Бозтобе аз асари бунёдии «Забони миллат — ҳастии миллат»
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми забони тоҷикӣ ба сатҳи хеле баланд расидааст. Маҳз бо шарофати эҳтиром гузоштан ба забони тоҷикӣ, пос доштани арзишҳои он, вусъат додани нақши он дар ҳаёти ҷомеа, берун аз кишвар пойдор кардани он чун забони давлатӣ дар фаъолияти байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кори созмонҳои байналмилалӣ забони миллии мо тавону шукӯҳу шаҳомати пешинаи худро тадриҷан барқарор намудааст.
Боиси ифтихор аст, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон на танҳо пайваста мувозибу ғамхори забони адабии миллии мост, балки дар корбурди забони давлатӣ дар ҷанбаъҳои дохиливу хориҷии фаъолияти кишвар, ва муҳимтар аз ҳама, дар ҷодаи таҳқиқу омӯзиши забони милливу давлатии мо саҳми назаррас мегузорад ва китоби арзишманди «Забони миллат – ҳастии миллат» намунаи навтарин ва барҷастаи он аст. Дар ин асари бунёдӣ нақши забони тоҷикӣ дар сарнавишти давлату миллати мо хеле равшан ва барҷаста инъикос ёфтааст. Дар он забони тоҷикӣ дар радифи он омилҳое ҷой дода шудааст, ки моро аз сарнавишти талхи мардуми кишварҳои дигар, аз қабили Миср, Ироқ, Сурия наҷот додааст. «Дар раъси он омилҳои ҳастисоз забони тоҷикии форсии дарӣ қарор дошт, ки вуҷуди он гузаштаи халқҳои эрониро ба даврони исломии халқҳои Эронзамин бипайваст ва нагузошт, ки миёни ин ду марҳилаи аз нигоҳи ҷаҳоншиносии динӣ ба ҳам мухолиф фосила ва гусастагии маънавӣ пайдо шавад, ҳамон гуна гусастагие, ки муҷиби «араб» шудани мардуми кишварҳои дигар гардид». Дар ин мулоҳизарониҳои муаллиф он нукта низ ҷолиб аст, ки забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) дар замони истилои араб ва қабл аз он на танҳо воситаи муоширату муомилаи мардуми минтақаҳои гуногуни Эронзамин буд, балки пайвандгари ду марҳилаи бузурги фарҳангиву маънавии мардуми ориёнажоди ин минтақа гардид. Яъне, нақши ваҳдатофаринии забони тоҷикӣ на танҳо байни мардуми ин минтақаи бузург, балки байни ду давраи зиндагии мардуми тоҷик ва эронитабор муассир аст.
Шоҳиди он ҳастем, ки забони тоҷикӣ чун унсури асосии барпо сохтани давлат, ба вуҷуд овардану мустаҳкам сохтани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ хизмат кардааст. Дар асари мазкури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба нақши хонадони бузурги Сомониён, мақоми фардҳои бузурги миллат, аз қабили Рӯдакиву Абӯшакури Балхӣ, Дақиқиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Синову Абурайҳони Берунӣ, Балъамиву Байҳақӣ ва даҳҳо бузургони миллат ба ҳайси пуштибонони забони тоҷикӣ сухан меравад, ки забони модарии моро ба мақоми баланду мартабаи оламшумул расонидаанд. Аз ҷумла, дар асар доир ба ваҳдатофаринии забони тоҷикӣ чунин зикр шудааст: «Забони тоҷикӣ (форсӣ, дарсӣ)», ки мояи ифтихор ва василаи сарнавиштсозу ваҳдатофари қавмҳои эронинажод аст, дар даврони ҳукмронии Сосониён ба сифати забони расмӣ ва омили ҳамбастагии миллӣ дар тамоми қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр ва дигар вилоятҳои тобеи давлати Сомониён рушд ёфт ва ба авҷи қудрату шукуфоӣ расид, зеро амирони сомонӣ, ба монанди Яъқуби Лайси Саффор ба забону адаби мардуми худ муҳаббати фаровон доштанд ва ба ҳимояту тарбияти нависандагони ҳамзабони хеш сахт камари ҳиммат баста буданд».
Фирдавсӣ бо эҷоди «Шоҳнома» ба ҷаҳониён нишон дод, ки забони фасеҳу ширину муқтадири тоҷикии форсии дарӣ имкони баёни ҳама мазмуну мавзӯъро соҳиб буда, решаҳои амиқе дар симои забонҳои бостонии суғдиву паҳлавӣ, бохтариву хоразмӣ дорад ва он неруи тавонову воситаи муоширату мубодилаест, ки дар муқобили забони арабӣ пойбарҷо буда, метавонад рисолати ваҳдатофариниву ба ҳам овардани мардуму кишварҳои гуногуни ориёиро ба ҷо орад. Дар ин асари бунёдии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақши Фирдавсӣ дар истиқрори мақоми забони тоҷикии форсии дарӣ ҳақшиносона тасвиру таъкид гардидааст: «Ба назар чунин мерасад, ки Фирдавсӣ бо таълифи «Шоҳнома» ва ёдкарди гузаштаи пурфитихори пешиниёни худ мехост давлати рӯ ба заволовардаи Сомониёнро дубора барқарор кунад ва рӯҳи шуҷоату диловарию ватанхоҳиро дар ин марзу бум дигар бор бедор намояд:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Бо таъкиди асолату покизагии забону андеша дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ 48 паҳлуи хосу вижаи забони ноби ин ҳамосаи бузург дар асари мазкур баён гардидааст, ки аз як тараф, аз ҷойгоҳи бузурги ин номаи мондагор гувоҳӣ диҳад, аз тарафи дигар, огоҳии амиқи муаллифро аз хусусиятҳои барҷастаи забони дарии тоҷикӣ ва шеваи гуфтори «Шоҳнома» намоёнгар аст.
