Тайи се моҳи охир зуҳури офатҳои табиӣ дар гӯшаҳои гуногуни дунё зиёд ба назар расид, ки намунаи онро мо дар Тоҷикистон низ дидем. Баҳори соли 2023 дар кишварамон камбориш буд. Имсол бошад, ҳар ҳафта бориш ба қайд гирифта шуд. Илова бар ин, миқдору интенсивнокии баланди боришот боиси афзоиши селу обхезӣ дар бисёр ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла Фархор, Рӯдакӣ, Муъминобод, Хуросон, шаҳрҳои Ҳисору Ваҳдат, гардид. Чандин километр роҳу кӯпрукҳо вайрон шуда, як қатор манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти хизматрасонӣ хароб шуданд. Маблағи зарари расида миллионҳо долларро ташкил медиҳад. Ин гуна «инҷиқиҳои обу ҳаво» дар дигар кишварҳо низ ба қайд гирифта шуданд.
Мувофиқи иттилои сомонаи «Central Asia» то 5-уми майи соли равон дар Бразилия 56 нафар бинобар обхезӣ ба ҳалокат расида, 67 кас бе ному нишон гардиданд. Аз 29-уми апрел то 5-уми май дар ин кишвар бинобар боришоти зиёд 350 000 нафар манзилашонро тарк намуданд, зеро дар 260 маҳали аҳолинишин обу лойқа ба манзили истиқоматии сокинон даромад. Қариб 500 ҳазор хонавода бе об ва зиёда аз 300 ҳазор хонавода бе неруи барқ монданд.
Чунин боришоти пурофат дар Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Уммон ва Покистон низ ба қайд гирифта шуд. Моҳи июн дар шаҳри Норилски Федератсияи Россия ҳатто барф борида, сардии ҳаво 1 дараҷаро ташкил дод.
Дар қисмати дигари қитъаи Осиё бошад, гармии аз меъёр зиёд боиси ҳалокати одамон гардид. Чунончӣ, 21-уми апрели соли равон дар шарқи Ҳиндустон ҳарорати ҳаво ба 46 дараҷа расид. Мувофиқи иттилои нашрияи «The Hindustan Times», дар се моҳи охир гармии аз меъёр зиёд боиси марги 56 нафар шуд, ки аз онҳо 46 нафарашон дар моҳи май аз дунё гузаштанд. Дар иёлоти Мадҳя Прадеш — 6584, Раҷастан — 4357, Андҳра Прадеш — 3239, Чҳаттисгарҳ — 2418, Ҷаркҳанд — 2077 ва Орисса 1998 нафар бинобар офтобзанӣ бистарӣ шуданд. Гармии ҳаво дар шаҳри Деҳлӣ ба 52,3 дараҷа расид, ки ин нишондиҳандаи рекордӣ ба шумор меравад.
Дар Федератсияи Россия гармии ҳаво боиси афзоиши сӯхтор дар ҷангалҳо гардид. Чунончӣ, дар кишвари Забайкале ва Бурятия бинобар афзудани сӯхтори ҷангал вазъи фавқулода эълон шуд. Зеро дар 275 ҳазор гектар 516 сӯхтор сар зад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шаш маротиба (600 фоиз) зиёд мебошад. Бо мақсади бештар «даъват кардан»-и борон тавассути ҳавопаймои «Ан-26» ба ҷониби абрҳо 254 пиропатрони дорои йодиди нуқра парронда шуд. Барои рафъи сӯхтор танҳо дар Бурятия 1600 корманд ва 200 нақлиёти рӯизаминӣ сафарбар гардид.
Дар кишвари Краснодари Федератсияи Россия низ 5-уми июн гармии рекордӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин ҷо гармии ҳаво +35 дараҷаро ташкил дод. Баландтарин дараҷаи ҳаво дар ин рӯз соли 1966 (+34,2 дараҷа) ба қайд гирифта шуда буд. Ин гуна мавҷи ҳавои гарм соли 2023 дар аксар мамолики Аврупо низ рух дода, боиси хушксолӣ ва камшавии ҳосили зироатҳо гардид.
Мувофиқи ҳисоби коршиносон, гармои аз меъёр зиёд боиси хушксолӣ, камҳосилӣ ва авҷгирии бемориҳо гашта, ба иқтисоди кишварҳо зарари зиёд мерасонад. Тибқи иттилои мудири лабораторияи Институти банақшагирии хоҷагии халқи Федератсияи Россия Борис Ревич талафоти иқтисодӣ аз гармо дар соли 2010, ки ба шаҳри Москва омада буд, 9 миллиард долларро ташкил дод. Илова бар ин, ҳамон сол дар Федератсияи Россия 54 ҳазор нафар аз гармии ногаҳонии ҳаво ҷон бохтанд.
Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, солҳои 2000-2021 фавт дар натиҷаи гармии ғайримуқаррарӣ миёни афроди аз 65-сола боло 85 дарсад зиёд гардидааст.
