Зи кӯйи ёр меояд насими боди наврӯзӣ

№ 17.03.2023

4227311_largeНАВРӮЗ БӮИ ЗАНОНА ДОРАД

Ниёкони мо мардуми ҷашнофарин буданд. Онҳо дар муқобили сардиҳо, торикиҳо, ноумедиҳо, шикастҳо… ҳеҷ гоҳ сар хам намекарданд ва ба мубориза бармехостанд. Ин мубориза тавлид кардани шодиҳо, таронаҳо, рақсҳо, орос­тани зиёфатҳо… буд. Яъне, ниёкони мо шеваи шод зистанро кашф карда буданд. Шодиофаринӣ барояшон неру медод, ба зиндагияшон рангу бӯ мебахшид. Таҷлили ҷашни Наврӯз низ барояшон нишот меовард. Онҳо Наврӯзро аз 13 то 40 рӯз ид мекарданд. Ин ҷашни шод аз маросими Чоршанбеи охирин ё Чоршанбеи сурӣ оғоз мегашт ва бо суннати Хонатаконӣ авҷ мегирифт.

Ман номи касе нахондаам, илло ту,

Бо ҳеҷ касе намондаам, илло ту.

Ид омаду ман хонатаконӣ кардам,

Аз дил ҳамаро такондаам, илло ту.

Накши занон дар таҷлили иди Наврӯз дар гузашта ва имрӯз барҷаста аст. Онҳо барои баргузор кардани ин ҷашни бошукӯҳ бештар аз мардон талош менамоянд ва файзу таровати Наврӯз бо ҳузури онҳо зебу фар мегирад. Яъне, Наврӯз ва зан ҳар ду рамзи ишқ, зебоӣ, шукуфоӣ, рӯиш ва зиндагӣ ҳастанд. Ба таври дигар гӯем, зан бӯи Наврӯз дораду Наврӯз бӯи зан.

 ЗАН, ПОКӢ ВА НАВРӮЗ

Шодиофаринӣ ниёз ба покӣ дорад. Аз ин ҷост, ки ҳамаи идҳоро ниёконамон бо покӣ пешвоз мегирифтанд. Пок будан барои онҳо маънии ба таври шоиста зистанро дошт. Нопокӣ гирифторӣ, бадбахтӣ, сиёҳӣ меовард, қувваҳои аҳриманиро неру мебахшид. Ин бовар дар миёни мардуми мо то имрӯз зинда аст.

Тақрибан даҳ бист рӯз пеш аз фаро расидани Наврӯз занон аз гандум сабза сабз менамоянд. Онҳо пеш аз анҷоми ин кор худро пок менамоянд, сипас ба Офаридгор дуову сано мефиристанд, он гоҳ гандумро ба зарфе гирифта, барои сабз шудан мегузоранд. Сабза низ чизи пок аст, рӯи ношуста ба он нигоҳ кардан гуноҳ ҳисоб мешавад, ҳамчунин, номаҳраме онро бояд набинад. Рӯзи суманакпазӣ низ занҳо ботаҳорат ба сари дег меоянд ва пас аз ниёиш ба кор мепардозанд.

Ҳамин тавр, зан ва покиву шодӣ даст ба дасти ҳам медиҳанд то Наврӯзро ҷашн бигиранд. Яъне, дар оғози оини наврӯзӣ зан чун тимсоли покӣ зоҳир мегардад ва ин ҷашнро ба покиву ростӣ ҳидоят мекунад. Наврӯз ҳам пок аст. Дар ин айём ҷунбише, такомуле, рӯише дар замин, дар табиат ба вуҷуд меояд ва ҳамаи ин дигаргуниҳо низ аз покиҳо сарчашма мегиранд.

Софию тирагии об зи сарчашма бувад,

Бе дили пок сухан пок нагардад ҳаргиз.

 ЗАН ВА ОТАШ

Оташ неъмати бузург ва унсури ҳаётан муҳим аст. Бе он зиндагӣ дар рӯи замин маҳв мешавад. Офтоб ин кураи оташин сабаби бақои замин ва башар мебошад.

