Иммунизатсия барои солимии аҳолӣ зарур аст

№57 (4319) 29.04.2021

Имунизатсия ШарофатАз 26 апрел то 2 майи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ  «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» гузаронида мешавад. Дар робита ба ин 26 апрели соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати гирди миз доир шуд.

Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии вазорат Наврӯз Ҷаъфаров иброз намуд, ки мақсади асосии ҳафтаи иммунизатсия баланд бардоштании маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти он дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ мебошад. Ҳар сол Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ намуда, дар Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия, чорабиниҳои тарғиботиро баргузор менамояд.

- Иммунизатсия аз ҷумлаи амалиёте мебошад, ки хеле арзон буда, барои ҳифзи саломатии аҳолӣ аҳамияти бузург дорад. Инчунин, яке аз қисмҳои асосии соҳаи тандурустӣ мебошад, ки ба ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола мусоидат мекунад.

Илова бар ин, иммунизатсия роҳи бехатар ва таъсирбахши пешгирии бемориҳост. Ҳоло ваксинаҳое дастрасанд, ки аҳолиро ҳадди ақал аз 20 намуди беморӣ, ба монанди гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз, фалаҷ, сурхча, баногӯшак, гулафшон, сирояти ротавирусӣ, сил, гепатити В, сирояти пневмококкӣ, сирояти гемофилии шакли b. муҳофизат менамоянд. Дар маҷмӯъ, онҳо ҳар сол ҳаёти се миллион одамро наҷот медиҳанд, — гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.

Дар чорабинӣ роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавски, муовини роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (Юнисеф) дар Тоҷикистон Зайнаб — ал Аззавӣ, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва намояндагони ВАО ширкат доштанд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»