Иштирокчиёни бартарафсозии фоҷиаи Чернобил чӣ ҳол доранд?

№56 (4318) 27.04.2021

17517_bigДирӯз аз фоҷиаи мудҳиши садамаи Неругоҳи барқӣ — атомии «Чернобил» 35 сол сипарӣ гардид. Дар робита ба ин, хабарнигорамон бо раиси Шӯрои чернобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии бартарафсозии садамаи НБА «Чернобил» Фаридун Ҳакимов ҳамсуҳбат шуд.

- Неругоҳи барқӣ-атомии «Чернобил» дар соҳили дарёи Припят, 18 километр дуртар аз шаҳри Чернобили Ҷумҳурии Украина дар минтақаи васеи қисмати шарқии бо ном бешазори украинӣ — беларусӣ қарор ­дошт, — иброз дошт ӯ дар оғози суҳбат ва афзуд: — Олимону донишмандони он давра баъди хулосабарорӣ муайян карданд, ки энергияи як кило уран ба энергияи се миллион кило ангиштсанг баробар буда, ҳамчунин қувваи барқи аз як кило уран ҳосилшуда ба қувваи барқи аз чандин ҳазор метри кубии об ҳосилшуда баробар аст. Ҳамаи ин хароҷотро ба назар гирифта, на танҳо олимони Иттиҳоди Шӯравӣ, балки тамоми дунё ба хулоса омаданд, ки хароҷоти Неругоҳи барқӣ-атомии «Чернобил» нисбат ба неругоҳҳои барқӣ-атомии дигар давлатҳо хеле камтар буда, аз ҷиҳати экологӣ бартарӣ дорад. Сохтмони он соли 1975 оғоз гардида, соли 1984 ба итмом расид. Неругоҳ аз чор энергоблок иборат буда, таркиши тавоноии ҳар яки он 300 маротиба пурқувваттар аз таркиши бомбаҳои атомии дар шаҳрҳои Хиросима ва Нагасакии Япония, ки 6-ум ва 9-уми августи соли 1945 аз ҷониби Қувваҳои ҳарбӣ — ҳавоии ИМА партофта шуд, ба ҳисоб меравад.

- Сабаби рух додани садамаи Неругоҳи барқӣ — атомии «Чернобил» чӣ буд?

- Садама шаби 26 апрели соли 1986 соати 1:23 дақиқа бо вақти Москва рух дод. Баъд аз он таркиши мудҳиш якбора оташ аланга зада, реактори атомии энергоблоки 4-умро пурра аз кор баровард. Сабаби таркишро олимон беаҳамиятии нав­батдорони неругоҳ ва истифодаи нодурусти дастгоҳҳои идоракунандаи энергоблок арзёбӣ намуданд.

Дар натиҷаи таркиш ва сӯхтор муҳити атроф бо моддаҳои радиоактивии радионуклидҳои плутоний ва сезий-стронсий заҳролуд гардид. Таркиши сахти энергоблок деворҳои аз плитаҳои азим сохташударо, ки беш аз ҳазор тонна вазн доштанд, рахна намуд.

Сӯхтор то дамидани субҳ пурра бартараф шуда, дар рӯзи аввали ҳодиса 104 осебдидаро ба беморхонаи шаҳри Москва интиқол доданд. Ҳамчунин, дар бадани 134 аъзои дастаи наҷотбахшиву сӯхторхомӯшкунӣ ва нафарони зиёди атрофи неругоҳ бемории нурӣ пайдо шуда, дар ду-се моҳи минбаъда 28 нафари онҳо фавтиданд. Баъди омӯзиши зиёд олимон онро бузургтарин фоҷиаи инсонии қарни ХХ маънидод карданд.

- Шумо ва дигар шаҳрвандони кишвар дар бартарафсозии оқибатҳои садамаи неругоҳ иштирок дош­тед. Дар он шабу рӯзи даҳшатбор вазъи шаҳр чӣ гуна буд ва аҳолии он дар кадом ҳол қарор доштанд?

- Шаҳри Чернобил холӣ буд, зеро дар рӯзҳои аввали баъд аз таркиш сокинони он ва гирду атрофро фаврӣ ба дигар шаҳрҳои Украина, Беларус ва вилоятҳои ғарбии ба Украина ҳамсарҳади Федератсияи Россия кӯчониданд. Дар шаҳр танҳо пиронсолоне мезистанд, ки иваз кардани ҷои зистро зарур намешумурданд. Ба онҳо либосҳои махсуси зидди заҳрҳои радиатсионӣ дода шуд, то ки нури моддаҳо ба организм ворид нашавад.

Барои бартарафсозии ҳудуди заҳролудшудаи радио­активи калон, ба минтақаи офатзада зиёда аз 200 ҳазор мутахассиси ғайриҳарбӣ, бештар аз як миллион хизматчии ҳарбӣ ва дигар қувваю воситаҳои гуногун сафарбар шуданд. Дар бартарафсозии оқибати садамаи Чернобил панҷ ҳазор нафар сарбози дар эҳтиётбудаи тоҷик ва ҳазор ҷавони нав ба хизмати ҳарбӣ даъватшудаи тоҷикис­тонӣ иштирок намуданд.

