Муҳовара

Истеъмолкунанда чӣ ҳуқуқ дорад?

№47 (3684) 02.05.2017

ТочикстандартҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» муносибатҳои байни истеъмолкунанда, истеҳсолкунанда, иҷрокунанда, фурӯшандаро ҳангоми фурӯши мол, иҷрои кор, хизматрасонӣ ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои харидани моли сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол, кор, хизматрасонӣ ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагони он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳо муқаррар ва тарзи татбиқи ҳуқуқҳоро муайян мекунад. Вале, эътироф бояд кард, ки баъзе аз шаҳрвандон ҳанӯз зарурат ва моҳияти ин қонунро ба таври бояду шояд дарк накардаанд. Аз ин хотир, бо сардори Нозироти савдои Агентии «Тоҷикстандарт» Назрулло Шарифзода суҳбате доир намудем, то мазмуну моҳияти онро мушаххас шарҳ диҳад.

- Муроҷиати шаҳрвандон дар робита ба нақзи ҳуқуқи истеъмолӣ бештар кадом масъалаҳоро дар бар мегирад ?

- Бинобар ба талабот ҷавобгӯ набудани сифати ҳасиб, қаймоқ, нӯшокиҳо, шишаи мошин, телевизор, компютер, телефони мобилӣ, дастгоҳи барқӣ барои ороиши мӯй, дастгоҳи оҳанбурӣ, аз андоза кам омадани матои харидашуда ва ғайра корафтодаҳо борҳо муроҷиат кардаанд. Ҳатто ҳолате буд, ки шаҳрванд, бинобар шубҳа доштан ба ҳаҷми воқеии гази моеи харидааш ариза пешниҳод намуд.

- Вобаста ба муроҷиатҳо чӣ гуна тадбирҳо андешида мешаванд?

- Дар навбати аввал, воқеият дош­тани ҳолатҳоро бо истифода аз имконоти мавҷуда муайян менамоем. Маълум гардид, ки ба кам будани моли харидашуда дахл дорад, дигар ҳолатҳо пурра воқеият пайдо мекунанд.

- Чӣ гуна муайян мекунед, ки муроҷиати шаҳрванд вобаста ба кам ё зиёд будани андозаи матоъ асос надорад?

- Мо барои ҳалли ин гуна масъалаҳо коршиносони мустақилро ҷалб менамоем ва онҳо бо далелҳои асоснок, пас аз омӯзиш ба хулоса меоянд.

- Нисбат ба ҳолатҳои тасдиқшуда чӣ чораҷӯйӣ мекунед? Оё маҳсулоти нуқсдошта иваз ва гунаҳкорон ҷаримабандӣ мешаванд?

- Албатта, дар доираи қонун талаботи муроҷиин қонеъ гардонда мешавад. Дар ин робита мехоҳам илова намоям, ки ҳаҷми ҷарима вобаста ба шахси воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ будани муҷозотшаванда фарқ дорад.

- Пӯшида нест, ки бештари одамон доир ба ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва масъулияти фурӯшанда маълумоти кофӣ надоранд…

- Бо шумо ҳамфик­рам. Ҳол он ки тибқи моддаи 13-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ­ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯшанда барои вайрон кардани ҳуқуқи истеъмолкунанда ҷавобгар мебошад. Тибқи қонун, агар тартиби дигар муқаррар нагардида бошад, зарари ба истеъмолкунанда расида дар ҳаҷми пурра, бо замми ноустуворонаи (пушаймонаи) муқаррарнамудаи қонун ё шартнома, ­ҷуброн мешавад. Шаҳрвандон бояд дар мадди назар дошта бошанд, ки пардохти ноус­туворона (пушаймона) ва ҷуброни зарар фурӯшандаро аз иҷрои уҳдадориҳои дар назди истеъмолкунанда доштааш озод намекунад. Дар сурати аз ҷониби суд қонеъ гардонидани талаботи тибқи қонун муқарраршудаи истеъмолкунандагон, суд ҳуқуқ дорад аз фурӯшандае, ки ҳуқуқи истеъмолкунандагонро поймол кардааст, барои риоя накардани тартиби ихтиёран қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунанда дар хусуси рӯёнидани ҷарима ба андозаи арзиши даъво қарор барорад.

- Масъалаи дигари боиси ташвиш дар муддати кӯтоҳ нуқс пайдо намудани моли фурӯхташуда мебошад. Табиист, ки дар чунин маврид истеъмолкунанда зарари маънавӣ ва моддӣ мебинад. Дар ин ҳолат истеъмолкунанда чӣ ҳуқуқ дорад?

- Дар сурати ошкор шудани нуқсони мол, ки хусусияти он имкон намедиҳад ин нуқсон бартараф карда шавад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад бо хости худ онро ба моли дигар иваз ё қимати фурӯши онро мутаносибан паст намояд. Илова бар ин, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад моли дорои сифати номатлубро ба истеҳсолкунанда баргардонад ва маблағи барои он пардохтшударо талаб кунад. Ҳангоми ба истеъмолкунанда баргардонидани пули мол фурӯшанда ҳақ надорад аз ӯ маблағеро, ки арзиши мол дар натиҷаи пурра ё қисман истифода кардан ба ин ё он андоза паст шудааст, ҳуснаш коҳидааст ё ҳолатҳои дигари ба ин монанд талаб намояд. Муҳимтар аз ҳама, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи харидории молро надош­тани истеъмолкунанда барои қонеъ нагардонидани талаботи ӯ асос шуда наметавонад. Зеро барои тасдиқи харидории мол шаҳодат, нишонаҳои унсурҳои маводи борпечонӣ (зарф), ҳуҷҷатҳо ва дигар воситаҳои исботкунандае, ки аз ҳамин фурӯшанда харидорӣ шудани молро нишон медиҳанд, истифода шуда метавонанд.