Мувофиқи маълумоти Бюрои миллии таҳқиқоти иқтисодии ИМА, талафоти глобалии иқтисодии аз тағйирёбии иқлим ба сайёра расида нисбат ба пешгӯиҳо шаш маротиба бештар аст. Иқтисодчиёни Донишгоҳи Гарвард ва Донишгоҳи Шимолу Ғарбӣ изҳор намуданд, ки «агар ҷаҳон бо роҳи имрӯзаи истифода ва вайронкунии сайёра рафтан гирад, ин боиси боз ҳам бештар тағйирёбии иқлим мегардад, ки оқибатҳои харобиовари он аз ҷангҳои бузург ҳам зиёдтар аст».
Ба гуфтаи муҳаққиқон агар тағйирёбии иқлим дар 50 соли охир ба ин дараҷа намебуд, имрӯз иқтидори харидкунии сокинони сайёра 37 дарсад бештар мешуд, ки ин ҳаёти одамонро ба самти мусбат тағйир медод.
Муҳаққиқон тахмин мекунанд, ки бо суръати кунунии ифлосшавии ҳавои сайёра мумкин аст дар даҳ соли оянда кураи Замин 1,5 дараҷа гарм шавад. Сабаби гармшавии иқлим дар он аст, ки дар аксар кишварҳо то ҳол қисми зиёди истеҳсоли барқ ба неругоҳҳои ҳароратии бо истифода аз ангиштсанг, маҳсулоти нефтӣ ва газ коркунанда рост меояд. Аз ин рӯ, гузаштан ба «энергияи сабз» талаботи давр ва масъалаи муҳимтарини тамоми кишварҳост.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2-юми декабри соли 2023 дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР-28) чунин таъкид намуданд: «Имрӯз тағйирёбии иқлим дар робита ба истифодаи захираҳои табиӣ ва таъмини фаъолияти бемайлони соҳаҳои гуногуни ҳаёти инсон аз мо муносибати дастҷамъона ва мукаммалро тақозо менамояд».
Тоҷикистон яке аз кишварҳои аз тағйирёбии иқлим осебпазир ба шумор меравад. Дар тӯли 30 соли охир дар кишвари мо аз 14000 дар натиҷаи гармшавии иқлим беш аз 1000 пирях об шудааст. Пешвои миллат нигаронӣ карданд, ки идомаи эҳтимолии раванди босуръат обшавии пирях метавонад дар оянда ба захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонад. Бо пешниҳоди Тоҷикистон СММ соли 2025-ро «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон намуд.
Инчунин, бо мақсади ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» қабул гардида, вобаста ба он нақшаи чорабиниҳо тасдиқ ва амалӣ гашта истодаанд. Ҳоло дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази омӯзиши пиряхҳо фаъолият мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини рушди «энергияи сабз» ва кам кардани партови газҳои гулхонаӣ яке аз кишварҳои пешсаф ба шумор меравад. Чунончӣ, 98 дарсади истеҳсоли неруи барқи ҷумҳурӣ ба соҳаи гидроэнергетика рост меояд, ки он барқароршаванда аст.
Алҳол дар мамлакат қисми зиёди ихроҷи газҳои гулхонаӣ ба соҳаи нақлиёт рост меояд. Бо мақсади кам кардани ихроҷи газҳои гулхонаии аз нақлиёти бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда ҳоло дар кишвар раванди истифодабарии нақлиёти барқӣ вусъат ёфта истодааст. Аз ҷумла, бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тасмим гирифта шудааст, ки то соли 2026 тамоми нақлиёти мусофиркаши таксии пойтахт ба нақлиёти барқӣ гузаронида шавад. Илова бар ин, ҳоло 20 электробус дар кӯчаҳои пойтахт мусофир мекашонанд ва оянда теъдоди чунин нақлиёти аз лиҳози экологӣ тоза дар кишвар зиёд мешавад.
Роҳи дигари кам намудани ихроҷи газҳои гулхонаӣ зиёд кардани масоҳати дарахтзор мебошад. Мувофиқи ҳисоби коршиносон, васеъ шудани масоҳати шаҳрҳо боиси 1,2 дараҷа гармшавии ҳаво то соли 2050 хоҳад гашт. Кабудизоркунии 50 дарсади ҳудуди шаҳрҳо бошад, боиси ҳамагӣ 0,7 дараҷа гармшавии ҳаво мегардад.
Аз ин рӯ, тибқи «Барномаи «Мамлакати сабз» барои солҳои 2023 — 2027» дар мамлакат майдони ҷангалзор, боғу токзор ва минтақаҳои «сабз» афзун хоҳад шуд. Танҳо дар давраи солҳои 2023-2025 дар майдони беш аз 4000 гектар 65 миллион бех дарахту буттаҳои гуногун шинонида мешавад.
Дар баробари ин, ҳар яки моро низ зарур аст, ки дар ин кори хайр ҳисса гузорем. Яъне, дар ҷойҳои холӣ дарахту буттаҳо шинонида нигоҳубин кунем, то майдонҳои «сабз»-и кишварамон зиёд шаванд. Боғу токзор, ҷангал ва гулгаштҳоро аз нобуду хушк ва поймолшавӣ ҳифз намоем.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»