Аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба идораи рӯзномаи «Халқ овози» — нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хушхабар расид. Дар он гуфта мешавад, ки сармуҳаррири рӯзнома Ёқубҷон Абдуманнонзода ғолиби озмуни байналмилалии «Килки тиллоӣ» («Олтин қалам») — и Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон дар бахши «Беҳтарин мақолаи журналистони хориҷӣ дар бораи Ӯзбекистон» дониста шуд.
Дар озмун рӯзноманигорон аз бисёр кишварҳои Аврупо ва Осиё иштирок кардаанд. Озмуни «Килки тиллоӣ» («Олтин қалам») ҳар сол аз ҷониби Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон доир мегардад. Мақсади асосӣ аз баргузории он инъикоси мавзӯъҳои марбут ба дӯстиву ҳамҷавории Ӯзбекистон бо кишварҳои хориҷа мебошад.
Ёқубҷон Абдуманонзода барои силсиламақолаҳо оид ба мавзӯи муносибатҳои дӯстиву шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ин ҷоиза сарфароз гардидааст.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»