Баҳорон баробари фасли шукуфтанҳою рустанҳо буданаш, айёми ёдбуди рафтагон низ мебошад.
- Дӯстон вақти гули хор маро ёд кунед, — гуфтани устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ низ ишорае ба фасли ёдбуд будани баҳор аст.
Дар ҳамин айёми гулшукуфт, дар утоқи корӣ бо ҳавас аз тиреза ба чеҳраи навбаҳорон назар меандохтаму аз рақсидани шохаи пургул дар ҳавои оҳанги дилнишини мавсими баҳорӣ лаззат мебурдам, ки овозхон Неъмат Исматӣ вориди утоқи корӣ шуд. Якдигарро бо фарорасии баҳор шодбош гуфтем. Ӯ чун ҳарвақта болидахотир менамуд. Байтҳои зеринро аз шеъри «Андалеби кӯҳсор», ки 35 сол муқаддам бахшида ба овозхони маъруфи тоҷик Зафар Нозим эҷод карда будам, қироат кард:
Он шабе савту сурудат хуш танинандоз буд,
Ҳар навоят созу ҳар созат ҷаҳони роз буд.
Дар гумонам бе майи ноб аҳли маҳфил маст шуд,
Ҳар касе к-ӯ шавқу сӯзе дошт, дар дил маст шуд.
Идомаи шеърро якҷоя хондем ва ҳамроҳи Неъмат Исматӣ, ки аз ҷумлаи ҳаводорони Зафар Нозим аст ва зиёда аз 30 сол бо ӯ рафтуомад дошт, лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти ин овозхони нотакрорро ёдовар шудем.
Зафар Нозим овози гуворои худодод ва дониши мукаммалу ғурури ориёӣ дошт. Донандаи беҳамтои адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик буд. Шеърҳои баландмазмунро бо оҳанги баландпояю садои баландпарвоз мехонд. Овозаш аз қаъри дил мебаромад ва ба умқи дилҳо менишаст. Ин буд, ки аз солҳои аввали ба арсаи санъат қадам ниҳоданаш то охирин лаҳзаи ҳаёт гули сари сабади маъракаҳо буд.
Аснои суҳбату ёдоварӣ аз ин чеҳраи дурахшони санъат ба хотирам омад, ки дар чунин як рӯзи офтобии шукуфону гулафшони баҳорӣ ҳамроҳи яке аз шогирдонаш, овозхони шодравон Амирбек Анҷиров ба аёдати устод Зафар Нозим, ки бемор буд, рафта будем. Фармуд, ки болои кат дастурхон биороянд. Аз дидани мо хеле шод шуд. Суҳбат бо ин нобиғаи санъат чанд соат идома ёфт.
Шодравон Амирбек Анҷиров оид ба «Достони об»-и банда, ки чанде пеш чоп шуда буд, изҳори ақида намуд ва аз устод Зафар Нозим пурсид, ки оё ин китоб ба дасташ расидааст?
-Оре, китоб ба дастам расидааст, онро хондаам ва ҳамон новадони заррини ҳафтгазаи шоҳи Дарбандро, ки дар достон тасвир шудааст, бо чашмони худ дидаам. Сипас, суханонашро идома дода, гуфт:
- Ҳангоми сафар ба шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) моро ба тамошои Эрмитажи давлатӣ бурданд. Вақти тамошои нигораҳо моро ба новадони заррине шинос карданд ва изҳор намуданд, ки он аз ҳавзи Навдони вилояти Ғарми Тоҷикистон ёфт шудааст. Чун ин ҳарфҳоро шунидам, беихтиёр Ҳавзи Навдони назди харобаҳои шаҳри Дарбанд ёдам омад. Навиштаҷоти болои новадонро хондам. Он ҷо низ чунин навишта шуда буд.
Зафар Нозим овозхони соҳибмактаб, соҳибэҳтирому соҳибдилу соҳибназаре буд. Бисёр сурудҳои Зафар Нозимро маъруфтарин овозхонҳои кишварҳои ҳамзабон месароянд. Ӯ дар сар то сари мамолики форсизабон ва берун аз он мухлисони зиёд дорад.
Сабаби ин маҳбубият дидадароӣ, овози баландпарвоз ва одамгарию хиради волои ӯ буд.
Зафар Нозим чун ба саҳна ворид мешуд, бинанда тасаввур мекард, ки шодию сурур пешопеши ӯ рақскунон вориди толор мегарданд. Ӯ чунон табиию заминӣ замзама мекард, ки манзараҳои дар шеър тасвиршуда зинда пеши назар ҷилвагар мегаштанд. Ин манзара махсусан ҳангоми замзамаи суруди машҳури «Эй сорбон» баръалост.
Зафар Нозим Акашариф Ҷӯраев ва Бадриддини Ғармиро устодони худ мешуморид. Ба ҳама ҳунармандони машҳур эҳтиром дошт.
Дар поёни суҳбат Неъмат Исматӣ як сурати дар вопасин рӯзҳои ҳаёти Зафар Нозим гирифташударо тақдим намуд.
Дар он суҳбат устод Зафар Нозим чанд бор ин байтҳоро замзама намуд:
Чу рахти хеш барбастем аз ин хок,
Ҳама гуфтанд, бо мо ошно буд.
Валекин кас надонист ин мусофир,
Чӣ гуфту бо кӣ гуфту аз куҷо буд.
Ин вопасин чаҳчаҳаи андалеби хушадои бӯстони санъати тоҷик буд.
Ҷумъа ҚУВВАТ, рӯзноманигор