Ба хонаи омӯзгори собиқадор Мирзобеки Қандил аз гӯшаҳои дуру наздики кишвар меҳмонон омаданд. Чанд нафар аз ҳамдеҳаҳоро низ ба зиёфати ба шарафи онҳо ташкилнамуда даъват кард. Қатори даъватшудагон ба хонаи ӯ рафтам. Баъди вохӯрӣ ӯ моро ба меҳмонон ва меҳмононро бо мо шинос намуд.
- Раҳимҷону Нуъмонҷон аз шаҳри Хуҷанд омадаанд, Табаров аз шаҳри Кӯлоб, Ҳамроҳхон аз ноҳияи Ёвон, Ҷӯрабой аз Айнӣ, Аҳмадҷон аз Ҳисору Муҳаммадҷон аз Қаратоғ.
Маълум шуд, ки акои Мирзобек ба синни мубораки ҳафтод қадам гузошта, меҳмонони имрӯза ҳамкурсони ӯ будаанду омадаанд, ки дар ин рӯзи барояш фараҳафзо аз рӯзгори гузаштаи худ ёд кунанд.
-Ба қарибӣ, аз рӯзе, ки мо донишгоҳро хатм кардем, панҷоҳ сол пур мешавад,- сухани Мирзобекро мебурад Табаров. – Тамоми ин муддат мо бо ҳамдигар рафтуомад дорем. Раҳмат ба Мирзобеки Қандил, ки барои сарҷамъиамон талош кард.
Даме ки Мирзобек дар бораи Муҳаммадҷони қаратоғӣ сухан мегуфт, ҳамсояи девордармиёни ӯ амаки Саъдулло, ки яке аз шахсиятҳои шинохтаи деҳаи мост, ба чеҳраи меҳмон синчакорона нигаристу суханашро бурид:
- Бубахшед, меҳмон,- садо баланд кард ӯ. — Шумо ба раҳматии Ҳикмат Рофеъзода хешӣ надоред?
- Он кас падарам буданд,- бо овози паст посух дод Муҳаммадҷон.
- Ба чеҳраат нигаристаму тахмин кардам, аммо аз пурсидан шарм доштам. Худо раҳматаш кунад, инсони хубе буд. Ӯро аз наздик мешинохтам. Он солҳо ман дар шаҳри Душанбе зиндагӣ доштам. Акаи Ҳикмат якумр дар хизмати халқу Ватан буд. Дар рушду нумӯи се ноҳия Шаҳринав, собиқ Регар (ҳоло шаҳри Турсунзода) ва Ҳисор ҳиссаш калон аст. Бист сол дар парлумон вакил буд. Ин ба ҳар кас насиб намекунад.
-Шашуми ноябр ба зодрӯзашон сад сол пур мешавад,- риштаи суханро ба даст гирифт Муҳаммадҷон.- Мо хешу табор, ёру ошно ва шиносҳои падарам ният дорем, ки якҷоя ёдбудашро гузаронем. Агар имконият ёфтед, биёед ба Қаратоғ. Меҳмони азизи хонадони мо мешавед.
-Насиб,- гуфт амаки Саъдулло. Ёд кардани бузургон ба гардани мо фарз аст. Рӯҳашон шод мешавад.
Ба суҳбати онҳо гӯш медодаму мехостам дар бораи шодравон Ҳикмат Рофеъзода бештар маълумот пайдо кунам, аммо дар ин маърака, ки мардони калонсолу меҳмонони аз шаҳру навоҳии дуромада менишастанд, густохиро раво надидам. Баъдтар донистам, ки Ҳикмат Рофеъзода чӣ хизмате барои мардум кардааст.
Мавсуф 6 ноябри соли 1915 дар оилаи Қорӣ Рофеъи Мирзоғулом дар Қаротоғ ба дунё омадааст. Падараш Қорӣ Рофеъ аз хурдсолӣ дар мактабҳои замони худ таҳсил карда, баъдҳо Қуръонро аз бар намуд ва дар ҷавонӣ ба унвони қории Қуръон сазовор гардидааст. Дар замони Ҳукумати Шӯравӣ ӯ дар барқароркунии ҳукумати наву сохти колхозӣ саҳми сазовор гузошт. Ҳикмат дар оилае тарбия ёфт, ки ҷонибдори сохти нав буданд ва барои саводнок намудани фарзанди хеш пайваста талош мекарданд.
Дере нагузашта дар деҳаи онҳо мактаби нав таъсис ёфт ва Ҳикмат қатори бачаҳои ҳамсолаш ба мактаб рафт. Соли 1929 мактабро хатм кард ва барои идомаи таҳсил ҳамон сол ба маркази ноҳияи Шаҳринав рафту ба мактаби муаллимтайёркунӣ дохил шуд. Соли 1931, баъди хатми мактаби муаллимтайёркунӣ ӯро ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ба деҳаи Қаротоғ фиристоданд. Ҳикмат рӯзҳои аввали кор пай бурд, ки ҳанӯз дониши кофиро соҳиб нашудааст ва бояд таҳсилро идома диҳад. Бо ҳамин ният ба шаҳри Душанбе омаду ба Омӯзишгоҳи педагогӣ ҳуҷҷат супурд. Соли 1934, баъди хатми Омӯзишгоҳи педагогӣ роҳи зодгоҳашро пеш гирифт. Муддате дар вазифаҳои муаллими синфҳои ибтидоӣ, мудири қисми таълим кор кард. Донишу истеъдоди ӯро ба ҳисоб гирифта, Ҳикмат Рофеъзодаро мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия таъин намуданд.
