Ин шифохона, ки дар соҳили Сир ҷо дорад…

№152 (4258) 19.12.2020

изображение_viber_2020-12-18_15-00-4 6Саломатӣ муҳимтарин неъмати зиндагист. Мувофиқи пешгӯии олимон, 95 фоизи одамони кураи замин дар ҷисм 3 — 4, ҳатто аз ин ҳам бештар беморӣ доранд. Панҷ фоизи нафарони солимро навзодон ва кӯдакони то 5-сола ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, масъалаи зикршуда ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ба андешаи коршиносон, тозагӣ, истифодаи дурусти ғизои поку табиӣ ва хушҳолӣ метавонанд одамонро солим нигоҳ доранд. Таҳлилу андешаҳо дар ин самт зиёданд.

Асоси пайдошавии бемориҳоро чор ҷанба ташкил медиҳанд:

Экология — 10 %

Стресс (тарс) — 10 %

Ирсият – 10 %

Ғизо – 70 %.

1. Экология: муҳит, фазо, табиат сония ба сония бо ҳар сабабе хароб мешаванд. Зиёдшавии корхонаҳои саноатӣ, заводҳо, бухоршавии дудҳои ғализ аз сӯзишвориҳо ва ҷамъшавии партовҳо ба саломатӣ таъсири манфӣ мегузоранд.

2. Стресс: ҳар лаҳза, ҳар рӯз дар хона, дар роҳ, ҷои кор… сабабҳое ҳастанд, ки ба рӯҳу равони инсон таъсир мегузоранд. Масалан, барномаҳои хабарие, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизион намоиш дода мешаванд, ҳатман ба рӯҳияи одамон таъсир мерасонанд.

3. Ирсият: аз авлод ба авлод на танҳо симо, чашму абрӯ, қаду қомат ба ирс бурда мешавад, инчунин аз чанд фарзанд як ё ду нафарашон бемориҳои падару модарро мерос мегиранд.

4. Ғизо: хӯрокворӣ дар ҳоли ҳозир нигаронии зиёдро ба бор овардааст. Дар асри ХХ умри миёнаи аҳолии кураи замин аз 80 сол бештар буд. Ҳоло ин рақам хеле поён рафта ба 57 — 60 баробар шудааст. Сабабҳо зиёданд, пӯшида нест, ки ҳоло маҳсулоти ниёзи мардум, парвариши чорпову паранда бо истифода аз маводи химиявӣ ба роҳ монда шудаанд. Деҳқон бо истифода аз доруҳои кимиёвӣ дар як сол аз як гектар замин 3-4 маротиба ҳосил мерӯёнад. Дар мағозаҳои калони хӯрокворӣ «фабрикат»-ҳо хӯрокҳои тайёр фурӯхта мешаванд, ки истеъмолашон ба бемориҳои саратон, фишорбаландӣ, касалиҳои дил, ҷигар оварда мерасонанд.

Дар Япония мардум барои нигоҳ дош­тани саломатӣ аз моддаҳои фаъоли биологии ширкатҳои истеҳсолкунанда, аз қабили «Хитозан», «Кордицепс» истеъмол мекунанд. Чунин аст, ки умри миёнаи ҷопониҳо ба 90 сол баробар аст. Дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка низ 80 фоизи мардум аз моддаҳои фаъоли биологӣ истифода мебаранд.

изображение_viber_2020-12-18_ 15-00-47Бисёр беморон намедонанд, ки профилактика гирифтан аз табобат бо доруҳои химиявидошта авлотар аст. Профилактика тозакунӣ, пурракунӣ ва барқарории ҷисми инсон аст, ки баданро аз ҳар гуна такшин ва намак тоза мегардонад. Агар дар рӯдаҳои ғафс ифлосиҳои хушкшуда зиёд бошанд, шахсро ба беқувватӣ, дарди сар ва фишорбаландӣ бурда мерасонад. Роҳҳои профилактикӣ ва барқароршавии саломатӣ бисёр аст, ки ба духтурон муроҷиат мебояд кард.

