Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ

№ 03.05.2023

Чанде пеш дар Маркази тадқиқоти стртаегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Арзёбии амнияти иқтисодӣ» вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ доир гашт.                                                                                                                                          

Усмонзода Хайриддин – директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конфронс ҳусни оғоз бахшид. Донишмандону мутахасисони Марказ Анвар Бобоев, Ораз Муртазоев,  Ҷалил Паризода, Ихтиёр Ашӯров, Рустамҷон Қузратзода, Аниса Содиқова дар бобати нақши муҳоҷирати меҳнатӣ баҳри таъмини амнияти иқтисодии кишвар, хавфҳо ба амнияти иқтисодиии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳодисаҳои сиёсию иқтисодии ҷаҳон, иқтисодиёти сабз ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди он дар минтақа, иқтисоди рақамӣ, нақши сармоягузории хориҷӣ дар рушди бемайлони иқтисодиёти кишвар маъруза карданд.

Ҳадаф аз доир намудани чорабинии мазкур омодагии ҷиддӣ ба буҳронҳои наву эҳтимолӣ дар шароити ноустувории вазъияти сиёсӣ, пешгирии онҳо, истифодаи оқилонаи роҳҳои самараноки баланд бардоштани иқтидори иқтисодиёти миллӣ, таъмини рушди соҳибкорию сармоягузорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад.

Мирзо РУСТАМЗОДА, 

 «Садои мардум»