Вокуниш

Ёрии ҳуқуқии ройгон кафолати давлатист ва он тавассути ниҳоди адвокатура амалӣ гардонида мешавад

№152 -153 (3789 - 3790) 23.12.2017

Қаюм Юсупов, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал — демократи Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон, ки ҳар сол 10 декабр таҷлил мегардад, аз вазъи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар ҷумҳурӣ изҳори ташвиш намуда, аз адвокатҳо ва дигар ҳуқуқшиносони кишвар даъватҳои муштарак ба амал оварданд. Аз ҷумла, дар сомонаи Радиои Озодӣ омадааст: «Абдуқаюм Юсупов, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамкасбони худ ва ҳуқуқшиносони ташкилотҳои ҳуқуқдифоъкунандаи мамлакатро даъват намудааст, ки 8 декабр ба аҳолӣ ёрии ҳуқуқии ройгон  расонанд. Ҳангоми суҳбат ба Радиои Озодӣ ӯ гуфтааст: «Бис­ёрии сокинон, алалхусус одамони музди меҳнаташон паст, наметавонанд машварати ҳуқуқии ба онҳо муҳимро гиранд. Бинобар ин, ман ҳамкасбон — адвокатҳо, кормандони контораҳои ҳуқуқӣ ва ҳуқуқшиносони ташкилотҳои ҳуқуқдифоъкунандаи Тоҷикистонро даъват намудам, ки ба кумаки онҳое биёянд, ки ба ёрии ҳуқуқӣ ниёз доранд». Ба гуфти ӯ, агар дар ин рӯз ҳар як адвокат 2 мизоҷро қабул намояд, ёрии ҳуқуқи ройгонро зиёда аз ҳазор сокини мамлакат хоҳад гирифт.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал — демократи Тоҷикистон ба адвокати амалкунанда гуфт, ки чанд маротиба бо ҳолатҳое рӯ ба рӯ шудааст, ки ёрии ҳуқуқии ройгон расонидан амри воқеӣ буд.

- Бисёр одамон наметавонанд ҳақ будани худро бинобар надош­тани маблағ исбот кунанд ва имкон надоранд, ки адвокати таҷрибадореро кироя намоянд. Ман шахсан ҳар рӯз ба яке аз мизоҷон ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонам. Ман даъвати Юсуповро дастгирӣ менамоям ва чунин меҳисобам, ки беҳтар мебуд, агар адвокатҳо чунин ёриро дар як ҳафта як бор ё лоақал дар як моҳ як бор  мерасониданд, — мегӯяд ӯ.

Аз муҳтавои ин  мусоҳибаҳо метавон чунин хулоса намуд, ки гӯё ба мардуми Тоҷикистон умуман ёрии ҳуқуқии ройгон расонида намешавад ва ҳазорҳо нафар, бинобар камбизоат будан, дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқии ройгонро надоранд. Гӯё адвокатҳои Тоҷикистон ғамхору меҳрубони халқ набуда, масъулияти касбӣ надоранд ва наметавонанд барои хизмат ба халқ, кишвар ва давлат тасмим гиранд, ба ҷуз адвокат Абдуқаюм Юсупов ва раиси Ҳизби сотсиал — демократи Тоҷикистону «адвокати амалкунанда» Раҳматилло Зоиров.

Аммо воқеият дигар аст. Ман мехоҳам онро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ асоснок намуда, манзури сокинони кишвар ва берун аз он гардонам, ки дар шинохти ин шахсиятҳо ва даъвояшон қазоват кунанд, зеро гуфтор, кирдор ва пиндори ҳар кас бозгӯкунандаи сурат ва сирати ӯст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар моддаи 92 эълон медорад: «Ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишотӣ ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад. Тарзи ташкил ва тартиби  фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои ёрии ҳуқиқиро қонун муайян мекунад».

Чунонки қаблан хабар дода будем, 18 марти соли 2015 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба имзо расонида шуд. Тибқи он, аввалин маротиба дар таърихи адвокатураи тоҷик 18 сентябри соли 2015 Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ШНТҶ таъсис ёфт.

Қонуни мазкур ба он хотир қабул шуд, ки расонидани ёрии ҳуқуқӣ, аз он ҷумла расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрванд  кафолат дода шавад. Чунин кафолат маҳз тавассути ниҳоди адвокатура амалӣ гардонида мешавад.

Дар моддаи 37 — и қонун омадааст: «Иттифоқи адвокатҳо бо мақсади таъмини ёрии баландихтисоси ҳуқуқӣ, дастрас будани он барои аҳолӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагӣ ва ҳимояи манфиатҳои адвокатҳо дар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, назорати тайёрии касбии адвокатҳо, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо ва аз ҷониби онҳо риоя гардидани Кодекси одоби касбии адвокатҳо ташкил карда мешавад».

Дар моддаи 10 бошад, гуфта шудааст: «Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти касбӣ адвокат уҳдадор аст:

- талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иштироки ҳатмии адвокат ба сифати ҳимоятгар дар мурофиаи судии ҷиноятӣ дар  асоси қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд иҷро намояд, инчунин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ёрии ҳуқуқии ройгон расонад».

