Имконоти нави ҳамкорӣ

№110 (3256) 23.09.2014

19 сентябри соли ҷорӣ дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Намоишгоҳ-ярмаркаи молҳои содиротии ноҳияи Мухтори Синтсзян-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой (НМСУ ҶХХ) ифтитоҳ ёфт. Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид зимни суханронӣ дар ифтитоҳи намоишгоҳ зикр намуд, ки он бо мақсади таҳкими муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор мешавад. Намоишгоҳ барои ҷалби сармояи ҶХХ ба иқтисодиёти кишвари мо, бунёди корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон, ҳамкории соҳибкорону тоҷирони ду давлати ба ҳам дӯст имконоти навро фароҳам меорад.

Ин нуктаро намояндагони  НМСУ ҶХХ  низ таъкид карда, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд, таъмини бозори истеъмолии Тоҷикистон бо молҳои гуногун ва ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ омодагии хешро баён намуданд.

Сипас, дар ҳуҷраҳои алоҳида молу маҳсулоти саноати сабук, хӯрокворӣ, техника ва технологияҳои замонавӣ, маснуоти сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, тиббӣ, намунаи ҳунарҳои дастии ноҳияи Мухтори Синтсзян-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой ба маърази тамошо гузошта шуд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»