Иммунизатсия бар зидди сирояти пневмококкӣ

№ 24.11.2023

Вобаста ба рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бар зидди сирояти пневмакоккӣ байни кӯдакони осебпазири аз якунимсола то панҷсолаи мамлакат, ки аз 20 – ум то 30 – юми ноябри соли равон мегузарад, 20 – уми ноябри соли 2023 дар толори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» – и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг баргузор гардид. Роҷеъ ба ин масъала директори муассисаи номбурда  Файзалӣ Саидзода зикр кард, ки дар саросари ҷаҳон сирояти пневмококкӣ яке аз мушкилиҳои ҷиддии саломатии ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Сирояти мазкур боиси зиёдшавии бемориҳои вазнини инвазивӣ, ба монанди менингит, сепсис ва пневмония, инчунин бемориҳои сабуктар ба монанди отити гӯши миёна, синусит ва бронхит мегардад. Аз рӯи натиҷаҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ҳамасола дар саросари ҷаҳон беш аз 500 ҳазор кӯдакони синни то 5 – сола аз бемориҳои пневмококкӣ мефавтанд, алалхусус кӯдакони синнашон то 2 — солаи давлатҳои рӯ ба тарақидошта.

-Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалигардонии Нақша — чорабиниҳои барномаи миллии мазкур, бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия, соли 2022 ваксинаи зидди сирояти пневмакоккиро (ВПК) ба ҷумҳурӣ ворид намуда, тибқи тақвими миллии иммунизатсия ваксинатсияи онро аз 1 – уми ноябри соли 2022 байни кӯдакони синнашон 2, 4 ва 12 — моҳа оғоз намуд.

Бо мақсади коҳиш додани бемориҳои пневмококкӣ байни кӯдакони осебпазири аҳолии кишвар (аз 15 — моҳа то 5 — сола), ки то давраи ба ҷумҳурӣ воридкунии ваксинаи ВПК — ноябри соли 2022 масуният бар зидди сирояти пневмококкӣ надоштанд,  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки аз 20 то 30 — юми ноябри соли 2023 Рӯзҳои иммунизатсияи оммавиро бар зидди сирояти пневмококкӣ байни ин гуруҳи мақсадноки аҳолӣ, яъне кӯдаконе, ки аз 1- уми декабри соли 2018 то 31 – уми августи соли 2022  таваллуд шудаанд, гузаронанд.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»