(IMF/WB SPRING MEETINGS 2018)
Намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Илҳом Раҷабов ва роҳбарони воҳидҳои сохтории БМТ дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Вашингтони ИМА 16 — 22 апрели соли 2018 баргузор гардид, чанд мулоқоту машварати судмандро анҷом доданд.
Дар вохӯрии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ, ки таҳти роҳбарии ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Сирил Муллер доир гашт, масоили ҳамкории дуҷонибаи судманд дар самти гуногуни иқтисодиёт баррасӣ шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев зимни суханронӣ оид ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва дар ин замина эълон намудани мораторий барои санҷишҳо ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, шароит ва имкониятҳои мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ ва соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла гидроэнергетика, туризм, низоми бонкӣ, дастрасӣ ба бозори коғазҳои қиматноки ҷаҳонӣ ва барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ бо бонкҳои ИМА маълумоти муфассал манзур намуданд.
Зимни мулоқот ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсусро барои иштироки Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқ ва анҷоми саривақти корҳои сохтмонии иншооти бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ — Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон босуръат идома дорад, инчунин барои ширкат дар лоиҳаҳои дигар, аз қабили хатти интиқоли барқи САSA – 1000 ҷалб намуданд.
Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Сирил Муллер дар рафти мулоқот барои тавсеа бахшидани ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи гидроэнергетика, кишоварзӣ, бахши хусусӣ дар минтақаҳо, дастрасии аҳолии ноҳияҳои дурдаст ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди омилҳои инсонӣ изҳори омодагӣ намуд. Дар маҷмӯъ, барои татбиқи лоиҳаҳои Бонки ҷаҳонӣ дар асоси стратегияи миёнамуҳлат ҷиҳати дастгирии рушди устувори низоми молиявию бонкӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда аз ҷониби ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Сирил Муллер изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Шуъбаи матбуоти БМТ