Яке аз масъалаҳои мубраме, ки бояд дар бобати он андеша кард, ин таъсири технологияи навин ба афкору рафтори насли наврас мебошад. Албатта, наврасон бо технологияи муосир бояд ошноӣ дошта бошанд, зеро пешрафт ва замонавӣ буданро бидуни технологияи нав, хусусан интернет, тасаввур кардан номумкин аст.
Набояд фаромӯш кард, ки пешрафти технология, дар баробари он ки барои башар муфид арзёбӣ мегардад, зиндагии инсонро бо таҳдидҳои ҷиддӣ низ рӯ ба рӯ сохтааст. Метавон гуфт, технологияи навин хатарҳоеро эҷод намудааст, ки гоҳо ба нобудии ҳаёти моддӣ ва маънавии инсон меанҷомад. Рушди илм инсони пурқувват ва тобовар ба дардҳоро ба як инсони беҳавсала табдил додааст, ки ба варзиш камтар таваҷҷуҳ дорад. Аз ин сабаб, аксарият бо бемориҳои гуногун дасту панҷа нарм мекунанд. Ин раванд аз тафаккур то пӯшиши либосу истеъмоли ғизо ва хеле чизҳои дигарро тағйир додааст.
Аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими технологии муосир фазои маҷозӣ ва интернет аст. Ин падидаи навзуҳур дар тарбияи насли наврас бетаъсир нест. Барои мисол, дар деҳот наврасон аксари вақти хешро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд. Суоле ба миён меояд, ки кор бо интернет то куҷо дар тарбияи фарзанд таъсир гузошта метавонад? Вақте онҳо вақти зиёди худро дар саҳифаҳои интернетӣ сарф мекунанд, оё дар тарбияи онҳо таъсири манфӣ намерасонад? Агар дар деҳот ин раванд ба воситаи телефон ривоҷ ёфта бошад, дар шаҳрҳо интернет-кафеҳо тавсеабахши ин раванд маҳсуб мешаванд. Мушкили ҷиддие, ки дар тарбияи фазои наврас таъсири манфӣ мерасонад, бо баҳонаи дарс аз хона баромадану ба марказҳои интернетӣ рафтани наврасону ҷавонон аст. Вақте қувваи зеҳнии наврас бештар сарфи бозиҳои интернетӣ мешавад, барои дарсхонӣ вақти кам мемонад.
Бинобар ин, волидайнро зарур аст, ки бештар ба тарбияи фарзанд диққат диҳанд, аммо ин назорат набояд хашин бошад. Онҳо бояд дар истифодаи интернет барои фарзанд устод ва дӯст бошанд. Таҳқиқот нишон додааст, ки агар фаъолияти фарзандро ҳар чӣ бештар маҳдуд созем, ӯ ба самти мухолиф бештар ҳаракат менамояд. Волидайн ба насиҳату назорат, муаллимон бо ташкили давраҳои омӯзишии интернетӣ афзалият диҳанд, то ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят карда тавонанд. Онҳоро барои истифодаи дуруст аз интернет роҳнамоӣ кардан, маводи муфидеро ба волидайн пешкаш намудан, дар назди онҳо аз фоидаи сомонаҳои иҷтимоии ахлоқӣ ва тарбиявӣ сухан гуфтани волидайн ва шавқи фарзандро ба ин гуна сомонаҳо бештар кардан, дар истифодаи интернет вақти муайян таъйин кардан бояд мадди назар бошад.
Дар маҷмӯъ, интернет барои инкишофи шахсияти наврасону ҷавонон бояд истифода шавад, на барои табоҳшавии ҷисму рӯҳи онҳо.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»