Соли 1944 бо тавсияи Кумитаи иҷроияи ноҳияи Шаҳринав Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикмат Рофеъзодаро мудири шуъбаи маорифи ноҳия таъин намуд.
Даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ соҳаи маориф ҳам зарар дид. Ҳазорон нафар омӯзгорони варзида ба хотири дифоъ аз марзу буми кишвар ба сангарҳо рафтанд. Омӯзгорони дар ақибгоҳ монда, баробари таълиму тарбияи насли наврас ба корҳои таблиғотӣ машғул буданд. Бо вуҷуди душвориҳо Ҳикмат Рофеъзода ба хотири пешрафти соҳаи маориф корҳои зиёдеро анҷом медод. Синфхонаҳои иловагӣ месохтанду мактабҳои нав. Талош мекарданд, ки насли наврас дар он даврони пурдаҳшат бесавод намонанд.
Соли 1946 ӯро ба вазифаи раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳринав интихоб карданд. Соли 1947 Ҳикмат Рофеъзода муовини раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Вазорати маорифи Тоҷикистон, 12 марти соли 1957 муовини якуми раиси Кумитаи иҷроия ва баъди як сол раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Шаҳринав таъин шуд.
Бо қарори Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1959 ноҳияи Шаҳринав барҳам хӯрда, ҳудуди он ба ноҳияҳои Ҳисору Регар дохил карда шуд. Аз 12 декабри соли 1959 Ҳикмат Рофеъзода ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи собиқ ноҳияи Регар (ҳоло шаҳри Турсунзода) таъин шуд ва дар ин вазифа то соли 1962 кор кард. Дар давраи кори ӯ Регар яке аз ноҳияҳои пешқадами ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Соли 1961 дар майдони 11 ҳазору 724 гектар пахта кишт шуда буд. Пахтакорон ҳамон сол 42 ҳазору 268 тонна ҳосил гирифтанд, ки ба ҳар як гектар 36,1 сентнерӣ рост меомад. Ин нишондод дар ҷумҳурӣ беҳтарин буд.
Сеюми апрели соли 1962 Ҳикмат Рофеъзода котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунист дар ноҳияи Ҳисор таъин шуд. Баъди як соли адои вазифа 6 январи соли 1963 ӯ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Ҳисор таъин гардид. Тӯли шаш сол барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ дар ноҳияи Ҳисор корҳои зиёдеро ба сомон расонид. Ҳамин буд, ки аз моҳи ноябри соли 1968 бори дувум сарварии Кумитаи ноҳиявии ҳизби коммунистро дар ноҳияи Ҳисор ба зиммаи ӯ вогузоштанд ва то соли 1974 дар ин вазифаи масъул кор кард.
Моҳи январи соли 1974 бо Қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон Ҳикмат Рофеъзода ба вазифаи муовини якуми вазири таъминоти сотсиалии ҶШС Тоҷикистон таъин гардид.
Соли 1976 мавсуф баъди 46 соли кор дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ ба нафақа баромад. Баъди чанде ӯро ба ноҳияи Ҳисор даъват намуданд ва хоҳиш карданд, ки сарварии фароғатгоҳи аҳамияти умумииттифоқидоштаи «Қаротоғ»-ро ба уҳда бигирад. Вай дар ин корхона то соли 1980 ифои вазифа намудааст.
Ҳикмат Рофеъзода баробари машғул будан ба корҳои муҳими давлатӣ таълиму тарбияи фарзандонашро фаромӯш намекард. Ба онҳо диққати ҷиддӣ медод. Ӯ падари шаш фарзанд буд — ду писару чор духтар. Фарзандонашро хононда, соҳиби таҳсилоти олӣ гардонд.
Номбурда 19 ноябри соли 1999 дар синни 84 — солагӣ аз дунё гузаштааст.
Ҳикмат Рофеъзода дар даъватҳои 5,6,7 ва 8-ум депутати Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ва узви КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд.
Хизматҳои арзандааш дар назди Ватан бо унвони Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқ, Аълочии мудофиаи шаҳрвандии ИҶШС, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳои «Барои хизмати шоиста», «Собиқадори меҳнат» ва ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қадр шудаанд.
Оне, ки ҳастии худро баҳри хизмати мардум ва ободии кишвар бахшидааст, ҳеҷ гоҳ гумном нахоҳад шуд. Бесабаб бузурге нафармудааст:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»