурдагӣ, дарди дил, меҳнати пурмашаққат ва иродатмандӣ кишвар ба ҳоли рушди имрӯзии худ расидааст. Аксари кулли мардуми Тоҷикистон ин ҳақиқатро медонанд ва посдори нигаҳбони ҳамин саодат хоҳанд буд. Ҳамон гуна, ки Фирдавсии бузург фармуда:

 

Ҳама cap ба cap тан ба куштан диҳем.

Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.

 

Ҳодисаҳои охири марбут ба хиёнати теъдоде аз бандаҳои ношукр ба Давлату миллат ва сарҷамъию ҳамраъйии тамоми мардуми Тоҷикистон алайҳи ин гурӯҳи исёнгар бори дигар собит намуд, ки ҳеҷ як ҷавонмард намегузорад, ки Кохи сулҳу суботи Ватан газанд биёбад.

Ҳар амале, ки  ба рехтани хуни  инсонҳо  ва марги онҳо мегардад, сазовори на танҳо шадидан маҳкум кардан аст, балки зарур аст, ки омилони он тибқи қонун ба ҷазои аъмоли худ бирасанд. Вагарна, дар ҷомеа фазои ҳамдигарбадбинӣ, тарсу ваҳшат, қонуншиканиҳо боло гирифта, оқибатҳои фоҷиабореро дар пай хоҳанд дошт.

Ҳамлаи собиқ муовини вазири мудофиаи мамлакат Абдуҳалим Назарзода ва онҳое, ки ӯро ҳамроҳӣ кардаанд, албатта, аз ҷумлаи чунин амалҳои бад аст ва онро мо маҳкум менамоем.

Дар банди 1-уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» омадааст: «Ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунандешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон усули фаъолияти ВАО ва журналистон дар Тоҷикистон мебошад. Мутаассифона, раиси Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев бо шитобкорӣ дар қазовати қазияи мазкур ва пахши изҳороташ, инчунин ба инобат нагирифтани андешаҳои дигар аъзои Шӯро, муқаррароти ҳамин банди «Меъёрҳо…»-ро нодида гирифтааст. Ҷаноби Қаршибоев бо ирсоли матни изҳорот дар соати 11:11 посухи зудҳангоми аъзои Шӯроро то соати 12 талаб кардааст. Ба андешаи мо, чун аз номи Шӯрои ВАО изҳорот пешниҳод мешавад, онро бояд тамоми аъзо ба баррасии ҳайатҳои эҷодии ВАО-и худ гирифта, пас аз муҳокима мавқеи худро муайян намоянд. Чунин саросемагӣ ва аз номи аксарият, бе дарёфти розигии аҳли эҷоде, ки шомили Шӯрои ВАО ҳастанд, нашр кардани изҳорот хилофи рукнҳои ҷомеаи демократӣ ва нақзи ҳуқуқи аъзои Шӯрои ВАО мебошад.

Қобили зикр аст, ки ВАО-и ҷумҳурӣ ва хориҷӣ оид ба қазияи моҳи сентябр пайваста иттилоъ медоданд, гузоришҳо ба нашр мерасониданд. Ҳамарӯза аз тариқи шабакаҳои марказии телевизионӣ, агентиҳои хабарӣ ва дигар ВАО-и электронӣ оид ба рӯйдодҳои дараи Ромит ахбори лозимӣ пахш мегардид ва маҳдудияте дар дастрасии ахбори расмиро мушоҳида накардаем. Тамоми мардум, ҳатто сокинони гӯшаю канорҳои дурдасти кишвар, тавассути Шабакаи интернет ҳар лаҳза метавонистанд, ки бо рӯйдодҳои ҷорӣ шинос шаванд, Маркази матбуотии ВКД ва робитаҳои ҷамъиятии КДАМ мунтазам гузоришҳои муфассал пешниҳод мекарданд. Суоле пеш меояд, ки зери мафҳуми «маҳдудият дар дастрасии ахбор» муҳтарам Н. Қаршибоев чиро дар назар дошта бошад?

Вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт намудан ва ҳақиқати ҳолро равшан кардан аст. Онҳо низ ба хотири таъмини амнияту осудагии ҷомеа талош доранд.

Ман гумон мекунам, ки дар робита ба ин ҳодиса набояд саросемавор хулосабарорӣ кунем. Мо — рӯзноманигорон бояд бештару пештар аз ҳама барои мусоидат дар таҳкими сулҳу суботи кишвар, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ кӯшиш ба харҷ диҳем. Аз ин рӯ, бо муҳтавои изҳороти Шӯрои ВАО розӣ нестам.

Ҳайати эҷодии рӯзномаи «Хатлон» ҳамватанонро даъват мекунад, ки нисбат ба арзишҳои миллӣ, истиқлолият ва ваҳдату амнияти пойдор, тақдири имрӯзу фардои ин марзу бум ва осоиштагии хонадону домони поки хоҳарону модарон бетараф набошанд. Бояд ба қадри давлати милливу истиқлолияти он расид, якпорчагии мамлакат ва ваҳдати бо нархи ҳазорон ҷон харидаи миллиро пос дошт ва ин неъматҳоро бояд аз дастдарозии ҳама гуна бадхоҳони миллат ҳифз кард.

Шоире барҳақ фармудааст:

 

Ҳар чӣ дар олам харобӣ рух диҳад,

Чун бубинӣ аз нифоқ аст, аз нифоқ.

В-он  чӣ таъмири харобиҳо кунад,

Дар ҳақиқат иттифоқ аст, иттифоқ.

 

Бо эҳтиром,

Асалмо Сафарова,

узви Шӯрои ВАО,

сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон»