Бисту ҳаштуми августи соли равон дар меҳмонхонаи «Ҳилтон» таҳти раёсати муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода ва муовини Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Лазима Онта-Бҳатта зери унвони «Муаррифии натиҷаи таҳқиқоти асосноккунии теникию иқтисодии имкониятҳои кишоварзии рақамӣ дар вилояти Хатлон» суҳбати гирди миз баргузор шуд.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ Ашурбой Солеҳзода зикр намуд, ки соҳаи кишоварзӣ барои иқтисоди кишвар аҳамияти калон дошта, зиёда аз 70 дарсади аҳолиро бо ҷои кор таъмин мекунад.
- Дар асоси «Консепсияи рушди иқтисоди рақамӣ» дар мамлакат «Барномаи рушди иқтисоди рақамии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», тасдиқ шудааст. Ҳамчунин, кишвари мо яке аз аввалинҳо шуда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» — ро қабул намуд. Бо мақсади амалӣ гардидани иқтисоди рақамӣ дар кишвар Агентии инноватсия ва технологияи рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.Таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки татбиқи технологияи рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба баланд шудани самаранокӣ ва беҳтар шудани сифати маҳсулот мусоидат мекунад, -таъкид намуд номбурда.
Лазима Онта-Бҳатта иброз дошт, ки Барномаи рушди СММ аз иқдоми Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушди хоҷагии рақамӣ барои коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳосилнокии кишоварзӣ истиқбол мекунад.
- Дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ мешавад, Барномаи рушди СММ тадқиқоти техникӣ-иқтисодиеро анҷом дод, ки ба пешрафти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, бахусус дар вилояти Хатлон, тавассути ҷорикунии технологияҳои рақамии кишоварзӣ нигаронида шудааст. Иқдоми мазкур ҷузъи асосии талошҳои мо барои навсозии бахши кишоварзӣ мебошад, ки дар иқтисоди Тоҷикистон нақши муҳим дорад, -гуфт ӯ.
Коршиноси байналмилалӣ Бахтиёр Эргашев таъкид намуд, ки ҳадафи тадқиқоти мазкур омӯхтани имкониятҳои кишоварзии рақамӣ, аз ҷумла кишоварзии дақиқ, баҳри бартараф сохтани мушкилоти мавҷуда ва беҳтарсозии маҳсулнокии соҳа буд.
- Баррасии технологияҳои мавҷуда ва тозаи кишоварзии рақамӣ, ки метавонанд барои вилояти Хатлон фоидаовар бошанд, инчунин, ҷамъоварии маълумот аз мақомоти давлатӣ, хизматрасонҳои технологӣ ва деҳқонон барои муайян кардани мушкилоти мавҷуда, пешниҳоди қадамҳои амалӣ дар асоси бозёфтҳо барои мусоидат намудан ба татбиқи хоҷагии рақамӣ дар вилояти Хатлон аз самтҳои асосии тадқиқот ба шумор мераванд, — иброз намуд Бахтиёр Эргашев.
Коршиносони байналмилалӣ Владимир Кошеев, Вячеслав Пияров, мушовир оид ба шарикони рушди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Раҷабова, корманди ЮСАИД Муҳиддин Нурматов ва дигарон низ вобаста ба аҳамияти технологияи рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла истифодаи обёрии қатрагӣ, гармхонаҳои «ҳушманд», истифодаи паҳбод (дрон) барои кишт, нуридиҳӣ, коркарди химиявӣ бар зидди зараррасонҳои зироат ва дигар масъалаҳо ибрози андеша намуданд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»