Журналистикаи ҳарбӣ зиёда аз дусад сол аст, ки вуҷуд дорад. Он имконият медиҳад, ки сиёсати ин ё он кишвар нисбат ба воситаҳои ахбори омма дар рафти амалиёти ҳарбӣ инъикос гардад. Зуҳури журналистикаи ҳарбиро ба замони ҳукмронии Искандари Мақдунӣ нисбат медиҳанд. Ӯро ҳангоми юришҳои ҳарбӣ гурӯҳи шахсони махсус омӯзонидашуда ҳамроҳӣ мекарданд, то ки амалҳояшро инъикос кунанд.
Вазъият бо ихтирои асбоби типографӣ аз ҷониби Иоханн Гутенберг соли 1450 куллан тағйир ёфт. Дар натиҷа имконияти огоҳ кардани шумораи зиёди хонандагон аз навигариҳо, аз ҷумла, навигариҳои ҳарбӣ, пайдо шуд.
Минбаъд барои матбуоти даврӣ инъикоси ҳаёти ҳарбӣ мавзӯи асосӣ гардид. Дар оғози асри XIX нахустин рӯзноманигорони ҳарбӣ пайдо шуда, ҳадафи асосии журналистикаи ҳарбии он давра зиёд кардани теъдоди нашри матбуоти даврӣ маҳсуб мешуд. Бояд қайд кард, ки маҳз дар он давра шумораи репортажҳои ҳарбӣ зиёд шуданд.
Дар давраи ҷанги Қрим (1853-1856) аввалин ҷанги иттилоотӣ ба вуҷуд омад. Илова бар ин, сензура низ соли 1855 арзи вуҷуд кард. «Асри тиллоӣ»-и журналистикаи ҳарбӣ солҳои 1860-1914 буда, дар ин давра он ба касб табдил ёфт. Бо вуҷуди он ки дар вақти ҷанги Қрим имконияти бо воситаи телеграф додани гузориш мавҷуд буд, вале бо сабаби норасоии инфрасохтор ин имкон хеле кам истифода мешуд. Хабарҳои ҳарбӣ одатан бо почтаи одӣ ирсол мешуданд. Лозим ба ёдоварист, ки суратгирӣ низ он вақт маъмул буд. Барои мисол, журналисти англис Роҷер Фентон артиши британиро бо лабораторияи суратгирӣ ҳамроҳӣ мекард.
Дар давраи ҷанги Россия ва Туркия (соли 1878) дар артиши рус зиёда аз 20 хабарнигор фаъолият мекарданд. Дар ҷанги Русу Япония шумораи хабарнигорони дохиливу хориҷӣ мутаносибан ба 102 ва 38 кас расид.
Зимни ҷангҳои асри ХХ ҷойгоҳи хабарнигорони ҳарбӣ хеле боло рафт, бахусус, солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ журналистикаи ҳарбӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид. Ҳатто шоиру нависандагон ба фронт рафта, ба ҳайси мухбири ҳарбӣ хизмат мекарданд. Масалан, яке аз шоирони маъруфи советӣ Константин Симонов дар солҳои ҷанг мухбири газетаи ҳарбӣ буд. Нависандаҳои тоҷик Сотим Улуғзода ва Фотеҳ Ниёзӣ — иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар рӯзномаҳои ҳарбии он айём кор мекарданд.
Ин ҷиҳат ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки журналистикаи ҳарбӣ хоси замони ҷанг аст. Дар замони оромӣ ҳам мухбирони ҳарбӣ фаъолияти пурмаҳсул доранд. Онҳо аз комёбиҳои ҳарбии ин ё он мамлакат гузоришу мақола навишта, ҳаёти хизматчиёни ҳарбиро дар барномаҳои телевизионӣ инъикос менамоянд.
Нушофарин ДӮСТНАЗАРОВА, магистри факултети журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон