Кор дар интернет шуғли асосии аҳолии аксар кишварҳои олам аст. Таҳлил нишон дод, ки моҳи январ якбора чанд ҷашн ва рӯзҳои махсус ба ин шабакаи умумиҷаҳонӣ марбут аст ва агар яке бозгӯйи манфиати интернет бошад, дуюмӣ, аз зарару хатарҳои он огоҳ месозад.
Санаи нахустини марбути интернет 11 январ – Рӯзи тавлиди Википедия буд. Википедия лоиҳаи якҷояи соҳибкор Ҷимми Уэлс ва доктори фалсафа Ларри Сэнгер буда, бидуни шубҳа манфиатнок аст ва ёрдамчии беминнати олимон ва муҳасиллин маҳсуб меёбад. Онҳо ба аксари саволҳои хеш аз Википедия метавонанд ҷавоб пайдо намоянд.
Рӯйдоди дуюм 23 январ - Рӯзи ҳусни хат аст. Ин рӯзро ба он хотир қайд менамоянд, ки дар аксар давлатҳои мутараққӣ одамон қариб ҳама кори худро ба воситаи компютер анҷом дода, аз эҳтимол дур нест, ки рӯзе навиштанро фаромӯш созанд.
Якшанбеи охири моҳи январ, ки имсол ба 27 январ рост меояд, Рӯзи бидуни интернет номида шудааст. Он бозгӯйи зарари интернет маҳсуб шуда, чанд сол боз қайд карда мешавад. Оид ба ин рӯз латифае мавҷуд аст:
Компютери ҷавоне, ки вақти худро дар шабакаи интернет мегузаронд, ногаҳон аз кор мебарояд. Усто барои таъмири он ду рӯз муҳлат мехоҳад. Ҷавон дар рӯзи сеюм компютерро ба кор дароварда, ба «дӯстон»-аш менависад: «Медонед, дар хонаи мо одамони хеле хуб зиндагӣ мекардаанд. Ман инро дар рӯзҳои вайрон будани компютерам фаҳмидам».
Санаи дигар, ки 28 январ таҷлил мегардад, Рӯзи байналмилалии ҳифзи маълумоти шахсӣ ном дорад.
Бархе маълумоти худ, баъзан сирру асрор, нақшаҳояшонро тавассути шабакаи интернет ба ёру дӯстон ва шиносҳо ирсол менамоянд ё дар саҳифаву сомонаҳо нигоҳ медоранд, ки хатарзост. Тараққиёти технологияи муосир ба ҳаддест, ки ҳама гуна маълумотро ҳатто аз телефону компютери ғайрифаъол низ берун оварда метавонанд…
Тақвим моро ҳушдор медиҳад. Биноан, зарур ва ногузир аст, ки ба интернет муносибати ҷиддитар дошта бошем.
Н.НИЗОМӢ, «Садои мардум»