Рӯзҳои 5- 6 -уми майи соли равон Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифи расмӣ овард.
Роҳбарони ду давлат -Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгули Бердимуҳаммедов аз натиҷаҳои мулоқоту музокирот изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки он ба дурнамои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳо дар сатҳи олӣ мусоидат хоҳад кард.
Ин робитаҳо анъанаҳои неки қадимӣ дошта, торафт густариш меёбанд ва ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар хизмат мекунанд.
Пояи сиёсии муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон, ҳамчун ду кишвари соҳибистиқлол, 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол «Оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» гузошта шуд. Моҳи феврали соли 1995 дар Ашхобод Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Дар Душанбе низ Сафорати Туркманистон фаъолият мекунад.
Сараввал пойдевори муносибатҳои дуҷониба ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд, бо назардошти манфиатҳои ҳар ду кишвар, асос меёфтанд ва имрӯз алоқаи байни кишварҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, илмӣ- техникӣ, фарҳангӣ ва ғайра бомуваффақият густариш меёбад.
Хусусияти хоси ҳамкориҳои дуҷониба ин ҳузури ҳамешагии рӯҳияи эътимоди мутақобила, мувофиқати том ё наздикии мавқеи ду кишвар оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.
Тамосҳои сиёсии байни ду кишвар дар даврони истиқлолият бо мулоқотҳои сершумори расмӣ ва кории президентҳо, аъзои ҳукуматҳо ғанӣ гардонида шудаанд ва натиҷаи он, бешубҳа, усул ва ҷараёни инкишофи муносибатҳои дуҷонибаро муайян кардаанд. Дар доираи вохӯриҳои мунтазами Сарони ду кишвар масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон ба таври амиқ баррасӣ гашта, инчунин самтҳои афзалиятнок ва дурнамои тақвияти минбаъдаи онҳо муайян мешаванд.
Пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон зиёда аз 50 санаде мебошад, ки аз соли 1993 то соли 2012 ба имзо расидааст. Созишномаҳои имзошуда асоси ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, сармоягузорӣ, андоз ва гумрук ташкил медиҳанд.
Соли 2013 гардиши савдои ду кишвар 119,3 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар доираи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ Тоҷикистон аз Туркманистон маҳсулоти нафтӣ, равғани поки пахта ва семент харидорӣ мекунад. Дар навбати худ Туркманистон аз Тоҷикистон молҳои ниёзи мардум, алюминий, инчунин маҳсулоти кишоварзиро ворид мекунад.
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иқтисод маҳсуб меёбанд. Байни кишварҳои мо шарикии муваффақона дар соҳаи ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан ва алоқаи байналмилалии автомобилӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар рафти сафари ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар (моҳи январи соли 1993) санадҳое ба имзо расид, ки танзими паҳлуҳои гуногуни ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат фаро мегиранд.
Моҳи июли соли 1995, бинобар даъвати Президенти Туркманистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Ашхобод ташриф оварда буд. Дар ҷамъбасти он сафар Изҳороти муштарак қабул гардид ва як қатор санадҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун ба имзо расиданд.
Моҳи апрели соли 1999 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сурат гирифт, ки зимни он роҳбари кишвар дар кори ҷаласаи Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзид. Мақсади мулоқоти «Саммити Ашхобод» муайян кардани ҳадафҳои ҳамкориҳои минбаъда, ки ба ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ равона гардидаанд, ба ҳисоб мерафт.
Рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон сафарҳои расмии мутақобилаи Сарони давлатҳо ба шумор меравад. Аввалҳои моҳи октябри соли 2007 сафари расмии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом пазируфт ва моҳи декабри ҳамон сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Туркманистон ташриф овард. Сафарҳои мазкур, бешубҳа, самтҳои афзалиятноки ҳамкориро муайян намуда, ба рушд ва тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба таҳрик бахшиданд.
Моҳи декабри соли 2007 дар ҷараёни сафари расмии худ ба Туркманистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими тантанавии ифтитоҳи Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда, инчунин дар Конфронси байналмилалии «Дипломатияи боздоранда ва ҳамкориҳои байналмилалӣ» иштирок намуд.
