5 июн - Рӯзи байналмилалии муҳити зист

Ҳифзи муҳити зист вазифаи ҳама фарди ҷомеа мебошад

№68 (4488) 04.06.2022

КИЁМЗОДАМусоҳиба бо муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон

- Дар мамлакат вазъи муҳити зист чӣ гуна аст? Дар ин бобат кишвар чӣ бартарию имконот дорад ва мушкилот кадом аст?

- Тоҷикистонро ҷаҳониён бо қуллаҳои сарбафалаккашидаи барфпӯш, чашмаҳои мусаффо, ёдгориҳои таърихию табиати афсунгар мешиносанду ба сайри он меоянд. Месазад ифтихорманд бошем, ки кишварамон бо тарзи давлатдорӣ, хиради азалии Роҳбари давлат, фарҳанги воло, меҳмоннавозию меҳнатдӯстии мардум, тараққиёти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҷаҳон обрӯю эътибори хоса пайдо кардааст.

Мақомоти давлатии ҳифзи муҳити зист маҳз ба шарофату файзи соҳиб­истиқлолии кишвар ба яке аз сохторҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, назорати давлатии экологӣ, обуҳавошиносӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зистро амалӣ менамояд.

Бояд гуфт, ки истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, солимгардонии муҳити зист вазифаи ҳама мебошад. Ҳоло экология ва ҳифзи муҳити зист яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт, тафаккури ҷамъиятии мардум, саломатии аҳолӣ, пешрафти давлат ба шумор меравад. Аз ин сабаб маълумоти мукаммал оид ба ҳолати захираҳои табиӣ, баҳодиҳӣ ва мушоҳидаи ҳолати онҳо метавонанд ба рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ мусоидат намоянд.

- Барои танзим ва пешбурди фаъо­лият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва таъмини суботи экологӣ қонун ва барномаҳои зиёд таҳия, қабул ва ҷонибдорӣ гардиданд. Баҳри татбиқи онҳо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом корҳоро анҷом дод?

- Барои танзими фаъолият қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи истифода ва ҳифзи олами ҳайвонот», «Дар бораи истифода ва ҳифзи олами наботот», «Дар бораи фаъолияти гидрометеорологӣ», «Дар бораи бехатарии биологӣ», «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», «Дар бораи мониторинги экологӣ», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» ва «Дар бораи экспертизаи экологӣ» мавриди амал қарор доранд.

Барои амалигардонии онҳо 27 санади меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрӣ таҳия ва бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. Мутахассисони кумита рафти иҷрои қонуну дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаро мунтазам назорат мекунанд ва дар ин самт вобаста ба бахшҳои гуногуни соҳа тадбирҳо андешида мешаванд.

Фаъолият дар самти пешбурди назорати давлатӣ мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ мегардад.

- Чун суҳбат дар арафаи баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 доир гардид, мехостам бигӯед, ки аҳамияти ин чорабинии сатҳи баланд дар ҳалли масоили об чӣ гуна хоҳад буд?

- Бо зиёд гардидани аҳолии сайёра ва кам гардидани захираҳои оби нӯшокӣ мушкилоти об дар аксар давлатҳо мушоҳида мегардад. Бо дарки муҳимияти масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба об пешсаф ва ташаббускори асосӣ мебошанд.

Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд оид ба масъалаҳои марбут ба об гардид. Ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба «Соли оби тоза» (соли 2003), «Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об» (соли 2013), «Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об — барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 кишварҳои ҷаҳон пазируфта, таваҷҷуҳи сиёсатмадорони маъруф ва созмонҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти об дар сайёра ҷалб гашта, барои тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт замина гузошта шуд.

Дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар ҷумҳурӣ чорабинии зиёд, аз қабили форум, фестивали об, марафони глобалӣ, намоишгоҳҳо ва ғайра пешбинӣ гардидааст, ки ҳадаф аз баргузории онҳо доир намудани муколамаҳо оид ба ҳалли мушкилоти об ва беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо об дар сайёра мебошад.

- Яке аз самтҳои фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист назорати давлатӣ дар самти истифода ва ҳифзи захираҳои об аст. Дар ин бобат чӣ корҳо анҷом ёфтаанд?

- Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ барои вайрон кардани талаботи қонунгузории соҳаи об нисбат ба 660 нафар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Инчунин, 128 ҳолати расонидани зарар ба табиат 56836,2 сомонӣ муқаррар гардид.

