Ҳизби наҳзати исломӣ бо амалҳои нопоку нанговар ва зиддидавлатӣ аз ибтидои солҳои навадуми асри гузашта на як бору ду бор шармандаву беобрӯй шудааст. Баъд аз он ки дар мамлакат ҳамчун ташкилоти террористӣ эълон шуд, саркардагон ва думравони он ба хориҷи кишвар фирор карданд. Дертар, соли 2016, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ низ онро ба рӯйхати ташкилоти террористӣ ворид намуд.
Вале наҳзатиҳо аз асп фаромада бошанд ҳам, пой аз узангу нагирифтаанд.
Ҳанӯз ҳам берун аз кишвар ба сиёҳкорӣ машғуланд. Масалан, аз ҳисоби ҷавонон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ, сафи худро афзоиш дода, онҳоро зидди Давлату Ҳукумати Тоҷикистон шӯронда истодаанд. Бо ин мақсад ашхоси ба домашон афтодаро дар хориҷа соҳиби ҳолати (статуси) гурезандагӣ намуда, шиносномаҳояшонро мегиранду дар ҳар гуна лагеру макони дигар ҷойгир мекунанд. Бо ин роҳ «сайд»-ҳоро тобеу «қарздор» менамоянд. Баъд маҷбур месозанд, ки ба ҳизби наҳзат шомил гарданду ҳар гуфтаву супоришашонро иҷро кунанд. Ҷомӣ ва ҳусайн аз ҷумлаи касонеанд, ки бо ин роҳ ба доми онҳо афтода буданд, хушбахтона, зуд ба хатои хеш сарфаҳм рафта, по пас кашиданд.
Амалҳои пасипардагии наҳзатиён аҳли ҷомеаро водор месозанд, ки боҳушу зирак ва дар ҳимояи Ватани ободу азизамон, дастовардҳои Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошанд.
Ниёгон гуфтаанд: «Зи душман наёяд ба ҷуз душманӣ». Бинобар ин, нисбат ба онҳое, ки ба обу хоку ҳавои Ватан, осоишу оромии он носипосӣ мекунанд, ба пешрафт монеъ мешаванд, оштинопазир будану алайҳи онҳо мубориза бурдан рисолати ҳар фард маҳсуб мегардад.
Ифротгаройӣ ва иғвоангезӣ дар тамоми давру замон ҳамчун зуҳуроти ногувор ва номатлуб шинохта шудааст, ки ҷомеаро ба оқибатҳои нохуш гирифтор месозад. Дар сиёсатшиносии муосир ин зуҳуротро бештар ба терроризму экстремизм нисбат медиҳанд. Дар ҳақиқат, терроризм зуҳуроти номатлуби замони муосир мебошад, ки фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншооти маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгаройӣ ва иғвоангезиро таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Ба таври дигар гӯем, оқибати экстремизм терроризм аст. Вале моро донистани он ки ҳар ду комилан хатари калони парокандагиву бесуботии ҷомеаро доранд, кофист. Ин моро ҳушдор медиҳад, ки дар ғафлат намонем. Садди роҳи шомилшавии ҷавонони мамлакат ба сафи ҳизбу гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҷараёнҳои динии бегона, аз ҷумла салафия гардем. Нагузорем, ки фарзанди тоҷик фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи кадом як хоҷаи бесаводу ғоратгари хориҷа гардад.
Экстремизму терроризм, ифротгаройиву иғвоангезӣ бар зарари осудагиву оромӣ ва сулҳу суботи на танҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳон аст ва мубориза алайҳи онҳо имрӯз аз мавзӯъҳои аввалиндараҷаи амнияти кишварҳо гаштааст.
Фурӯғи Назар