Ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳидоятгари бунёдкориҳост

№135(3436) 12.10.2015

Иқтисодшиноси машҳури англис Адам Смит гуфта буд, ки «шахс барои манфиати худ кор карда, ҳис намекунад, ки ба ҷомеа чӣ қадар манфиат овардааст».  Вақте бо натиҷаҳои фаъолияти соҳибкорони мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шинос шудам, дурустии ин гуфта бори дигар собит гардид. Аз  моҳияти бахши соҳибкорӣ бармеояд, ки он дар тамоми ҷаҳон ҳамчун қувваи пешбарандаи иқтисодиёт эътироф гардидааст, зеро дар заминаи фаъолияти пурмаҳсул ва тасмиму кӯшишҳои намояндагони ин бахш ҷойҳои нави корӣ фароҳам омада, афзоиши истеҳсолоти рақобатнок, рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ таъмин мешавад.

Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бахши хусусӣ ва сармоягузориро дар стратегияи рушди дарозмуддати худ яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати иқтисодӣ муайян карда, ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Амалӣ гардидани як силсила ислоҳот давоми солҳои охир, аз ҷумла  содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорон ва сармоягузорон, содагардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, ислоҳоти низоми андозбандӣ, ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ далели возеҳи ин гуфта буда метавонад.

Намунаи қобили таваҷҷуҳ  таъсиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Президенти ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ки фаъолияти он ба соҳибкорону сармоягузорон имконият медиҳад, ки андешаҳои худро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ мустақиман ба Президенти мамлакат пешниҳод намуда, дар марҳилаҳои асосии қабул ва татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ иштирок намоянд.

Табиист, ки кулли пешравиҳо дар заминаи ибтикороти ашхоси ватандӯст рӯи кор меоянд. Неъматулло Ҳаитов аз ҷумлаи соҳибкоронест, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳидоятгараш дар ҷодаи бунёдкориҳо гардидааст. Мавсуф собиқаи зиёда аз 20 — солаи соҳибкориро дошта, тӯли ин солҳо дар ободии кишвар ва таъмини аҳолӣ бо дорувории босифат саҳми муассир дорад.

Суҳбати мо бо номбурда дар арафаи таҷлили Рӯзи соҳибкорон сурат гирифт. Дар оғози суҳбат мусоҳибам таҷлили ин санаро нишонаи таваҷҷуҳи хоса ва эҳтирому арҷгузории Роҳбари мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон арзёбӣ намуд. Номбурда ба он назар аст, ки соҳибкорони кишвар бояд дар посухи ин дастгириҳо фаъолияташонро ба нафъи миллату Ватан  беш аз пеш тавсеа бахшанд. Дар идома ҳамсуҳбатам аз мавҷудияти заминаи мукаммали меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти соҳибкорон изҳори қаноатмандӣ намуда, минҷумла гуфт, ки дар самти ҳимоя ва дастгирии соҳибкорон ва сармоягузорон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд.

Дар баробари ин вобаста ба ислоҳоти низоми андозбандӣ Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид, ки амали он аз соли 2013 оғоз шуд. Дар асоси он номгӯйи андозҳо ва шумораи эъломияҳои андоз кам карда шуданд. Ҳамакнун  пешниҳоди ҳисоботи андоз тариқи электронӣ ба роҳ монда шудааст, ки пеш аз ҳама, боиси содагардонии андозсупорӣ мешавад.

Неъматулло Ҳаитов муътақид аст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти иқтисодӣ доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ мебошад. Бо дарназардошти ин, низоми «Равзанаи ягона» барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҷорӣ карда шуд, ки он ба содагардонии расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, таъмини шаффофият, бартарафсозии монеаҳои гуногун дар самти ташкили шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст.

- Давоми фаъолияти худ ба сифати соҳибкоре, ки ба воридоти маводи доруворӣ машғул будам, ба хулосае омадам, ки дар шароити кунунӣ аз хориҷи кишвар ворид намудани баъзе доруворӣ, аз ҷумла маҳлулҳои обӣ барои пешгирии бемориҳои сироятӣ ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест, зеро дар ҷумҳурӣ барои таъсиси дилхоҳ корхона тамоми шароитҳо фароҳам буда, танҳо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ибтикоре, ки аз ин омил маншаъ гирифтааст, зарур аст. Аз ҷониби дигар, зимни фаъолияти худ борҳо бо муносибати хунукназаронаи  масъулини корхонаҳои хориҷи кишвар, ки бидуни миёнаравҳо ҳавасманди ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани чунин маводи  доруворӣ нестанд, мувоҷеҳ шудем. Нукоти зикргардида ман ва ҳамфикронамро водор намуд, ки ҷиҳати бунёди чунин корхона тасмими ҷиддӣ гирем,- гуфт Неъматулло Ҳаитов ва афзуд: — Хушбахтона, иқдомоти мо самар оварданд ва санаи  18 сентябри соли 2015 Президенти ҷумҳурӣ, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кори худ ба шаҳри Турсунзода бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти ин корхонаи ҶДММ «Вежа фармасевтикалс»  оғози расмӣ бахшид, ки дар он бо истифода аз технологияи пешрафтаи хориҷӣ зиёда аз бист намуди маводи доруворӣ истеҳсол мешавад.

Роҳбарияти корхона айни замон тамоми кӯшишҳоро барои таъмини сифати баланди маводи  истеҳсолшаванда равона намудааст.

Ният дорем, ки маводи истеҳсоли корхона ба стандарти ҷаҳонии GMP мутобиқ гардад. Табиист, ки ин омил кори саҳлу сода набуда, амалӣ намудани он масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд. Дар сурати мутобиқ дониста шудани маводи корхона ба стандарти зикршуда имкони содироти он ба кишварҳои хориҷи дуру наздик фароҳам меояд. Барои мисол, иқтидори истеҳсолии корхона дар як басти корӣ 32 ҳазор адад зарфҳои маҳлулҳои обӣ буда, дар сурати роҳандозии фаъолият дар ду баст имкони таъмини 20-25 миллион нафар ниёзмандон  муҳайё  мегардад. Бунёди корхона шароит фароҳам овард, ки 120 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шаванд,- афзуд Неъматулло Ҳаитов.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки корхонаи мазкур бо ҷалби сармояи ташкилотҳои бонуфузи молиявӣ ва мусоидати ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ширкати муътабари «Санбао» аз Ҷумҳурии Халқии Хитой дар як муддати кӯтоҳ бунёд гардид.

Ба андешаи ҳамсуҳбатам, фароҳам будани фазои мусоид барои ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати вусъат ёфтани ин раванд хеле мусоидат кардааст.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»