Ҳафтаи гузашта дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Зондкунии фосилавӣ ва технологияи истифодабарии ҳавопаймоҳои бесарнишин» бо иштироки олимони дохиливу хориҷӣ баргузор гардид.
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин ибрози андеша ва таъкид намуд, ки дар шароити Тоҷикистон, ки баландиҳои 7000 — метра дорад, зимни таҳия ва истеҳсоли дастгоҳҳои бесарнишин муҳити ҷуғрофӣ бояд ба инобат гирифта шавад.
Рушди илм дар замони муосир бе истифода аз дастовардҳои технологияи инноватсионӣ ғайриимкон аст. Асри XXI асри инкишофи босуръати илм ва технологияҳои навин мебошад ва танҳо давлатҳое ба дараҷаи баланди рушд ва тараққиёт ноил мегарданд, ки ин равандро устуворона пайгирӣ менамоянд.
Дастгоҳҳои бесарнишинро метавон дар баҳодиҳии хавф ва хатари офатҳои табиӣ, баҳодиҳии оқибатҳои заминҷунбии шадид, мониторинги ҳолати кунунии сарбанди Усой ва кӯли Сарез, мониторинги ҳолати пиряхҳо ва рӯйпӯши барф ва мониторинги зараррасонҳои соҳаи кишоварзӣ васеъ истифода бурд.
Директори Маркази илмӣ — таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ, ноиби президенти шуъбаи Синзяни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой Чен Ши аз ҳамкориҳои олимони ду кишвар ҷиҳати таҳияи дастгоҳи бесарнишини парвозкунанда изҳори қаноатмандӣ кард.
Дар ҳамоиш зиёда аз 80 нафар олим ва мутахассис аз муассисаҳои илмӣ ширкат карда, 12 маърӯзаи илмиро бахшида ба масъалаҳои мубрами мушоҳидаҳои фосилавӣ ва истифодабарии дастгоҳҳои бесарнишин мавриди баррасӣ қарор доданд.
«Садои мардум»