Тибқи моддаи 14-уми қонуни мазкур, ҳар як ҷабрдида барои ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи нуқсони мол ба ӯ расонида шудааст, ҳуқуқ дорад. Агар дар муҳлати муқарраршудаи хизмат ё коршоямии мол ба ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда зарар расида бошад, он ҷуброн карда мешавад. Мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои моли харидашудае, ки бояд муҳлати хизмат ё коршоямӣ муқаррар карда мешуд, нашуда бошад ё истеъмолкунанда аз иҷрои амалҳои зарурии баъди гузаштани муҳлати хизмат ё муҳлати коршоямии аз оқибати эҳтимолии иҷро накардани ин амалҳо огоҳонида нашуда бошад, товони зиён, қатъи назар аз вақту соати расиданаш, бояд пардохта шавад. Қонун пешбинӣ намудааст, ки шахси масъул барои зараре, ки дар натиҷаи истифодаи маводу таҷҳизот, асбоб ва дигар воситаҳои зарурӣ ба ҳаёт, саломатӣ, муҳити зист ё амволи истеъмолкунанда расидааст, сарфи назар аз он ки дараҷаи дониши илмию техникиаш барои ошкор намудани хусусиятҳои хоси онҳо имконият медод ё не, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Вале, агар истеҳсолкунанда ва ё фурӯшанда исбот намояд, ки мол дар натиҷаи таъсири қувваи рафънопазир ва ё аз тарафи истеъмолкунанда бинобар вайрон кардани қоидаҳои истифодабарӣ, нигоҳдорӣ ё интиқоли он зарар дидааст, аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад.

- Зарари маънавӣ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», чӣ гуна ҷуброн мешавад?

- Мутобиқи моддаи 15 — уми қонун, зарари маънавие, ки истеҳсолкунанда, иҷрокунанда, фурӯшанда дар натиҷаи риоя накардани қонунгузорӣ ба истеъмолкунанда расонидааст, аз ҷониби гунаҳкор ҷуброн мешавад.

Зарари маънавӣ сарфи назар аз пардохти товони зиёни амволӣ ҷуброн мешавад. Ҳаҷми ҷубронпулии зарари маънавиро суд муайян мекунад.

- Чунин ба назар мерасад, ки бештари фурӯшандагон низ оид ба оқибати фурӯши моли дорои сифати номатлуб маълумот надоранд ва ё дидаву ­дониста онро мефурӯшанд…

- Ҳар ду тахмин асоси воқеӣ дорад. Мутаассифона, баъзе фурӯшандагон воқеан ҳам намедонанд, ки дар ин маврид қонунгузор талаботи ҷиддӣ гузоштааст. Барои мисол, мувофиқи талаботи қонун истеъмолкунандае, ки ба ӯ моли бесифат фурӯхтаанд ва ӯро фурӯшанда аз ин хусус огоҳ накардааст, ҳуқуқ дорад бо хости худ талаб намояд, ки он ба моли дигари ҳамин тамға ё ба ҳамон навъ моли тамғаи дигар иваз карда шавад. Ҳамчунин, фурӯшанда бояд нуқсони молро бемузд бартараф ё маблағеро, ки барои ислоҳи он аз ҷониби истеъмолкунанда ё шахси сеюм харҷ шудааст, ҷуброн намояд. Ҳамчунин, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад, ки ҷуброни пурраи зарари дар натиҷаи фурӯхтани моли бесифат ба ӯ расидаро талаб намуда, иваз кардани молҳои мураккаби техникӣ ва гаронбаҳоро дар сурати ошкор шудани нуқсони ҷиддӣ талаб намояд.

- Муҳлати қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунанда дар робита ба масъалаи зикршуда чӣ қадар аст?

- Талаботи истеъмолкунанда аз ҷониби фурӯшанда бояд фавран қонеъ гардонида шавад. Муҳлати ниҳоии қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунанда, аз рӯзи пешниҳод намудани талаботи дахлдор, аз ҳафт рӯз ва ҳангоми зарурати гузаронидани экспертиза аз чаҳордаҳ рӯзи тақвимӣ зиёд буда наметавонад. Фурӯшанда ё ташкилоте, ки дар асоси шартнома вазифаи фурӯшандаро иҷро мекунанд, барои риоя накардани муҳлати пешбининамудаи моддаҳои 20, 21 ва 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», инчунин барои иҷро накардани талаботи истеъмолкунанда, ки бояд моли ҳаммонандро дар давраи таъмир (иваз) кардан ба ӯ пешниҳод намоянд, барои ҳар рӯзи таъхир ба андозаи як фоизи нархи мол ноустуворона (пушаймона) мепардозанд.

 Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»