Ибтикори навбатӣ баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ

№ 01.03.2023

Якуми марти соли равон бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир гардид.

Дар он раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии кишвар аз минтақаҳои гуногун ширкат варзиданд.

Масъалаи асосии ҷаласа таъкидҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлисӣ Олӣ вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ буд.

- Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сайёҳиро яке аз соҳаҳои афзалиятнок барои рушди иқтисодиёти кишвар номида, барои беҳтар кардани сатҳу сифати фаъолият дастуру супориш доданд. Идома додани бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ омода кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷалби лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҳамон ҷумлаанд, — иброз дошт номбурда.

Зикр гардид, ки ҳоло 242 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунад ва аз ин шумора 112 — тоаш дар шаҳри Душанбе мебошанд.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»