Забони адабии миллӣ на танҳо барои истифодаи ҳар як шаҳрванд дастрас аст, балки ҳар як соҳибзабон аз ин неъмати бузург барои пешниҳод ва ҳифзу нигаҳдошти сарвати зеҳнии худ, муаррифии офаридаҳои маънавии худ истифода бурда метавонад ва имкон дорад андешаву афкори инфиродии хешро дар паҳлуи андешаҳои ҳамзабононаш ба андешаву ғояи миллӣ табдил диҳад.
Ин андеша низ дар асари «Забони миллат-ҳастии миллат» хеле ҷолиб ва дилписанд омадааст: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».
Намунаи дигари ваҳдати маънавии миллати мо ҳазорон сарчашмаи адабӣ ва илмиву таърихӣ ҳастанд, ки маҳз тавассути забони модарии мо рамзи (коди) миллии моро бунёд гузошта, арзишҳои фаровони маънавӣ, иттилооти фарҳангиву таърихии моро нигоҳ доштаанд ва ба ҷаҳониён пешниҳод кардаанд. Гузашта аз ин, дар таърихи илму адаби мо беш аз 200 фарҳанги комилу муфассал таҳияву тадвин гаштаанд, ки низ рамзи зеҳнии миллатро ташкил медиҳанд, маҳсули ваҳдати маънавии миллат ва намои хиради дастҷамъии соҳибони ин забони бузургу тавоно мебошанд. Ҳар як мақолаи ин фарҳангҳо, ҳар як моддаи луғавии онҳо порае аз донишу хираду тамаддуну рӯзгори муназзами миллати мо мебошад. Ҳар як калима, истилоҳ, ифода ҳалқаи пурмаъниест дар занҷири устувору тӯлонии рушду инкишофи миллат, хираду андешаи миллӣ ва ваҳдати маънавии он. Ин нукта, дар китоби «Забони миллат — ҳастии миллат» хеле равшану дастрас баён гардидааст: «Аз рӯи захираҳои вожагон ва истилоҳоти забон мо метавонем бо боварӣ дар бораи пешрафт ва ё заволу сустии ягон соҳаи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ дар давраҳои мухталиф қазоват кунем, аз ҷониби дигар, забон манбаи бисёр муътамад барои омӯзиши таърих ва фарҳангу тамаддуни мо мебошад».
Истиқлолияти давлатӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, талошу заҳматҳои роҳбарияти давлат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бузургдошти забони модарӣ, сиёсати давлатии тарғибу густариши арзишҳои миллӣ шароит фароҳам овардааст, ки забони тоҷикӣ ҳамчун арзиши асили миллӣ ва омили ваҳдату ягонагии миллӣ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ мавқеи боз ҳам устуворро соҳиб гардад.
Дар ин раванд нақши таълифоте, ба монанди китоби бунёдии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат — ҳастии миллат» бузургу созанда аст. Аз рӯи андешаи меҳварии ин китоб, забони адабии тоҷикии форсии дарӣ бояд он воситаи муқтадиру тавонову арзишманде бошад, ки ваҳдату ҳамбастагии миллии моро, ягонагии маънавиву андешаи миллии моро неруву тавон мебахшаду нигаҳбонӣ мекунад. Чунонки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фармудааст:
Ваҳдат андар ваҳдат аст ин маснавӣ,
Аз самак рав то самоки маънавӣ.
Аз хондани китоби арзишманду бунёдии «Забони миллат — ҳастии миллат» рӯҳи мо болидаву ифтихори мо устувортар гардид, ки ин ҳолат моро ба ду андеша раҳнамоӣ намуд:
1. Ман дар радифи муҳаққиқони «Шоҳнома» – и Абулқосими Фирдавсӣ аз қабили Худоӣ Шарифов, Мирзо Муллоаҳмадов, Сулаймон Анварӣ, Рустам Шодиев ва дигарон, ки беш аз нисфи ҳаёти хешро ба тадқиқи ин ҳамосаи бузург бахшидаанд, боварӣ дорам, ки пешниҳод оид ба таъсис додани Маркази муътабари Шоҳномашиносӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ меёбад. Ҳамрадиф бо ин, таъсиси Маркази илмиву маърифатии Фирдавсӣ имтиёзу эътибори фаровону вижае барои илми адабу фарҳанги тоҷик ва шинохти тоҷикон дар ҷаҳон фароҳам хоҳад овард.
2. Китобе ба ин бузургиву густурдагӣ ва маънии бикру амиқ, ки дар намунаи «Забони миллат — ҳастии миллат» дарёфтем, дар сатҳи як рисолаи илмии муфассалу мукаммалу амиқу анҷомёфтаи докторӣ ва болотар аз он қарор дорад. Аз ин рӯ, пешниҳод менамоям, ки асари бунёдии «Забони миллат — ҳастии миллат» ба сифати рисолаи илмӣ пазируфта шуда, муаллифи он ба дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ сазовор дониста шавад.
Олимҷон Қосимов, доктори илми филология, мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А. Рӯдакӣ