Қонун ва иҷрои он

Ҳифзи муҳити зист.

№29 (4291) 04.03.2021

КАЛЛАЖ-2Оё дар ин самт фаъолу масъулиятшиносем?

Чанде пеш Идораи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе нисбат ба даҳҳо сокини пойтахт, аз ҷумла, моликони ошхонаҳо, парвандаи маъмурӣ боз карда, ашхоси гунаҳкор муҷозот шуданд. Дар шарҳи ин тадбирандешӣ масъулини идораи зикршуда ба расонаҳо гуфтанд, ки ашхоси мавриди назар партовҳои маишӣ ва сохтмониро дар соҳили дарё афкандаанд.

Ҳолати баамаломада далели он аст, ки шаҳрвандон аз талаботи қонунгузорӣ вобаста ба ҳифзи муҳити зист огоҳии комил надоранд. Барои мисол, тибқи муқаррароти моддаи 53-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд барои ҷамъоварӣ, кашонидан, безараргардонӣ, коркард, истифода, гӯронидан, инчунин кам кардани пайдоиши партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ чораҳои самарабахш андешида, меъёру қоидаҳои амалкунандаи экологӣ, санитарӣ-гигиенӣ ва зиддиэпидемиявиро риоя намоянд».

Бар замми ин мардум муваззафанд, ки аз партофтани партовҳои саноатӣ ва обҳои тозанашуда ба обанборҳои истифодаи умум, маҷроҳои селрав ва каналҳои обёрӣ, ҳудуди маҳалҳои истиқоматӣ, ҷангалзор ва киштзор худдорӣ намоянд. Риоя накардани қоидаҳои зикршуда боиси маҳдуд кардан ё боз­доштани фаъолияти корхона ва дигар объектҳо то бартараф кардани камбудӣ мегардад.

Ҳоло масоили марбут ба ҳифзи муҳити зист муҳимияти бештар касб карда, таваҷҷуҳи кишварҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфуз ба он афзудааст. Дар ин бора зиёд мегӯянд, вале на ҳама моҳияту манфиати масъаларо дарк кардаанд.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» «чорабиниҳои давлатӣ ва ҷамъиятии дорои хусусияти ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, технологӣ, маърифатӣ ва байналмилалӣ, ки ба таъмини ҳамоҳангии муносибати мутақобилаи ҷамъият ва табиат дар асоси ҳифз ва барқарорсозии муҳити табиӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, беҳтар намудани сифати муҳити зист, пешгирӣ ва рафъи таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияте, ки ба муҳити зист ва бартараф намудани оқибатҳои он равона гардидаанд», ҳифзи муҳити зист маънидод шудааст.

Дар ин робита бамаврид аст аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ, иҷтимоиву инфрасохторӣ ва дигар тадбирҳои таъсиррасонии давлатӣ буда, баҳри эмин доштану истифодаи самараноки захираҳои об ва замин, сарватҳои зеризаминӣ, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар захираҳои табиӣ, ки ба манфиати халқ равона шудаанд, ёдовар шавем.

Принсипҳои асосии ҳифзи муҳити зист меҳвари сиёсати зикр­шуда ба ҳисоб рафта, ин ҷанба аз барқарор намудану истифодаи оқилонаи муҳити зист бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, арзёбии таъсир ба муҳити зист ҳангоми қабули қарорҳо оид ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият таркиб ёфтааст.

Дар ин раванд афзалияти нигоҳдории системаҳои экологӣ, ландшафт ва комплексҳои табиӣ, имконпазирии таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият ба муҳити табиӣ, риояи ҳуқуқи ҳар як шахс барои дарёфти маълумоти дақиқ оид ба ҳолати муҳити зист, иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳои марбут ба ҳуқуқи онҳо ба муҳити зист низ мақоми меҳварӣ доранд.

Эътироф бояд кард, ки аксарият дар бораи объектҳои ҳифзи муҳити зист маълумоти кофӣ надоранд. Моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ба ин масъала бахшида шуда, тибқи муқаррароти он, замин, қаъри он, хок, обҳои рӯизаминӣ, зеризаминӣ, ҳавои атмосфера, қабати озонии замин, олами набототу ҳайвонот, ҷангал, инчунин, фонди генетикии онҳо ҳамчун объектҳои ҳифзи муҳити зист аз ифлосшавӣ, вайроншавӣ, осеб дидан, камшавӣ  ва дигар таъсири номатлуб муҳофизат мешаванд.

Мамнӯъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои табиии давлатӣ, ёдгориҳои табиӣ, паркҳо, боғҳои ботаникӣ, объектҳои олами набототу ҳайвоноти нодир ё зери хатари нобудшавӣ қарордошта низ таҳти муҳофизати махсус қарор дода мешаванд.

Мансубият ба объектҳои муҳофизати махсус низ хусусиятҳо дошта, замини назди соҳил ва минтақаҳои ҳифзи объектҳои об, ҳавзҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ, қитъаҳои муҳофизатии ҷангал аз ҳамон ҷумлаанд.

Ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон масъалаест, ки на ҳама дар борааш маълумоти кофӣ доранд. Қонунгузор муқаррар кардааст, ки шаҳрвандон ҳуқуқ доранд иттиҳодия ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратии фаъолияташон вобаста ба ҳифзи муҳити зистро таъсис диҳанд, ба мақомоти давлатӣ, дигар ташкилот ва шахсони мансабдор барои гирифтани иттилооти саривақтӣ, пурра ва дақиқи вобаста ба вазъи муҳити зист муроҷиат намоянд.

