Аз заъфи хотир то осеби роҳҳои нафасу фишори хун
Чанде пеш Маҷлиси намояндагон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»- ро қабул намуд, ки қадами устуворест дар роҳи беҳдошти солимии ҷомеа. Мутахассисони соҳаи тиб бар ин назаранд, ки қабули қонун ва татбиқи он метавонад насли имрӯзу фардоро аз таъсири манфии маҳсулоти тамоку эмин дорад.
Аз ҷумла, мудири шуъбаи ташхиси функсионалии Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявӣ Хушрӯз Раҳматуллоев зимни суҳбат андешаҳояшро доир ба зарари тамоку ба саломатии инсон чунин баён кард:
- Собит шудааст, ки истеъмоли маҳсулоти тамоку, аз ҷумла носу сигор, ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад, зеро дар таркиби дуди тамоку моддаҳои заҳрноке мавҷуданд, ки тани солимро ба дардҳои гуногун гирифтор мекунанд. Миқдори моддаҳои заҳрноки тамоку хеле зиёд буда, тақрибан ба 1200 адад мерасад. Дар қатрони тамоку моддаҳои заҳрогини химиявӣ, ба мисли бензатратсен, изотопи радиоактивии калий ва як қатор карбогидридҳо мавҷуданд. Моддаи асосии зудтаъсир ва заҳрогини тамоку, ки ба ҳама маълум аст, никотин мебошад. Дар баргҳои тамоку миқдори никотин аз 1 то 1,5, аммо дар баъзе навъҳояш то ба 6-8 дарсад мерасад. Ин моддаи заҳрогин бештар ба узвҳои асаб, ҳозима, роҳҳои нафаскашӣ, дилу рагҳои хунгард, гурда, масона, ҷигар ва ғайра таъсири бад мерасонад. Тибқи пажӯҳишҳои илмӣ, шахсе, ки дар як рӯз аз 1 то 9 дона сигор мекашад, ҳадди ақал 4 соли умри худро кам мекунад. Агар истифодаи сигор дар як рӯз аз 10 то 19 дона ва зиёда аз он сурат гирад, сигоркаш аз умри худ 5-6 солро хоҳад бохт.
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки 31-уми майро Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку эълон доштааст, ҳар сол ба воситаи барпо намудани чорабиниҳо барои кам кардани шумораи истифодабарандагони тамоку иқдом намуда, кишварҳои оламро даъват менамояд, ки пеши роҳи тарғибу ташвиқи тамоку гирифта шавад, андоз аз даромади фурӯши он боло равад, то тиҷорати маҳсулоти он коста гардад.
Дар робита ба ин, кормандони Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявӣ нақша — чорабиниҳо тартиб дода, тарзи ҳаёти солимро тарғиб менамоянд. Онҳо тавассути телевизион, радио ва дигар воситаҳои иттилоот сокинони мамлакатро бо зарари маҳсулоти тамоку ошно месозанд, таъсири онро ба саломатии инсон шарҳу тавзеҳ медиҳанд.
Профессор Ева Ланнеро аз пажӯҳишгоҳи Каролинскаи Стокҳолм дар натиҷаи як тадқиқот муайян кардааст, ки зиндагӣ дар муҳити олуда ба дуди тамоку, ба узвҳои нафаскашӣ, бахусус ба ҷисми кӯдакон, осеб мерасонад. Ба ғайр аз ин, хотираи шахсони тамокукаш оҳиста — оҳиста заиф ва асабашон хароб мешавад. Рагҳои хунгузар танг шуда, фишори артериалии хун меафзояд. Ба изофа, дар натиҷаи таъсири бади никотин кори марказҳои барангезандаи узвҳои ҷинсӣ низ суст мегардад. Аз ин рӯ, даст кашидан аз истифодаи маҳсулоти тамоку кафили тандурустии ҳар инсон аст.
Таҳияи Ш. Солеҳ,
«Садои мардум»