Имтиёзҳо ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик

№105 (4367) 21.08.2021

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Федератсияи Россия хабар дод, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки солиёни зиёд ғайриқонунӣ дар ҳудуди мамлакат кору зиндагӣ кардаанд, дар ҳолати иҷро намудани ду шарт аз ҳудуди мамлакат ронда нахоҳанд шуд. Шарти аввал ин аст, ки муҳоҷирон ҳузури хешро дар Федератисияи Россия то 30 сентябри соли 2021 қонунӣ гардонанд. Ин корро дар шуъбаҳои раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират анҷом додан мумкин аст.

Вале шарҳ дода шуд, ки дар ҳолати сари вақт қонунӣ гардондани ҳузури муҳоҷирони меҳнатӣ онҳо аз мамлакат ронда нашаванд ҳам, аз онҳо ҷарима ситонида мешавад.

Ёдрас мешавем, ки моҳи апрели соли 2020 бо фармони Президенти Федерат­сияи Россия ба муҳоҷирони меҳнатӣ иҷозат дода шуд, ки бидуни бақайдгирӣ муваққатан, то 15 июни соли 2021 дар ҳудуди кишвар боқӣ бимонанд. Сабаб паҳншавии коронавирус ва ҷорӣ гардидани баъзе аз маҳдудиятҳо арзёбӣ шуд. Дертар сарвари давлати Россия ин муҳлатро то 30 сентябр тамдид намуд.

Боис ба зикр аст, ки соли 2021 шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Украина бештар гардидааст.

«Бештари муҳоҷирони меҳнатӣ ҳоло ҳам аз кишварҳои аъзои ИДМ ба Россия ворид мешаванд. Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ рӯз то рӯз зиёд гардида, айни ҳол 76 фоизро ташкил медиҳад», — изҳор намуданд дар ИНСАП. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки воридшавии шумораи бештари муҳоҷирон аз Тоҷикистон сурат гирифта, айни ҳол теъдоди онҳо аз муҳоҷирони Украина низ зиёд шудааст.

Тадқиқот, ҳамчунин, нишон дод, ки новобаста ба маҳдудиятҳои даврони пандемия, теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ аз давлатҳои аъзои ИДМ дар Россия қариб тағйир напазируфта, наздик ба 70 дарсади шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатии хориҷиро ташкил медиҳад. Шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ бошад, нисбат ба моҳи июни соли 2020 — ум 28 фоиз кам шудааст. Яъне, ҳоло низ дар Федератсияи Россия талабот ба муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ зиёд аст.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»