«Солҳои охир истихроҷи ангишт тадриҷан афзоиш ёфта, соли 2014 истеҳсоли он ба 875 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум се баробар зиёд мебошад.
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 январи соли 2015)
Мавҷудияти ашёи хом ва захираҳои бойи кашфгардидаи ангишт барои истифодаи васеи он дар соҳаҳои энергетика ва саноат шароит фароҳам овард. Имрӯз 208 корхонаи соҳаҳои саноатӣ ва энергетика ангиштро ҳамчун сӯзишвории алтернативии ивазкунандаи гази табиӣ истифода мебаранд. Ин тадбир вобастагии иқтисодиёти ҷумҳуриро аз воридоти гази табиӣ ва маҳсулоти нефтӣ коҳиш дод.
Истифодаи самараноки ангишт ва дар асоси он рушди саноати химия ва металлургияи ранга метавонад манбаи асосии ноилшавӣ ба ҳадафҳои иқтисодии кишвар дар самти афзоиши Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ гардад. Дар шароити рақобати имрӯзаи иқтисодӣ корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт бояд барои ба истеъмолкунандагон пешниҳод намудани маҳсулоти баландсифат бо истифодаи дастовардҳои илмию техникӣ, технологияҳои муосири каммасрафи истихроҷ, азхудкунии ашёи хом ва коркарди бепартови ангишт тадбирҳои мушаххас андешанд, инчунин аз меъёрҳои стандарти байналмилалӣ, усулҳои муосири маркетинг ва инкишофи истеҳсолот васеъ истифода баранд.
Тибқи нақшаҳои пешбинишуда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳайё намудани се занҷири соҳавии ба ҳам алоқаманд бо истифода аз навъҳои гуногуни ангишт бояд шароит фароҳам оварда шавад:
а) ангишт — электроэнергетика — истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ;
б) коксонидани ангишт — кокс — маҳсулот барои саноати химия;
в) ангишт – газификатсия — истеҳсоли нуриҳои минералӣ.
Ҷараёни сусти навсозии фондҳои асосӣ дар конҳо ва мавҷуд набудани иқтидорҳои самарабахши истихроҷи ангишт, қисман захираҳои пастсифат ва ба талаботи меъёру шартҳои корҳои кӯҳию геологӣ номувофиқ (иқтидори қабатҳо, хобиши онҳо ва ғайра) тақозо мекард, ки корхонаҳои солҳои пешин барҳамдодашуда ё аз фаъолият бозмонда (кони ангишти «Тошқутан», «Чашмасанг», «Равнов», «Моғиён» ва ғайра) аз нав барқарор шаванд. Айни замон дар 14 кон шаш корхонаи давлатӣ ва 13 корхонаи ғайридавлатӣ бо тарзи кушод ва зеризаминӣ ба истихроҷи ангишт машғул мебошанд. Аксари корхонаҳо бо ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ширкатҳои пудратӣ бунёд шудаанд. Таи солҳои 2007 — 2015 зиёда аз 40 млн. доллари ИМА барои хариди техника ва таҷҳизоти махсус равона шудааст.
Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда, солҳои охир истихроҷи ангишт тадриҷан афзоиш ёфта, то санаи 12 декабри соли 2015 ба як млн. тонна расонида шуд, ки ин нишондиҳанда дар таърихи ҷумҳурӣ натиҷаи баландтарин ба ҳисоб меравад. Соли 1979 истихроҷи ангишт 980,8 ҳазор тоннаро ташкил дода буд.
Дар кишвар имкони афзоиши истеҳсоли ангишт зиёд аст, дар сурате ки проблемаҳои мавҷуда ҳалли худро пайдо кунанд. Барои мисол, харидорони асосии ангишт корхонаҳои бузурги саноатӣ ва энергетикӣ мебошанд. Дар ин самт яке аз мушкили асосӣ ин бе пешпардохт харидорӣ намудани ангишт мебошад. Пурра ва сари вақт пардохт накардани маблағи ангишт ба вазъи молиявӣ ва истеҳсолии корхонаҳои соҳа таъсири манфии худро расондааст.
Майдонҳои марказӣ ва ғарбии кони ангишти «Фон — Яғноб» ва қитъаи ғарбии кони ангишти «Зиддӣ» барои истихроҷи зеризаминии ангишт мусоид буда, дар ин замина ба натиҷаҳои баланди истихроҷ ноил шудан мумкин аст.
Коркарди зеризаминӣ дар кони ангишти «Шӯроб» дар вазъи номуътадил қарор дорад, корхона бо хароҷоти зиёд ангишт истихроҷ мекунад. Тавре таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, барои истихроҷи зеризаминии ангишт маблағгузории калон, ҷалби сармояи мустақим, қарзҳои дарозмуҳлати бонкӣ зарур мебошад.
Иқтидори захираҳои пешбинишудаи конҳои ангишти ҷумҳурӣ аз ҷиҳати корҳои иктишофӣ номукаммал таҳқиқ шудааст. Аз 4,3 млрд. тонна манбаъҳои захираҳои ангишти ҷумҳурӣ 320,3 млн. тоннаи он захираи таҳқиқшуда мебошад, ки тақрибан 7,3 фоизи манбаъҳои қаблан баҳододашуда ва захираҳои пешбинишудаи конҳои ангиштро дар ҷумҳурӣ ташкил медиҳад.
Татбиқи бомуваффақияти стратегияи рушди саноати ангишт, ба баланд бардоштани маҳсулнокии истеҳсолот аз истифодаи технологияи пешрафта вобаста мебошад. Аз ин ҷиҳат корҳои илмию технологӣ дар соҳаи саноати ангишти ҷумҳурӣ бояд ба фаъол гардонидани раванди инноватсионӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, инкишофи иқтидори илмӣ — техникӣ, аз байн бурдани монеаҳо байни илм ва истеҳсолот, ҷалб ва ба истеҳсолот ворид намудани технологияҳои пешқадами хориҷӣ ва ҷорӣ кардани стандартҳои байналмилалии сифат нигаронида шаванд.
Дар соҳаи саноати ангишт имрӯз норасоии мутахассисони баландихтисос, бахусус дар самтҳои идоракунии технологияҳои нав, соҳаи кӯҳкорӣ, таҳлили иқтисодӣ ва вазъи бозори дохилу хориҷ барои дар истеҳсолот татбиқ намудани коркардҳои нави илмию техникӣ зиёд ба мушоҳида мерасад. Барои аз байн бурдани ин камбудиву норасоиҳо таҷрибаомӯзии мутахассисони муҳандисию техникӣ дар ширкатҳо ва муассисаҳои илмию тадқиқотии хориҷӣ ва ба ҷумҳурӣ ҷалб намудани мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ бо мақсади омӯзиш ва тайёр кардани мутахассисони маҳаллӣ дар самти идоракунии технологияҳои нав ва пешбурди фаъолияти инноватсионӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Дар ин росто, беҳгардонии муҳити сармоягузории соҳа дар маҷмӯъ ба вусъат ёфтани ҷалби сармоягузории хориҷӣ, содироти ангишт ва маҳсулоти аз он истеҳсолгардида мусоидат менамояд.
Баҳриддин АБДУРАҲИМОВ, сардори Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бурҳониддин Каримзода, «Садои мардум»