Солҳои пеш бемороне, ки аз зиёдии намак ё ин ки сармозадагӣ азоб мекашиданд, дар фасли тобистон чанд дақиқа зери қум мемонданд ва ба онҳо аз гиёҳҳои шифобахш чойи гарм менӯшониданд. Пас аз он либосҳои гарм пӯшонида, ба хона меоварданд. Ҳамин як тарзи табобати анъанавӣ шифобахш буд. Чунки намакҳои бадан шуста мешуданд, вале ҳоло ин гуна табобатҳои халқиро бисёриҳо, қариб ки фаромӯш карданд.

Айни замон табибон барои барқароршавии саломатии беморон аз донишҳои замонавӣ истифода мебаранд. Дар ҷумҳурӣ осоишгоҳҳои зиёде ҳастанд, ки барои беҳбуд бахшидан ба саломатии одамон фаъолият доранд. Мо барои ошно гаштан бо фаъолияти Беморхонаи ҷумҳуриявӣ — физиотерапевтии ба номи Абдусаттор Нурматови шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба он ҷо рафтем. Он аз соли 1943 фаъолият дорад ва дар канори дарёи Сир ҷо гирифтааст. Саҳни калони табобатгоҳ, ки бо гулҳои рангаву муаттар оро дода шудаанд, бинандаро мафтун месозад ва касро рӯҳияи хуш фаро мегирад. Фаввораи саҳни ҳавлӣ ба дил фараҳ мебахшад.

Дар Беморхонаи ҷумҳуриявӣ-физиотерапевтӣ шуъбаҳои зиёд, аз қабили асаби бачагона — маҳс, асаб бо иллати ҳароммағз (беморон якҷоя бо парасторашон бистарӣ мешаванд), амрози дарунии кӯдакона, урологӣ, нисоӣ (занона), амрози дарунии калонсолон, амрози ҳозима, асаби калонсолон, тавонбахшӣ ва офият фаъолият доранд.

Беморони дар онҳо бистаришуда, вобаста ба беморӣ табобати физиотерапевтӣ мегиранд. Табобат бо гиёҳҳо, маҳс, сӯзандармонӣ, сандалӣ, лойи махсус, электросон, таҷҳизоти замонавӣ барои тоза кардани намак ва баровардани хунукӣ аз бадан ба роҳ монда шудааст.

Тавре мудири шуъбаи тавонбахшӣ, табиби амрози дарунӣ Мухбира Абдуллоева гуфт, иморатҳои беморхона солҳои зиёде таъмиру тармим нашудаанд, аммо ба ин нигоҳ накарда сатҳи табобат бо технологияи замонавӣ баланд буда, муштариён ризоанд. Шуъбаи офият аз таъмир баромад ва барои таъмиру тармими шуъбаҳои дигар барномарезӣ шудааст. Беморони зиёде бо роҳхати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан маъюбони гурӯҳи I ва II, ба ин ҷо меоянд, дар аввал назарашон намегирад, норозӣ буданашонро нишон медиҳанд, аммо боз барои табобат ба ин ҷо меоянд…

Мунирахон Пулатова ҳамшираи шуъбаи офият бо истинод ба бардошти беморон таъкид кард, ки онҳоро табобати олӣ ва чеҳраҳои кушоду муомилаи хуби табибону парасторон ба ин ҷо меорад.

Шамоли серуни Сирдарё рӯҳамро менавозад, бо дили пур аз фараҳ сӯи Душанбе роҳ пеш мегирам. Ба гӯшам садои дилангези шоири маҳбуб Муҳиддин Аминзода меояд:

Ин шифохона, ки дар соҳили Сир ҷо дорад,

Турфа як манзараи аз ҳама зебо дорад.

Лолаи кӯҳию шаббодаи дарё дорад,

Шӯхии оби равон, накҳати гулҳо дорад.

Худи ҳар дидани ин ҷой ба дард аст даво,

З-ин ҳаво ҳар нафаси тоза ба ранҷ аст шифо.

Назира САМАДОВА,

журналист