Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941- 1945) ба хотири каме ором кардани асаб ба ҷанговарони шӯравӣ тамоку («махорка») медоданд. Ба ин восита касоне ки ба тамоку алоқа надоштанд, ба он дилбастагӣ пайдо карданд. Соли 1953 се олими соҳаи тибби Англия ҳисоботеро нашр намуданд, ки дар он алоқамандӣ миёни тамокукашӣ ва пайдошавии саратони шуш исбот шуда буд. Ибтидои солҳои 60-ум хулосаи олимони англис дар ИМА ва Япония дарҷ гардид. Ин се кишвар дар сатҳи ҳукуматӣ фаъолона ба маъракаи мубориза бар зидди тамокукашӣ шурӯъ намуданд. Дар натиҷа, тайи 50 сол дар ин мамлакатҳо теъдоди тамокукашҳо ду маротиба кам шуд. Аммо дар ИҶШС вазъият ҳамон тавр боқӣ монд.
Аз ин таҳлил маълум мешавад, ки нақши баргузории чорабиниҳои таблиғотӣ дар камшавии теъдоди тамокукашон муҳим аст.
Оғози соли равон дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» қабул гардид. Он асосҳои ташкилию ҳуқуқии маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши маҳсулоти тамоку танзим менамояд. Дар моддаи 1- уми қонун мафҳуми «маҳсулоти тамоку» чунин шарҳ дода шудааст: «маҳсулоте, ки барои кашидан, хоидан, макидан, таги забон мондан ё бӯй кашидан пурра ва ё қисман аз баргҳои тамоку тайёр карда мешавад, аз ҷумла сигаретҳо бо дудполо (филтр), папирос, сигор, сигарила, тамокуи кашиданӣ, ҳама намуди тамокуи ғайрикашиданӣ, чилим, нос, инчунин сигори электронӣ, чилими электронӣ ва ҳама намуди воситаҳои электронии таъминкунандаи никотин».
Яке аз моддаҳои заҳрноке, ки дар таркиби тамоку мавҷуд аст, никотин мебошад. Маҳз ҳамин моддаи заҳрноки равғанмонанд боиси гирифторшавии тамокукашон ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла сактаи дил, сактаи майна ва саратон мегардад. Никотин рагҳои хунгузарро танг намуда, раванди гардиши хунро дар узвҳо вайрон месозад.
Дар Шотландия миёни мардони тамокукаши аз 35- сола боло пурсиш гузарониданд. Нисфи онҳо иқрор шуданд, ки гирифтори заъфи ҷинсӣ (импотенсия) гаштаанд.
Тамокукашӣ ба занон низ таъсири манфӣ расонида, боиси исқоти бармаҳал, безурётӣ, таваллуди тифли камвазн мегардад. Дар кишварҳои ғарбӣ, ки тамокукашӣ миёни занҳо нисбатан бештар аст, теъдоди гирифторони саратони шуш нисбат ба гирифторони саратони сина зиёд гардидааст. Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол дар ҷаҳон бо сабаби тамокукашӣ 4 миллиону 800 ҳазор нафар ба ҳалокат мерасанд. Агар тамокукашӣ бо чунин суръат идома ёбад, теъдоди аз таъсири никотин мефавтидагон то соли 2030 ба 10 миллион нафар дар як сол хоҳад расид.
Зарари тамокукаширо ба инобат гирифта, дар ҷаҳон тадбирҳои гуногун андешида мешавад. Аз ҷумла, ҳар сол 31 май ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку дар бисёр мамлакатҳо маъракаю маҳфилҳои таблиғотӣ баргузор мегарданд, ки ҳадаф таблиғи тарзи ҳаёти солим мебошад.
Моддаи 7- уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ба тарғиби зарари истифодаи маҳсулоти тамоку бахшида шудааст. Дар банди якуми он омадааст: «Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, варзиш, сайёҳӣ ва оид ба дин вазифадоранд тавассути воситаҳои ахбори омма, филмҳои таълимӣ, воситаҳои аёнӣ ва буклету расмҳо иттилоотонии аҳолиро оид ба зарари истифодаи маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон ва оқибатҳои ногувори он ба генофонди миллӣ мунтазам ба роҳ монанд».
Панҷоҳ сол пеш, вақте ки дар кишварҳои пешрафтаи ғарб мардони сарватманду маълумоти олидор тарзи ҳаёти солимро пеш гирифта, аз тамокукашӣ даст кашиданд, теъдоди гирифторони бемориҳои саратони шуш, сакта ва инсулт тадриҷан кам шуд. Истеҳсолкунандагони тамоку харидорони доимиро аз даст доданд. Бинобар ин, ширкатҳои истеҳсоли маҳсулоти тамоку занону ҷавонон ва наврасонро ба тамокукашӣ ҷалб намуданд. Бо маблағи ширкатҳои мазкур курткаҳои «Малборо», ботинкаву борхалтаҳои «Кэмел», бейсболкаҳои «Вест» ва ғайра, ки тамғаҳои машҳури маҳсулоти тамоку ба шумор мераванд, ба фурӯш баромад. Теъдоди сигоркашон тадриҷан аз ҳисоби наврасону ҷавонон афзуд, зеро дар ин синну сол аксар ҷавонон оқибати ҳузнангези тамокукаширо дарк намекунанд. Ҳол он ки бо таъсири дуди тамоку кас ба бемории варами найчаҳои нафаскашии шуш (бронхит), нафастангӣ (астма), пӯсидани шуш (ателектаз), ҷамъшавии ҳавои зиёдатӣ дар шуш (амфизема) ва ғайра гирифор мешавад. Дар маҷмӯъ, заҳри тамоку ҷавононро бармаҳал пир мекунад.
Аз ин рӯ, дар банди дуюми моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» таъкид шудааст: «Фурӯши маҳсулоти тамоку дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсоне, ки ба синни 18 нарасидаанд, иҷозат дода намешавад. Дар сурати шубҳа пайдо кардани фурӯшанда оид ба синну соли шахсе, ки маҳсулоти тамокуро мехарад, фурӯшанда уҳдадор аст аз харидор ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синну соли ӯро талаб намояд. Агар аз ҷониби харидор ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синну соли ӯ пешниҳод нагардад, фурӯшанда фурӯхтани маҳсулоти тамокуро ба ӯ рад мекунад».
Ҳадафи қабули қонуни мазкур пешгирии оқибати ногувори маҳсулоти тамоку ба саломатии аҳолӣ ва генофонди миллӣ мебошад. Биноан, ҳар шахси солимфикрро зарур аст аз доираи қонун берун қадам нагузорад, оқибати ҳар як амалро андешида, сипас ба он иқдом намояд.
Саидаҳмад УСМОНЗОДА,
судяи Суди шаҳри Ҳисор