Занон ба интихобот омодагӣ мегиранд

№145 (4585) 28.11.2024

26-уми ноябри соли равон Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоат семинари омӯзишӣ баргузор намуданд, ки дар он раисони шуроҳои занони вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ иштирок карданд.

Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Нуруллозода гуфт, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ба шарофати таваҷҷуҳу дастгирии Ҳукумати мамлакат занону бонувон ба дастовардҳои зиёд ноил гардида, дар пешрафти кишвар саҳми назаррас мегузоранд.

Таъкид гардид, ки ҳар панҷ сол интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоат баргузор мегардад. Тавре маълум аст, соли 2025 ин маъракаи муҳими сиёсӣ доир хоҳад шуд.

Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода иброз дошт, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки синнашон ба 18 расидааст, ҳуқуқ доранд дар интихобот ширкат варзида, ба номзади арзандаашон овоз диҳанд. Махсус таъкид гардид, ки занон низ ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро доранд.

Зикр шуд, ки ифодаи олии ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот буда, иштирок дар он нишонаи дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.

Марҷона СОЛИҲЗОДА,

«Садои мардум»