Он метавонад буҳрони иқлимиро пешгирӣ намояд
Олимони аксар кишварҳои мутараққӣ манбаъҳои алтернативии энергияро ҷустуҷӯ доранд. Сабаби аввал сол то сол камшавии захираи нефту газ дар сайёра мебошад. Чунончи, кишвари ҳамсояамон Ӯзбекистон, ки дар даврони шуравӣ ҷумҳуриҳои ҳамсояро бо газ таъмин мекард, имрӯз бинобар кам шудани захираи гази табиӣ аз Федератсияи Россия ва Туркманистон газ ворид мекунад.
Сабаби дигар торафт баланд шудани нархи сӯзишворӣ мебошад. Инчунин, бо сабаби муқаррар кардани ҳар гуна инҳисор (эмбарго) ба кишварҳои алоҳида, воридкунии сӯзишворӣ мушкил шуд.
Яке аз роҳҳои алтернативии истеҳсоли сӯзишворӣ истифодаи биоэтанол мебошад. Биоэтанол спирти этилӣ аст, ки бо роҳи коркарди ашёи набототӣ, аз қабили найшакар, ҷуворимакка, картошка ва ғайра, истеҳсол мешавад. Биоэтанол сӯзишвории «сабз» маҳсуб ёфта, барқароршаванда аст. Ҳангоми сӯхтани он газҳои гулхонаӣ (парникӣ), аз ҷумла гази карбонат, нисбат ба сӯзишвориҳои нафтӣ 65 дарсад камтар хориҷ мешавад. Дар таркиби биоэтанол миқдори хлор ва сулфур, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, хеле кам аст. Истеҳсоли биоэтанол баҳри пешгирии гармшавии иқлим хеле муҳим мебошад, зеро истифодаи нефту газу ангиштсанг буҳрони иқлимиро шиддат бахшида, боиси камборишӣ, тӯфон, хушксолӣ, хокбориш, обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ мегарданд.
Истифодаи биоэтанол дар Бразилия, ИМА, Англия, Чин, Ҳиндустон ва ғайра хуб ба роҳ монда шудааст. Дар Бразилия онро аз найшакар, ИМА — аз ҷуворимакка, Англия — аз лаблабуи қанд истеҳсол мекунанд. Ҳиссаи истеҳсолу фурӯши биоэтанол дар бозори ҷаҳонӣ аз 150 миллиард доллар гузаштааст.
Корхонаи ватании ҶСП «Фондарё» ҳанӯз соли 2007 дар Осиёи Марказӣ нахустин шуда истеҳсоли биоэтанолро аз ҷуворимакка ба роҳ монда буд. Дар атрофи шаҳри Душанбе мошинҳои фурӯши сӯзишворӣ бо навиштаҷоти «биоэтанол» ба хоҳишмандон сӯзишвории аз лиҳози экологӣ тозаро пешкаш менамуданд. Чандин нафар соҳиби ҷойи кор низ шуданд. Хоҷагиҳои кишоварзӣ дар кишти такрорӣ ба ҷуворимакка афзалият дода, ҳосилашро яклухт ба корхонаи «Фондарё» меоварданд. Ронандагон аз истифодаи биоэтанол қаноатмандӣ карда, хушҳолона мегуфтанд, ки «нафаси мошин кушода шуд».
Баъдан, корхонаи мазкур ба минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» кӯчонда шуд. Чанде пеш директори ҶСП «Фондарё» Садафмоҳ Абдуллоева изҳор намуд, ки рӯзҳои наздик корхона истеҳсоли биоэтанолро дубора ба роҳ мемонад. Дар марҳилаи аввал ашёи хом ҷуворимакка хоҳад буд. Оянда истеҳсоли биоэтанол аз дигар зироат низ дар назар дошта шудааст.
Ба гуфтаи доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Сайфиддин Садриддинов, дар кишварамон топинамбур (ноки заминӣ, «картошкагул»), ки аз крахмал бой аст, низ барои истеҳсоли биоэтанол дурнамои хуб дорад. Ин зироат дар замини лалмӣ ҳам хуб нашъунамо карда, қобилияти зуд афзоиш ёфтанро дорад. Агар хоҷагиҳо бо роҳбарияти корхона шартнома баста, кишту парвариши онро ба роҳ монанд, даромадашон бештар шуда, ҳазорҳо гектар замини бекорхобида мавриди истифода қарор мегиранд, зеро топинамбурро дар он ҷойҳое, ки зироатҳои дигар хуб намерӯянд, парвариш кардан мумкин аст.