Соли 2009 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон дар сатҳи олӣ ба вуқӯъ пайваст. Натиҷаи ин сафар муколамаи арзишманди Сарони ду кишвар вобаста ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун ва имзои санадҳои дуҷониба, аз ҷумла Созишнома оид ба Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ- тиҷоратӣ ва илмӣ- техникӣ ба шумор мерафт. Моҳи марти соли 2010 сафари расмии навбатии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом пазируфт, ки он ба фаъол гаштани робитаҳои дуҷониба такони тоза бахшид.
Дар чаҳорчӯбаи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои аъзои ИДМ 3 сентябри соли 2011, сафари кории Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Зимни ин сафар вохӯрии Сарони ду кишвар –Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгули Бердимуҳаммедов анҷом ёфт.
Рӯзҳои 22- 24 августи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо боздиди расмӣ ба Туркманистон ташриф овард. Дар рафти он сафар як қатор санадҳои дуҷониба ба имзо расид, ки ба фаъол гардонидани ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи минбаъда, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод, маориф, фарҳанг, инчунин ҳамкориҳои байниминтақавӣ, равона гардидааст.
Дар таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Ашхобод (моҳи марти соли 2013), ки бо иштироки сарони даҳ давлат баргузор гашт, аз ҷониби роҳбарони се кишвар- Тоҷикистон -Эмомалӣ Раҳмон,Туркманистон- Гурбонгули Бердимуҳаммедов ва Афғонистон- Ҳомид Карзай санади сеҷониба таҳти унвони «Ёддошти тафоҳум байни Туркманистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Тоҷикистон- Афғонистон- Туркманистон» ба имзо расид. Татбиқи лоиҳаи мазкур марҳилаи муҳим дар рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ миёни кишварҳои минтақаи Осиё хоҳад буд. Дар сурати татбиқ гаштани ин лоиҳа, Тоҷикистон имконияти диверсификатсияи масирҳои нақлиётии худро ба даст меорад, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо байни кишварҳои иштироккунандаи ин лоиҳа мусоидат хоҳад кард. Тавассути ин тарҳ имкони бунёди ҷойҳои нави кор фароҳам меояд ва табодули мол афзоиш меёбад, инчунин ба ҷалби сармояи хориҷӣ такони тоза бахшида хоҳад шуд.
5 июни соли 2013 дар шаҳри Атамуроди Туркманистон бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон маросими оғози расмии сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳани Тоҷикистон -Афғонистон- Туркманистон доир гардид.
Бо мақсади фаъолсозии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон ва истифодаи пурраи иқтидори васеи ду кишвар, аз соли 2008 то 2014 панҷ ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ гузаронида шудаанд, ки зимни онҳо масъалаҳои рушди робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои савдо, иқтисод, энергетика, саноат, алоқа, кишоварзӣ ва гуманитарӣ, ҳамчунин масъалаҳои уҳдадориҳои қарзӣ ва талаботи молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар доираи ҳамкориҳои фарҳангӣ бо ташаббуси сарони давлатҳо соли 2010 дар Туркманистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон гузаронида шуд. Моҳи июни соли 2013, дар арафаи баргузории маросими оғози расмии сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳани Тоҷикистон- Афғонистон- Туркманистон дар Ашхобод Рӯзҳои фарҳанг бо иштироки ҳайатҳои эҷодии Тоҷикистон бомуваффақият анҷом пазируфт. Инчунин намоиши китобҳо ва масолеҳи кишоварзӣ барпо гардид.
27 январи соли 2013 аз барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон 20 сол пур шуд. Ба ин муносибат дар шаҳрҳои Душанбе ва Ашхобод чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ бо иштироки аҳли адаб аз Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид, ҳамзамон конфронсҳои илмӣ, намоишгоҳҳои бадеӣ, фурӯши маҳсулоти нассоҷӣ ташкил карда шуд. Ба ин рӯйдод Рӯзҳои синамои Туркманистон дар Тоҷикистон низ бахшида шуд. Ин чорабинӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар вилоятҳову ноҳияҳои ҷумҳурӣ бомуваффақият доир гардид.
Дар маҷмӯъ, вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон тамоюли мунтазами рушдкунанда дорад. Дар онҳо ҷараёни амалисозии кӯшишҳои дуҷонибаи кишварҳо баҳри ҳамкории бисёрҷониба дар асоси иқтидор ва талаботи ҳар ду кишвар ба мушоҳида мерасад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»