Нигоҳдорандаи оташ дар хонадон зан аст. Занон дар чаҳоршанбеи охирини сол дар гӯшае аз ҳавлӣ оташ меафрӯхтанд ва аз аҳли байташон хоҳиш мекарданд, ки аз болои он биҷаҳанд. Ин маросими махсус ва дорои рамзу розҳое хос буд. Вақте аз болои оташ меҷаҳиданд дар ибтидо мегуфтанд: «Ғам бирав, шодӣ биё, меҳнат бирав, рӯзӣ биё!». Ба оташ хитоб менамуданд: «Сурхии рӯи ту аз ман, зардии рӯи ман аз ту! Зардии рӯи ман аз ту, сурхии рӯи ту аз ман!».

Оташ дар тимсоли офтоб ба тамоми мавҷудоти рӯи замин неру мебахшад, хомро мепазонад, торикиро аз байн мебарад. Ниёкони мо ҳамин хусусияти оташро хуб мешинохтанд ва бо фаро расидани Нав­рӯз аз гармии он истиқбол мегирифтанд. Хусусан занҳо, ки худ «оташ» ҳастанд ва хонадонашонро гарм мекунанд, ин ­қудратро ҳис менамуданд.

Агар ба маросими зикршуда ба дурустӣ назар андозем, мебинем ки нақши занон дар онҳо хеле пурранг аст ва Наврӯз занонатарин ҷашн ба ҳисоб меравад.

 ЗАН, ОБ ВА ХУШБАХТӢ

Дар субҳи рӯзи аввали Наврӯз духтарону бонувон офтоб надамида ба сари чашма, ҷӯйбор, наҳр ё рӯд мерафтанд. Онҳо рози дилро ба об мегуфтанд.

Дар деҳаҳои кӯҳистон духтарони аз шавҳармонда, бонувони касалманд, бефарзанд низ зиндагӣ мекарданд. Онҳо бовар доштанд, ки агар саҳари солеҳони рӯзи аввали Наврӯз мушкилро ба об гӯянд, об дарду ранҷи онҳоро мегирад, дари бахташонро мекушояд. Бинобар ин, бонувон ба сӯи чашмаву рӯд мешитофтанд, дар оинаи об чеҳраи худро медиданд, сипас рӯяшонро мешустанд ва боз каме ба об нигоҳ мекарданд, он гоҳ розашонро ошкор месохтанд.

Ҳамин тавр, онҳо тозаву тар ва бо дили пур аз умед ба хона бармегаштанд, ба ин бовар, ки ғаму дардашонро об гирифтаву таровату хушбахтиро барояшон эҳдо кардааст. Бо худ кӯзаеро аз сари чашма меоварданд, ки дар дарунаш оби бахташон пинҳон буд. Бонувон пас аз ин маросим бо дили саршор аз умед ва ҳастии пур аз шодӣ ба ҷашни наврӯзӣ мерафтанд.

ЗАН ВА БАРАКАТ

Аз нахустин рӯзи Наврӯз занон ба пухтупаз машғул мешуданд, дастархон меоростанд. Ин ба он маъно буд, ки тамоми сол дастархонашон пур бошад, ризқашон фаровон гардад. Агар зане дар рӯзи аввали Наврӯз хӯроке напазад, ба ин кор ҳавсала надошта бошад, хосияти бад дошт. Яъне, тамоми сол аз хонаи ӯ баракат мепарид.

Занон дар Наврӯз беҳтарин либосро ба бар мекарданд, ҳар чизе ки аз ҷавоҳирот доштанд худро меоростанд ва ба Наврӯзгоҳ мерафтанд. Риоят накардани ин чиз маънои носипосиро дошт.

Мегуфтанд дар Наврӯз дил бояд шод бошад, ғам ба он роҳ наёбад. Онҳо бовар доштанд, ки шод будан дар Наврӯз тамоми сол барояшон шодӣ меорад. Ҳатто ба хонаи онҳое, ки мотам доштанд, мерафтанд, либоси мотамиро аз танаш бадар мекарданд ва ҳамин тавр, сиёҳиро аз хонааш меронданд.

Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки ниёкони мо ҳамеша дар талоши шодӣ буданд. Шод зистанро вазифаи худ медонистанд. Аз ин рӯ, ҷашн меоростанд ва зиндагии худро месохтанд.

ВОРИС,

 «Садои мардум»