Маҳз бо меҳнати софдилонаю қаҳрамононаи ин қувваи бузурги мардони шуҷоу далер имконият фароҳам омад, ки аз моҳи апрели соли 1986 то моҳи декабри соли 1990 оқибатҳои садамаи Неругоҳи барқӣ — атомии «Чернобил» аз байн бардош­та шавад. Бартарафсозандагон хоки заминро канда, ба ҷояш хоки нав меоварданд, дару девор, боми хонаҳо ва муассисаҳои таълимиву тиббиро бо моддаҳои махсус безарар мекарданд.

Баъди чор соли бартарафсозии садама Қонуни Иттиҳоди Шӯравӣ «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати НБА-и «Чернобил» зарар дидаанд» қабул гардида бошад ҳам, вале он амал намекард. Баъд аз пош хӯрдани давлати абарқудрат дар асоси қонуни зикршуда Қарори Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №223 «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати НБА-и «Чернобил» зарар дидаанд», ба тасвиб расид ва то соли 1998 бо сабаби вазъи номуътадили сиёсию иқтисодии кишвар муқаррароти он иҷро намегардид.

- Алҳол онҳое, ки дар он фоҷиаи мудҳиш ҷоннисорӣ карданд, чӣ ҳол доранд?

- Ҳазорҳо инсони маъюбу қобилияти коргумкарда, шумораи зиёди тифлони баъд аз фоҷиа бо бемории сироятӣ бадунёомада, садҳо оилаи бесаробонмондаю модарони ҷигарбанд аз дастдода ва ҳазорҳо сарнавишти шикастаи инсонӣ бо мушкилиҳои ҳалношуда «самара»-и садама аст. Бартарафсозандагони садамаи Неругоҳи барқӣ — атомии «Чернобил» маъюби якумрӣ дониста мешаванд. Зеро онҳо аввалин шахсонеанд, ки нури моддаҳои радиатсиониро гирифтаанд.

Фоҷиаи Чернобил бори дигар собит сохт, ки як реактори атомӣ метавонад ҳаёти ҷони даҳҳо миллион инсонро рабуда, даҳҳо миллион нафари дигарро ба бемории гуногун дучор созад.

- Барои беҳбуд бахшидани зиндагии бартарафсозандагони садама дар кишвар чӣ чораҳо андешида мешаванд?

- Дар ҷумҳурӣ Ташкилоти «Чернобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 1991 таъсис ёфта, баъдан бо дастгирии Ҳукумати мамлакат 24 майи соли 1997 Ҷамъияти «Чернобилчиёни Тоҷикистон» ташкил шуд. Шӯрои ҷамъият аз соли 1998 таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари садамаи НБА «Чернобил» зарар дидаанд»-ро шурӯъ намуд ва он 5 марти соли 2007 қабул гардид. Минбаъд чернобилчиёни Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо карданд, ки барои ҳифзи ҳуқуқашон ба ниҳодҳои масъули давлатӣ муроҷиат намоянд.

Мутаассифона, соли 2012 нафақаи кӯдакони маъюб бекор карда шуд ва он то ҳол дар қонун ҷой дода нашудааст. Баъд аз қабули қонуни мазкур Шӯрои ҷамъият дар се сол дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳофизат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷудо намудани квота барои дохилшавии фарзандони чернобилчиён ба донишкадаҳои олӣ ва муассисаҳои миёнаи касбӣ»-ро таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кард. 30 декабри соли 2009 қарор қабул гардид, ки минбаъд ҳар сол барои фарзандони ин табақаи ҷомеа 20 квота ҷудо мешавад.

Ҳамчунин, масъалаҳои дигари барои чернобилчиён зарурро, аз қабили лоиҳаҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои додани қарзи имтиёзноки дарозмуддат барои харидан ё сохтмони манзили зист» ва «Дар бораи тартиби пардохт намудани ҷубронпулӣ, пардохти маблағи хӯрокаи иловагӣ барои фарзандони чернобилчиён»-ро таҳия  ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намуда, хулосаи онҳоро ба назар гирифта, ба лоиҳаи қарорҳо тағйирот ворид намуда, так­роран ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод намудем, вале то ҳол ҳал нашудаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шароити зиндагии 15 фоизи чернобилчиёни кишвар ба талабот ҷавобгӯ нест. Аксари онҳо манзили зист надоранд ё иҷоранишинанд ё дар манзили хешу табор иқомат мекунанд. Дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасмим гирифтаанд, ки барои чернобилчиён замини наздиҳавлигӣ ҷудо намоянд.

15 ноябри соли 2007 Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи Чернобил» ба Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи маъюбони Чернобил»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Ҳоло дар қайди он 1860 иштирокчии бартарафсозии оқибатҳои садамаи Неругоҳи барқӣ — атомии «Чернобил», аз ҷумла, 1410 маъюби гурӯҳҳои 1, 2, 3 ва 3600 нафар кӯдаки дар қайди диспансерии маркази саломатӣ буда, инчунин, 260 оилаи бесаробонмонда мебошанд. Ҳамчунин, се ташкилоти вилоятӣ , 17 ташкилоти ҷамъиятии шаҳрӣ ва 47 ташкилоти ҷамъиятии ноҳиявӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳарчанд 398 нафар иштирокчиёни садамаи Чернобил дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият дошта бошанд ҳам, вале вазъи саломатиашон чандон хуб нест. Мутаассифона, то ҳол муроҷиату пурсиши онҳо танҳо дар рӯи коғаз мемонаду табибон на ҳама вақт ба дардашон марҳам мешаванд.

Мусоҳиб Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»