Дар доираи амалигардонии нақша — чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бо фармоиши раиси кумита дар се моҳи соли 2022 бо иштироки 81 817 нафар 272 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида, 553,47 км соҳил аз партов тоза карда, 974,7 м3 партов бароварда шуд.

- Таъсири тағйирёбии иқлим айни ҳол дар ҳама гӯшаю канори олам мушоҳида мегардад. Селу обхезӣ ва тундбодҳои шадид, сӯхтори ҷангалзорҳо, обшавии пиряхҳо, баланд шудани сатҳи оби баҳру уқёнусҳо зиёданд. Ин ҳолат, албатта, таъсиргузор аст ва барои пешгирию паст кардани хавфу хатарҳои табиӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

- Тамоюли гармшавии бошиддати иқлими сайёра ба ҳама кишвар таъсир расонида истодааст. Аз ҷумла, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳишёбии захираҳои обӣ дар мамлакат аз мушкилоти экологӣ маҳсуб мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим қайд намуданд, ки дар се даҳсолаи охир қариб ҳазорҳо пирях ба нестӣ расиданд ва боиси нигаронӣ мебошад.

Бо дарназардошти оқибатҳои ногувори ин раванд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар ин чорабинии байналмилалӣ пешниҳод намуданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, санаи мушаххаси «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муқаррар шавад. Истифодаи захираҳои обӣ бо мушкилоти афзоиши аҳолии сайёра, тағйирёбии глобалии иқлим, буҳронҳои молиявӣ, энергетика ва озуқаворӣ алоқамандии зич доранд.

Рушди соҳаи гидроэнергетика дар ҷумҳурӣ барои рушди «иқтисодиёти сабз» ва дар ин замина, пешгирии гармшавии иқлим саҳми босазо дорад. Дар Паёми Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст, ки Тоҷикистон аз ҳисоби партовҳои газҳои гулхонаӣ дар ҷойи 135 қарор дорад. Новобаста аз ин, Тоҷикистон, ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бо мақсади иҷрои созишномаҳои байналмилалӣ барои кам кардани газҳои гулхонаӣ саҳмашро гузошта истодааст. Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 ба Протоколи Киото ҳамроҳ гашт, ки он ба камсозӣ ва ё танзими хориҷшавии газҳои парникӣ ба ҳавои атмосфера уҳдадор месозад. Аз ҷумла, рушди истеҳсоли «энергияи сабз», истифодаи технологияи муосир ва автомобилҳои аз лиҳози экологӣ бехавф барои ҳалли мушкилот мусоидат менамоянд.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Барномаи давлатии ҳифзи пиряхҳо» қабул ва дар доираи татбиқи он як қатор чорабиниҳо барои ҳифзи пиряхҳо пешбинӣ гардидааст.

- Сатҳи маърифати экологии мардуми кишвар дар кадом поя қарор дорад ва дар ин самт кадом корҳо амалӣ мегарданд?

- Масъалаи асосие, ки дар самти ҳифзи муҳити зист таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, аз ҷумла наврасону ҷавонон, мебошад. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам ҳастанд нафароне, ки нисбат ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиат бетарафӣ зоҳир менамоянд. Кумитаи ҳифзи муҳити зист баҳри татбиқи қонунҳои ҷории соҳавӣ доир ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ корҳои муайянро ба анҷом расонида истодааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 таҳти №116 «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардида, ҷиҳати иҷрои он дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, воситаҳои ахбори омма ва аҳли ҷомеа чораҳои мушаххас андешида шуд. Аз ҷумла, ташкилу баргузории озмунҳо ва маҳфилҳои экологӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кормандони воситаҳои ахбори омма ба ҳукми анъана даромадааст. Имсол низ аз рӯи 6 номинатсия дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мавзӯи «Оқибати зарари партовҳо, аз ҷумла партовҳои пластикӣ ба муҳити зист», озмун эълон гардид, ки он дар арафаи Рӯзи байналмилалии муҳити зист ҷамъбаст мешавад.

Мақсад аз чунин тадбирандешиҳо аз он иборат аст, ки дар ҳаллу фасли минбаъдаи масъалаҳои экологӣ, ҳифзи муҳити зист, тозаю озода нигоҳ доштани шаҳру деҳот, ҳифзи саломатии аҳолӣ ҷонибҳои манфиатдорро ҷалб ва равона созем.

Мусоҳиб

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»