Ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа, созмонҳо ва мақомоти давлатӣ ба татбиқи чорабинӣ оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии кормандон, ҳадафи гузаронидани ин ҳамоиш мебошад.
Ин нуктаро вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода дар суҳбати гирди мизе, ки 28 апрели соли 2021 бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат доир гардид, иброз намуд.
Дар он раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъмат, раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизбек Шарипов, ҳамоҳангсози Ташкилоти байналмилалии меҳнатдар Тоҷикистон Собир Аминов иштирок доштанд.
Ширин Амонзода қайд намуд, ки соли 2003 Ташкилоти байналмилалии меҳнат 28 апрелро расман Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат эълон намуд. Имсол Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат дар тамоми ҷаҳон дар мавзўи «Пешгўии буҳрон, омодагӣ ба банақшагирӣ ва вокуниш – сармоягузории низоми устувори ҳифзи меҳнат» баррасӣ мешавад.
Тибқи маълумоти Ташкилоти байналмилалии меҳнат, ҳар сол дар дунё дар натиҷаи садамаҳо дар истеҳсолот зиёда аз 2, 87 миллион нафар мефавтанд. Мувофиқи маълумоти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Тоҷикистон дар се моҳи соли 2021 шумораи осебдидагон 19 нафар ва фавтидагон 9 касро ташкил медиҳад.
Аз он қаноатмандӣ гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ маҷмўи тадбирҳоеро амали намуд, ки рушди қонунгузории самти ҳифзи меҳнати мамлакат таҳрик бахшиданд.
Тоҷикистон аз рўзи узвияти худ дар Ташкилоти байналмилалии меҳнат 51 конвенсияи ин ташкилотро эътироф намуда, Созишномаи байнидавлатии ИДМ — ро «Дар бораи ҳамкорӣ дар бахши ҳифзи меҳнат» тасдиқ намуд.
Маликшо Неъмат аз фаъолияти 95 солаи Федератсияи иттифоқҳои касаба, ҳамчун ниҳоди ғамхору «саховатпеша» ёдовар шуда, зикр кард, ки ҳифзи меҳнат, пеш аз ҳама, муносибати инсонӣ аст. Бетафовути ба муҳайё насохтани шароити осудаю шоиста барои пайомади ногувор хоҳад дошт.
Дар чорабинӣ «Таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат», «Таҳлили ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолӣ», «Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа — рукни асосии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ», «Усули муайянсозии бемориҳои касбӣ», «Мавқеи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмин намудани бехатарӣ ва гигиенаи меҳнат», «Саҳми Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи сиёсат дар самти бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»