Чанде қабл дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи шуъбаи махсуси Раёсати оперативӣ - ҷустуҷӯйии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он директори Агентӣ Салимзода Шерхон Одина, Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Миллард, Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лякин — Фролов И. С., намояндагони Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, намояндагони сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон ва идораҳои зиддимухаддиротӣ ширкат ва дуи аввал доир ба ҳамкориҳои муштарак ҷиҳати мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир суханронӣ намуданд.
Зикр шуд, ки бинои нави шуъбаи махсуси Раёсати оперативӣ - ҷустуҷӯйӣ дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, ҳамкорӣ ва дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сохта шудааст. Он дуошёна буда, дорои утоқҳои корӣ, толор барои гузаронидани ҷаласа ва хизматрасонии маишӣ мебошад. Инчунин, дар доираи лоиҳаи амалкунанда ба ихтиёри Агентӣ панҷ автомашинаи сабукрави хизматӣ вогузор шуд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»