Аз таъсис ёфтани Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ 100 сол сипарӣ шуд. Он соли 1917 дар Гарнизони ҳарбии шаҳри Хуҷанд таъсис ёфт ва то имрӯз фаъолияти пурсамар дорад.
Дар хотир дорам, ки рӯзе камаш 2-3 маротиба вориди толорҳои он мешудам. Пойдевори асосии донишу малакаи ман дар он эъмор гардид. Баъзан аз соати 8.00 то соати 20.00 дар толори хониш машғули донишомӯзӣ будем. Бо кормандони китобхона, аз посбону фаррош то китобдору мудири шуъба ва директор шинос ҳастам. Ҳамчун хонандаи одӣ ягон рӯзамро бе китобхона тасаввур карда наметавонам.
Китобхона бо 11 шуъбаи хизматрасонӣ, 9 шуъбаи ёрирасон, 9 филиал дар хизмати мардум аст. Дар фонди китобхона 470000 нусха китоб, рисола ва нашрияи ахборӣ, аз ҷумла, 165000 китоби электронӣ мавҷуд мебошад.
Дар таърихи китобхона номи собиқадорони соҳа, кормандони имрӯза ва фаъолон — А. Маҳкамов, С.Абдуллоев, А.Аббосов, Бибигул Аҳмадиева, А. Ремезова, Обида Неъматова, Муҳаббат Мирсаидова, Абдусаттор Пулатов, Инобатхон Хусаинова, Н.Шукурова, А.Шарипов, Нодирҷон Солиҷонов (вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм), Алиҷон Бобоев, М. Дамонова, Абдуғаффор Маллаев, Маҳбубахон Самадова, А.Маҷидов, Волидахон Султонова, М. Умарова, Г.Шаропова, Хайринисо Зарифова, Шафоатхон Мирзоева, М. Ҳусейнова, М. Раҷабова, Ҳ. Бойпочоева ва дигарон сабт гардидааст.
Дар қатори китобдорони варзида Марҳабохон Раҷабова мавқеи махсус дорад. Ӯ хатмкардаи факултети китобдорӣ ва феҳрастшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, 37 сол мешавад, ки фаъолият мекунад.
Аз ҳамкорӣ ва мушоҳидаҳо аён гардид, ки ин зани меҳнатдӯсту покизакор вазифаи худро хуб медонад, онро софдилона иҷро менамояд ва дорои қобилияти хуби ташаббускорию ташкилотчигӣ мебошад. Ин аст, ки супоришҳоро сари вақт ва бо ҳисси масъулиятшиносӣ иҷро менамояд. Ӯ барои хизматҳои софдилона дар тарғиби китоб ва китобшиносӣ дар байни хонандагон саҳми калон дорад. Умуман, фаъолияти Марҳабохон Раҷабова барои китобдорон намунаи ибрат аст.
- Боиси ифтихор аст, ки ҷаҳониён миллати моро, пеш аз ҳама, бо китобу хомааш мешиносанд. Маҳз ҳамин асолат мову шуморо водор месозад, ки дар шароити имрӯза ба масъалаҳои мактабу маориф диққати ҷиддӣ дода, ба сатҳи баланди таълиму тарбияи шогирдон муваффақ шавем, то оянда низ чунин ворисони номбардори миллатамонро ба воя расонида, рушди босуръату устувори илму донишро дар кишвар таъмин созем, — қайднамуда буданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ин суханони Пешвои миллатро аҳли китобхона сармашқи фаъолият қарор додаанд.
Сафар Эркаев,
дотсенти ДДХ ба номи
Б. Ғафуров