Моддаи 32 — юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» махсус «Расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон» ном дошта, аз чунин муқаррарот иборат аст:

«1. Узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони зерин ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонад:

- ба даъвогарон дар судҳои марҳилаи якум ҳангоми баррасии парвандаҳо  оид ба ситонидани алимент ва барқарор кардан ба кор;

- ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» зарар дидаанд, маъюбон ва шахсоне, ки саробони худро дар давраи муқовимати сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даст додаанд ва гурезаҳо;

- ба шаҳрвандон аз рӯи шикоят оид ба роҳ додани ғалат дар рӯйхати интихобкунандагон;

- ба вакилони мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми додани маслиҳат оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ, ки бо иҷрои ваколатҳои вакилии онҳо алоқаманданд;

- ба ноболиғон, агар васӣ ё парастор надошта бошанд;

- ба даъватшавандаҳо ба хизмати ҳарбӣ ва хизматчиёни ҳарбии муҳлатнок;

- ба шаҳрвандони камбизоате, ки даромади умумиашон барои ҳар як аъзои оила дар як моҳ камтар аз як  нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад;

- дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

2. Номгӯйи ҳуҷҷатҳоеро, ки барои гирифтани ёрии ҳуқуқии ройгон зарур аст, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад».

Ҳамин тариқ, аз рӯйи меъёрҳои ҳуқуқии нишондодашудаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла ёрии ҳуқуқии ройгон, кафолати давлатӣ ба ҳисоб рафта, гуногуншакл ва фарогири аксарияти қишрҳои ҷомеа, бахусус камбизоатон мебошад, ки тавассути ниҳоди адвокатура амалӣ мегардад ва уҳдадории касбии адвокатҳо ба ҳисоб меравад. Ғайр аз ин, барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои касбӣ адвокат тибқи тартиби пешбининамудаи қонуни мазкур ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Бо тамоми масъулият изҳор менамоям, ки талаботи қонуни мазкур аз ҷониби адвокатҳо пурра амалӣ карда мешавад. Айни замон, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон қабул шудааст, ки он аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди иҷро қарор дорад. Адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳ аз рӯйи садҳо парвандаи ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва ғайра ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонанд. Ба илова, адвокатҳо ҳар ҳафта, рӯзҳои чоршанбе аз тариқи мус­тақим дар шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» тавассути барномаи «Ҳуқуқи шумо» ба суол ва муроҷиатҳои сокинони мамлакат ҷавобу маслиҳатҳои ҳуқуқӣ медиҳанд, ки низ ёрии ҳуқуқии ройгон маҳсуб меёбад. Аз рӯзи таъсисёбии Иттифоқи адвокатҳо то ба имрӯз ҳолате вуҷуд надорад, ки ягон нафар ба ташкилоти адвокатие муроҷиат карда бошаду ба ӯ расонидани ёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла ёрии ҳуқуқии ройгонро рад карда бошанд. Қ. Юсупов ва Р. Зоиров агар далеле дошта бошанд, марҳамат, ба мо пешниҳод намоянд.

Маҷбурам, қайд намоям, ки адвокат Қ. Юсупов дар соли 2017 аз рӯйи қарори мақомоти тафтишот ва ё таъиноти суд бо парвандаҳои ҷиноятӣ ба ягон сокини ҷумҳурӣ ёрии ҳуқуқии ройгон нарасонидааст.

Ба илова, ӯ моҳи июли соли 2017 барои иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ дар Анҷумани адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз узвияти раёсати Иттифоқи адвокатҳо бозхонд карда шуд.

Оё арзанда аст адвокате, ки фаъолияташ барои ҷомеаи адвокатҳо намунаи иборат нест, даъвогару даъватгари дигарон бошад?

Ҳамчунин, ба раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зоиров — «шахси мас­ъулиятшинос, донову кордида, меҳрубону маслиҳатчии як мизоҷ дар як рӯз», шоиста нест, ки  дар бораи фаъолияти як ниҳоди бузург рӯякӣ ва сатҳӣ баҳогузорӣ карда, худро ба мардум ғамхору дилсӯз нишон дода, ҳамчун «адвокати амалкунанда» муаррифӣ кунад.

Ҳол он ки он кас адвокат ва ба узвияти Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил нес­танд. Ҳамчунин, ба маълумоти ӯ мерасонам, ки тибқи талаботи моддаи 7 — и қонуни зикршуда дар номи ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ истифодабарии ислоҳоти «адвокатура», «адвокат» ва «маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ» ё ибораҳое, ки дар таркибашон ин истилоҳот мавҷуд аст, танҳо аз ҷониби Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти минтақавии он, адвокатҳо ва ташкилотҳои адвокатие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонуни мазкур таъсис ёфтаанд, роҳ дода мешавад. Истифода бурдани ин истилоҳот дар номи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ манъ аст.

Дар охир, ба ҳайси раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон медорам: Иттифоқи адвокатҳо талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ва дигар санадҳои ҳуқуқиро ба инобат гирифта, барои баланд бардоштани обрӯю эътибори ниҳод ва рушду такмили фаъолияти адвокатӣ самтҳои фаъолиятро бо дарназардошти арзишҳои олии миллӣ, касбӣ ва инсонӣ муайян кардааст, ки аз ҳама афзалу муҳимтаринаш расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба мардуми шарифи кишвар мебошад.

Саидбек НУРИДДИНОВ,

раиси Иттифоқи адвокатҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон