Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат вобаста ба талаби рӯз ислоҳот мегузаронад. Аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ, ки дар кишвар яке аз соҳаҳои асосӣ ба шумор меравад, тайи солҳои охир як қатор барномаҳо амалӣ мешаванд.
Аз соли 2003 инҷониб баҳри дастгирии ислоҳоти замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) татбиқ мегардад.
Инак, татбиқи Лоиҳаи нави USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфт. Ба ин муносибат дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и пойтахт маросими ифтитоҳи фаъолияти гурӯҳи корӣ ва муаррифии лоиҳаи мазкур баргузор шуд. Дар он намояндагони ташкилоти номбурда, Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, вазоратҳои адлия ва кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хабарнигорон иштирок доштанд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Қосимов аз дастгирии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар соҳаи ислоҳоти замин дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карда, роҷеъ ба заминаҳои татбиқи ин ислоҳот, рушди соҳаи кишоварзӣ дар мамлакат ҳарф зад.
Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан М.Элиотт ва иҷрокунандаи вазифаи Директори Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон Эрин Рича ҳадафҳои татбиқи лоиҳаи мазкурро шарҳ доданд. Онҳо, аз ҷумла иброз доштанд: «USAID ба воситаи ин лоиҳа таҷдиди хоҷагиҳои деҳқониро дастгирӣ намуда, ҳуқуқ ба моликиятро тақвият мебахшад. Кафолати ҳуқуқи заминистифодабарӣ асос барои беҳтарсозии вазъияти иқтисодии деҳқонони Тоҷикистон ва баланд бардоштани амнияти озуқа ба ҳисоб меравад. Ислоҳоти замин бояд ҳуқуқи деҳқононро ба замин кафолат диҳад, ҷалби сармоягузориро бештару деҳқононро ҳавасманд гардонад. Он маҳсулнокии хоҷагиҳоро баланд бардошта, даромади онҳоро зиёд месозад».
Лоиҳаи сесола бо буҷети 5,5 миллион доллари ИМА як қисми Барномаи «Озуқаворӣ ба хотири оянда» аст, ки пешбарии сиёсати заминро вобаста ба ҳуқуқ ба замин дастгирӣ менамояд ва ҳамчунин барои ташкили бозори замин мусоидат мекунад. USAID дар 12 ноҳияи қисмати ғарбии вилояти Хатлон ташкили шабакаҳои марказҳои дастгирии ҳуқуқии маҳаллӣ (МДҲ) ва ташаббускорон (фаъолони маҳаллӣ)-ро бо мақсади иттилоотонии деҳқонон дар бораи ҳуқуқҳояшон, омӯзиши намояндаҳои мақомоти давлатии иҷроияи маҳаллӣ оид ба қонуну қарорҳои нав дар соҳаи заминистифодабарӣ, ҳалли баҳсҳо бо роҳи медиатсионӣ ва ҳимояи манфиатҳои деҳқонон дар судҳо дастгирӣ менамояд. Шабакаи МДҲ ва Ташаббускорон инчунин дар бораи вазъи хоҷагидории озод маълумот пешниҳод намуда, дар минтақаҳо барои дастгирии самти фаъолияти лоиҳа дар ислоҳоти қонунгузорӣ маълумоти саривақтӣ пешниҳод менамоянд.
Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»