Чиро меомӯзему чиро не?
ЧАНД САВОЛИ БЕҶАВОБ
Як гурӯҳ донишҷӯён ба идораи рӯзнома омаданду доир ба корҳои эҷодӣ суҳбат кардем. Яке аз онҳо мавзӯи суҳбатамонро ҷониби донишҳои техникӣ бурда, нигаронӣ кард:
- Дар донишгоҳ дониши техникии вобаста ба касбамонро мегирем, вале кифоя нест. Мехоҳем дар баробари навиштанро омӯхтан, инчунин танзими садову навор, саҳифабандии рӯзномаро, ки дар кори ояндаамон зарур мешавад, омӯзем, аммо…
- Аз интернет омӯзед. Дар фазои маҷозӣ, ки дунёи беохир ҳам ном бурда мешавад, ҳоло дилхоҳ соҳаро омӯхтан мумкин аст, — гуфтам.
- Мутаассифона, мо забони русиро то андозае намедонем, ки дар интернет аз наворҳои омӯзишии русҳо омӯзем, — гуфт дигаре.
- Чаро касбҳои бозоргирро мутахассисони тоҷик дар интернет намеомӯзонанд? — пурсид сеюмӣ?
- Барои чӣ танзимгар, барномасоз, мутахассиси SMM (маркетинг дар шабакаҳои иҷтимоӣ), дизайнер ва донандаи барномаҳои нав надорем? — савол дод, нафари чорум.
- Чаро дар умум мо ба касбҳое, ки дар муддати кӯтоҳ омӯхтан мумкин аст, таваҷҷуҳ зоҳир намекунем? – пурсид дигаре.
Ба ҷои ҷавоб ба саволҳояшон гуфтам, ки хуб мешавад ҳадди ақал забони русиро омӯзед, зеро барои рушди худ дар интернет ин забон хеле муҳим аст. Бачаҳо дуруст мегӯянд. Бо вуҷуди мутахассисони хеле хуб доштан, мо дар фазои маҷозӣ саҳифаҳои омӯзишӣ кам дорем.
Дар сегменти русӣ ва англисии интернет, ки ба мо наздиканд, садҳо наворҳои омӯзишӣ, ҳатто курсҳои алоҳида доир ба ҳар соҳа, ҳар барнома ва ҳар мавзӯъро пайдо кардан мумкин аст. Барои мисол, саҳифабандони рус ва англис дар «YouTube» саҳифабандии рӯзнома, маҷалла, китоб, баннер ва ғайраҳоро меомӯзонанд. Иловатан, барои аудиторияашон тарзи кор дар ҳар барномаро бо номҳои «Курси омӯзишии барномаи Adobe InDesign 2020», «Курси омӯзишии саҳифабандӣ дар барномаи Adobe InDesign 2021». Ҳамин тавр, доир ба мавзӯъҳои хос, «кор бо матн», «кор бо сурат», «кор бо матну сурат дар якҷоягӣ» ва ғайраҳо навори алоҳида мекунанд. Тавре саҳифаҳояшонро пеш мебаранд, ки корбарони интернет мувофиқи донишу фаҳмиш аз онҳо истифода мекунанд.
Нафаре, ки бо барнома умуман шинос нест, курси пурраро меомӯзад, нафаре, ки медонаду баъзе нофаҳмиҳо дорад, аз мавзӯъҳои алоҳидаи онҳо истифода мебарад.
Мо дар кишвар мутахассисони сатҳи баланд зиёд дорем, ки намояндаи соҳаҳои гуногунанд. Касбҳои наву бозоргирро то андозаи даркорӣ медонанду фаъолияти босамар доранд. Аз барномасозӣ то дизайну мутахассиси SMM, аз донандаи барномаҳои танзимӣ то саҳифабандони ҳирфаӣ, вале дар миён монеаи номаълуме мавҷуд аст, ки касе аз онҳо иқдоми роҳандозии курси худро намекунад.
Дар интернет дониши худро ба мардум додан, агар аз як ҷиҳат, кори хайр бошад, пас аз ҷониби дигар, тарғиби истеъдод аст. Барои мисол, аксари нафароне, ки дар интернет ба мардум соҳаеро ройгон меомӯзонанд, ҳатман курси махсуси пулакии худро доранд.
БА ҶОИ СЕ НУҚТА
Ҳоло дар кишвар зиёда аз 4 миллион корбарони интернет ҳастанд, ки мутаассифона, аксаран мувофиқи табъу завқашон матолиб намеёбанд. Агарчӣ сафи фаъолон ё худ блогерон рӯз аз рӯз зиёд шуда бошад ҳам, матолиби таҳияшуда мазмунан беҳ намегарданд.
Моро мебояд иқдомҳоеро пеш гирем, ки насли калонсол дар интернет ҳам барои насли ҷавон роҳнамо бошад. Замоне расидааст, ки муаллим дар баробари таълим додан дар мактаб, дар фазои маҷозӣ ҳам омӯзонданро оғоз кунад.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,
«Садои мардум»