Омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) на танҳо дар пойтахти мамлакат, балки дар музофотҳо низ эҳсос мегардад.
Тавре ба мо аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иттилоъ доданд, бо мақсади таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ як сол қабл Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ таъсис дода шуд. Ташкили чунин корхона имкон дод, ки мушкилоти таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ то андозае ҳалли худро пайдо намоянд.
Бо мақсади фаъол гардонидани кори коргоҳ ва беҳбуд бахшидани таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ лозим омад аввал масъалаи кадрҳоро ҳал намояд. Роҳбари ин идораи навтаъсис шахси ташаббускор ва фаъолу кордон Ҳаким Шералиев таъин гардид.
Ба ӯ лозим омад, ки корро аз сифр оғоз намояд. Аввалан, коллективи чашмикордон ва мутахассисони варзидаи ин соҳаро ҷамъ оварданд. Сипас, техникаю дигар воситаҳои зарурии кориро муҳайё карданд.
Буҷети ноҳия имкон намедод, ки ин корхона аз ҳисоби он маблағгузорӣ шавад. Биноан, лозим омад онро ба сифати корхонаи худмаблағгузор таъсис диҳанд. Ягона чизе, ки ба корхона аз солҳои шастуму ҳафтодуми асри гузашта мерос монда буд, ин якчанд чоҳҳои амудӣ маҳсуб меёфт. Барои пайдо намудани маблағ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони варзида якчанд лоиҳаро мураттаб сохта, ба созмонҳои байналмилалӣ пешниҳод намуданд. Дар ин самт ибтикороти онҳоро узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшо Қурбоналӣ ва раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим дастгирӣ намуда, бо созмонҳои фавқуззикр бо мақсади дастгирии ин кори муҳим нома ирсол намуданд.
Нахустин лоиҳа тариқи маблағгузории Созмони байналмилалии «Наҷоти Арал» татбиқ гардид. Ба масофаи 3 километр қубурҳои нави обгузар хобонда, сокинони кӯчаҳои сераҳолии Сомониён, Калинин ва якчанд паскӯчаҳои ҳамшафатро бо оби тозаи нӯшокӣ пурра таъмин карданд.
Сокини ноҳия Исматулло Ҳасанов аз заҳмати шабонарӯзии кормандони ин корхона изҳори хушнудию миннатдорӣ намуда, мегӯяд, ки воқеан онҳо баҳри таъмини мардум бо оби тозаи нӯшокӣ, ки солҳо боз орзуяш мекарданд, корҳои зиёдеро ба сомон расондаанд.
Лоиҳаи дуюме, ки тариқи Созмони байналмилалии КАРИТАС (Швейтсария) амалӣ гардида истодааст, имкон медиҳад кӯчаҳои Фрунзе, Ҷомӣ, Крупская, Панҷсолаи дуюми шаҳрак ва деҳаи ҳамшафати «Бӯстон — 1» бо оби нӯшокӣ таъмин гарданд. Лоиҳаи сеюм низ тариқи кумаки молиявии Созмони байналмилалии «Наҷоти Арал» амалӣ гардида, он деҳаи Агрономи деҳоти «Иттифоқ»-ро дар бар мегирад.
Ибтикороти мазкур аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки сиёсати Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таври шоиста амалӣ гардида истодааст.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»