Ҳаждаҳуми ноябри соли 2020 Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022 — 2023 — ро қабул намуд.
Меҳвари асосӣ имтиёзҳои андозӣ маҳсуб мешавад, ки дар моддаи 15 қонуни зикршуда бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани соҳибкорони ватанӣ, таъсиси ҷойҳои кор ва тадриҷан коҳиш додани вобастагии бозори дохилӣ ба маҳсулоти воридотӣ муқаррар шудааст.
Дар робита ба ин масъала, Пешвои миллат зимни ироаи Паёмашон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат зикр карданд, ки «танҳо солҳои 2016-2018 маблағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин саҳми Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву истеҳсолӣ мебошад».
Тибқи моддаи зикршудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021», андоз аз арзиши иловашуда танҳо барои корхонаҳои коркарди гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ) барои воридот, коркард ва фурӯши маҳсулоти аз гандум коркардшуда 10 фоиз муқаррар шуда, баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда, ки барои хариди молу маҳсулоти дигар (кор ва хизматрасонӣ), ҷиҳати таҳвил ва фурӯши маҳсулоти аз гандуми коркардшуда пардохта шудааст, наметавонад аз 10 фоиз зиёд бошад.
Ибтикор вобаста ба ғанӣ намудани парки нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Душанбе соли 2021 низ идома ёфта, воридоти техника, воситаҳои нақлиёти махсус ва қисмҳои эҳтиётии он, нақлиёти барқӣ, ки номгӯй ва миқдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети шаҳри Душанбе харидорӣ мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озоданд. Ҳамчунин, воридоти қувваи барқ ва гази табиӣ ба ҷумҳурӣ аз ин имтиёз бархӯрдор хоҳанд буд.
Бо мақсади таъмини сокинони пойтахти мамлакат бо ғизои босифат Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ҳангоми фурӯши озуқа, инчунин, воридоти маҳсулоте, ки номгӯйи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, андоз аз арзиши иловашударо намепардозад.
Солҳои қаблӣ воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Маркази барқу гармидиҳӣ»-и Душанбе, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод буд. Ин анъана соли 2021 низ идома хоҳад ёфт.
Бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» меҳвар буда, иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосии меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ», панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон бо забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Кӯлоб ва Турсунзода, мактаб дар шаҳрҳои Бохтар, Левакант Ваҳдат, ноҳияҳои Файзобод, Данғара ва Дӯстӣ мутаносибан бо 1200, 320, 640 ва 540 ҷойи нишаст дар як баст, маҷмааи тандурустӣ барои 200 кат дар ноҳияи Қубодиён аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод шуданд. Инчунин, идомаи сохтмони долонҳои иловагии зиддитармавӣ дар қитъаҳои муайяншудаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ аз имтиёзи ҳамсон баҳравар хоҳад шуд.
Бо дарназардошти дар минтақаи дурдасти кӯҳистон ҷойгир будани ноҳияи Мурғоб соли 2021 барои воридоти ангишт аз Ҷумҳурии Қирғизистон (7200 тонна) ҷиҳати қонеъгардонии талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ноҳия андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ ситонида намешавад.
Дар пойтахти мамлакат сохтмони Театри миллӣ бомаром идома дорад. Тибқи муқаррароти моддаи зикршуда, иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосии он аз андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида озод гардид.
Аз имтиёзҳои андозӣ бахши энергетика низ канор намонда, соли 2021 ба уҳдадориҳои қарзии андозҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1», ки аз ҳисоби таҳвили неруи барқ ба Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба вуҷуд омадаанд, фоизҳои тибқи моддаи 73 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҳисоб карда намешаванд.
Илова бар ин, иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз тарафи намояндаи фармоишгар – консорсиуми «Tractebel Engineering S.A.» (филиали «Tractebel Engineering S.A.» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) оид ба сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки тибқи шартномаи тарафайн амалӣ мешавад, аз пардохти андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, инчунин иҷрои кор ва хизматрасонии зерпудратчиёни консорсиум аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод шуданд.
Бо мақсади рушди варзиш, аз ҷумла, футбол, Федератсияи футболи Тоҷикистон, воҳидҳои зертобеи он ва клубҳои футболи Тоҷикистон аз пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз воситаҳои нақлиёт, инчунин, мураббиёну бозингароне, ки аз хориҷи кишвар барои рушди фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва клубҳои футбол ҷалб мешаванд, аз пардохти андоз аз даромад озоданд.
Аз пардохтҳои гумрукӣ, хироҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод гардидани воридоти бланкҳои шиносномаҳои дорои ҳомили электронии иттилоот, тухмии зироатҳои кишоварзии дараҷаи суперэлита, элита ва репродуксияи якум, тухмии хушсифати кирмак барои пиллапарварӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда, чорвои зотӣ ва гӯштӣ, инчунин, ҳама навъи хӯроки чорво ҷузъи ин раванд маҳсуб мешавад.
Ба ин монанд, воридоти молу масолеҳи сохтмонӣ бо мақсади бунёди 10 қароргоҳ барои қабули меҳмонони сатҳи олӣ дар шаҳри Душанбе, қисмҳои эҳтиётӣ, маҳсулот ва ҷузъҳои алоҳида барои васлу истеҳсоли таҷҳизот ва мошинолоти кишоварзӣ барои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор, молу масолеҳи сохтмонӣ ва дастгоҳу таҷҳизот барои бунёди гармхонаҳои замонавӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озоданд.
Зимни пайгирии масъала маълум гардид, ки озод намудани воридоти маҳсулот ва воситаҳои нақлиётро аз пардохтҳои гумрукиву андоз муқаррароти моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медароранд.
Бино ба иттилое, ки аз Кумитаи андози назди Ҳукумати мамлакат дастрас кардем, ҳар сол, бо дарназардошти талабот баҳри дастгирии соҳибкорону сармоягузорон имтиёзҳои андозӣ муқаррар карда мешаванд. Аммо корхонаҳои коркарди пӯст, пашм, нахи пахта, абрешими хом ва дигар ашёи хоми соҳаи кишоварзӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ҳанӯз аз имтиёзҳо ба таври лозима истифода набурдаанд. Дар моддаи 345 Кодекси гумрук муқаррар шудааст, ки воридоти пули миллӣ ва асъори хориҷӣ (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматӣ), инчунин коғазҳои қиматнок, металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои киматбаҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Хазинаи давлатии сарватҳо, моле, ки ройгон ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, воридоти мол ба сифати кумаки башардӯстона, воридоти моле, ки ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба мақсади рафъи оқибати офатҳои табиӣ, садама ва фалокатҳо ройгон дода мешавад, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо, ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд, доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва асбобҳои тиббӣ, аз пардохти боҷи гумрукӣ озоданд.
Дар баробари молу маҳсулот ва таҷҳизоти зикршуда, воридоти моле, ки барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои созишномаҳои грантӣ ва қарзӣ амалӣ мешаванд, маҳсулоти махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон, масолеҳи сохтмонии иншооти сайёҳӣ, воридоти ашё (фурнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ ба корхонаҳои дӯзандагӣ, техникаи таъиноти кишоварзӣ, маҳсулоту лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ низ аз ин имтиёзҳо бархӯрдоранд.
Ин омил ва дигар далелу рақамҳои истифодашуда гувоҳӣ медиҳанд, ки бархӯрдорӣ аз имтиёз падидаи маъмул буда, онро хоси гурӯҳи алоҳида арзёбӣ намудан иштибоҳ аст.
Далер Мерганов,
«Садои мардум»