- Аз тарафи дигар, маҳсулоти баъди коркард пайдошударо метавон ҳамчун ғизои чорво истифода бурд. Сипас, поруи чорворо метавон дар чоҳҳои махсуси бетонӣ ба биогаз табдил дода, аз он сӯзишворӣ истеҳсол кард. Иловатан, пасмондаи он нурии дараҷаи олии органикӣ мешавад, — иброз намуд Сайфиддин Садриддинов.
Имрӯз олимон истеҳсоли биоэтанол аз обсабзҳоро ҳам аз лиҳози экологӣ, ҳам аз лиҳози амнияти энергетикӣ ва ҳам иқтисодӣ муфид мешуморанд. Яке аз чунин обсабзҳои ояндадор эйхорния (гиатсинти обӣ) мебошад. Моҳи апрели соли 2010 мутахассисони ҶСП «Фондарё» дар ҳавзҳои биологии КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» дар маҳаллаи Гулбутта кишти эйхорнияро ба роҳ монданд.
Ин обсабзи манфиатнок, ки гулҳои кабуди назаррабо дорад, босуръат нашъунамо ёфта, ба зудӣ ҳавзро саросар пӯшонд. Моҳи июни ҳамон сол эйхорнияро ба дигар ҳавзҳо кӯчат карданд. Дар натиҷаи афзоиши босуръат то моҳи сентябр эйхорния тамоми 19 ҳавзи биологиро «забт» намуд. То ҳамон дам мардуми маҳаллаи Гулбутта ҳар сол дар мавсими гармӣ аз бӯи бади ҳавзҳои биологӣ нафасгир мешуданд. Чандин нафар ҳатто аз бӯи бади ҳавзҳо гирифтори бемории диққи нафас (астма) гашта буданд. Баъд аз шинондани эйхорния дар ин ҳавзҳо бӯи бад гум ва оби ҳавзҳо тоза гашт. Санҷишҳои лабораторӣ нишон доданд, ки оби баъд аз киштзори эйхорния софшуда ҳатто аз поёноби дарёи Душанбе, ки ба рӯди Кофарниҳон ҳамроҳ мешавад, тозатар аст.
Соли 2011 аз эйхорния дар чоҳҳои бетонӣ (метантенк) гази биологӣ низ тавлид шуд. Мутаассифона, ин иқдоми неки ширкати «Фондарё» дар нимароҳ монд. Ҳоло дубора ба роҳ мондани парваришу коркарди он айни муддаост.
Ба гуфти муовини сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ Шамсиддин Солиев, эйхорния дар натиҷаи биосинтез обро аз моддаҳои заҳрнок ва бадбӯй тоза мекунад. Дар баробари ин, эйхорния барои чорво, мурғ ва моҳӣ беҳтарин ғизо ба шумор меравад. Ин гиёҳ дар таркибаш ба миқдори зиёд протеин, каротин, витаминҳои А, В, С ва Е дорад. Олимон ҳисоб кардаанд, ки як гектар киштзори эйхорния дар як мавсим то 1000 тонна силос медиҳад, ки аз он 18-22 тонна ғизои хушки витаминдор гирифтан мумкин аст.
Ба роҳ мондани истеҳсоли биоэтанол вобастагии ҷумҳуриро аз сӯзишвории воридотӣ кам карда, ифлосшавии муҳити зистро пешгирӣ менамояд.
Аз тарафи дигар, соҳаи мазкур боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ мегардад. Чунончи, дар Бразилия дар ин соҳа аз парваришу ҷамъоварии найшакар сар карда, то кашондани он қариб як миллион нафар бо ҷойи кор таъминанд. Дар ин кишвар, ки худро ба сӯзишвории «сабз» пурра таъмин мекунад, соле зиёда аз 20 миллиард литр биоэтанол истеҳсол мешавад.
Тавре зикр намудем, биоэтанол сӯзишвории барқароршаванда буда, бо кишти зироати крахмалдор дар мамлакат истеҳсоли доимии онро ба роҳ мондан лозим аст. Вақте энергияи «сабз» мегӯем, ғайр аз неруи барқ сӯзишвориро низ дар назар дорем.
Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 98 дарсади неруи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешаванд. Агар истеҳсоли сӯзишвории «сабз» низ дар ҷумҳурӣ васеъ ба роҳ монда шавад, кишвари мо дар ҷаҳон дар самти энергия ва иқтисоди «сабз» ба яке аз пешқадамон табдил хоҳад гашт.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»