Дар раванди баррасии лоиҳаи нақшаҳо, барномаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба муҳити зист, арзёбии таъсир ба муҳити зист ва дигар масъалаҳои муҳими экологӣ ширкат варзидан низ ҳуқуқи онҳо ба ҳисоб меравад.

Ҳамрадиф бо ин, мардум уҳдадоранд, ки муҳити зист ва захираҳои табииро ҳифз ва эҳтиёт кунанд, ба мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист мусоидат кунанд.

Мушоҳида менамоем, ки аксарият ҳангоми истифодаи захираҳои табиӣ зиёдаравӣ менамоянду дар ин замина ба муҳити зист осеби ҷуброннопазир мерасад. Ноогоҳии шаҳрвандон аз муқаррароти қонунгузорӣ ва пайомади амалашон боиси тавсеа ёфтани ин раванд гардидааст.

Ин ҷо бамаврид аст аз муқаррароти моддаи 19-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», ки «Лимиту квотаҳои истифодабарии захираҳои табиӣ» ном дорад, ёдовар шавем. Тибқи он, лимиту квотаҳои истифодаи захираҳои табиӣ бо мақсади муайян кардани андозаи ниҳоии истифодаи захираҳои табиӣ, ихроҷи моддаҳои ифлос­кунанда ва ҷойгиронии партовҳо дар ҳудуд ва муҳлати муайян муқаррар мешавад.

Шаҳрвандон бояд донанд, ки лимиту квотаҳои зикршуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо мақсади тадриҷан расидан ба меъёри истифодаи захираҳои табиӣ, ҳадди имконпазири ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити зист ва ҷойгиронии партовҳо бо дарназардош­ти вазъи экологии ҳудуд муайян мегарданд.

Таъкид шудааст, ки дар сурати аз лимиту квотаҳои муқарраршуда зиёд истифода бурдани захираҳои табиӣ бояд маблағ пардохт шавад.

Дар сурати ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда, ҷойгиркунии партовҳо ва расонидани дигар намуд­ҳои таъсир ба муҳити зист, сарфи назар намудани лимит ва квотаҳои муқарраршуда низ аз ашхоси гунаҳкор маблағ ситонида мешавад. Тартиби ҳисоб ва татбиқ кардани меъёри пардохти маблағҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ ва таъсири манфӣ ба муҳити зистро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Бояд дарк кард, ки пардохти маблағи истифодаи захираҳои табиӣ ва расонидани таъсир ба муҳити зист истифодабарандагони табиатро аз иҷрои чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист, ҷуброни зарари ба он расонидашуда озод намекунад.

Тибқи талаботи роиҷ, ҳангоми роҳандозии фаъолияти хоҷагидорӣ ва бунёди иншоот экспертизаи экологӣ гузаронида мешавад. Ин намуди экспертиза барои санҷиши асоснокӣ ва мутобиқати хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташуда ба талаботи меъёрҳои сифати муҳити зисти табиӣ, қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва амнияти экологии ҷомеа гузаронида мешавад. Шаҳрвандон бояд дар назар дошта бошанд, ки сохтмон, мавриди истифода қарор додан, инчунин амалӣ сохтани фаъолияти дигари хоҷагидорӣ бе хулосаи мусбати экспертизаи экологӣ манъ аст.

Дилхоҳ шаҳрванд пеш аз тасмимгирӣ бояд огоҳ бошад, ки сохтмон, таъмиру таҷдиди объект, сарфи назар аз шакли моликияту тобеият, бе хулосаи мусбати экспертизаи давлатии экологӣ манъ аст. Муҳимтар аз ҳама, тағйир додани лоиҳа ё арзиши корҳои тасдиқшуда бар зарари муҳити зист иҷозат дода намешавад. Корҳои дар қисми экологии лоиҳа пешбинишуда афзалиятнок буда, дар навбати аввал бояд иҷро шаванд.

Ҷанбаи дигари муҳим муқаррароти қонунгузорӣ вобаста ба нақши вазъи экологии корхона ё объекти дигар зимни хусусигардонӣ, муфлисшавӣ, барҳамдиҳӣ маҳсуб мешавад. Тибқи он, хусусигардонии корхона ва дигар объектҳо бо дарназардошти натиҷаҳои санҷиши вазъи экологӣ имконпазир аст.

Ҳангоми оғоз намудани парванда оид ба муфлисшавӣ нисбат ба шахси ҳуқуқӣ — истифодабарандаи табиат низ санҷиши вазъи экологии он гузаронида мешавад.

Дар баробари ин, ҳолати экологии шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда ё аз нав ташкилдодашаванда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мавриди санҷиш қарор мегирад.

Табиист, ки нақши фаҳмондадиҳӣ дар ин раванд бориз буда, пинҳон доштан, сари вақт пешниҳод накардан ё аз тарафи шахсони мансабдор пешниҳод кардани маълумоти нодурусти соҳаи ҳифзи муҳити зист манъ аст. Дастрасӣ ва тартиби пешниҳоди он тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ» муқаррар карда мешавад. Дуруст ба роҳ намондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва шарҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ боис шудааст, ки шаҳрвандон аз муқаррароти қонунҳо огоҳии комил надоранд.

Ҳадафи иншои ин матлаб аз байн бурдани холигоҳи иттилоотии мавҷуда буда, мутмаинем, ки мавриди корбурди масъулин қарор мегирад.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»