Тибқи маълумоти Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тайи шаш моҳи аввали соли равон 18 194 маводи дору ва молҳои тиббӣ аз санҷиш гузаронда шуд, ки 382 намунаи он ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набуд. Аз он 17 намуна дар вақти воридот, 6 намуна аз истеҳсоли ватанӣ ва 358-тояш аз муассисаҳои фармасевтӣ дар вақти муомилот ошкор ва нисбат ба қонунвайронкунандаҳо чораҳои маъмурӣ андешида шуд.
Илова бар ин, ҳангоми санҷиш аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ (дорухонаҳо) 4212 номгӯ дору ва молҳои тиббӣ аз муомилот бароварда шуд. Маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар ҳайати комиссияи босалоҳият тибқи қоидаҳои мавҷуда нобуд гаштанд. Дар маҷмӯъ, тайи шаш моҳи аввали соли равон 82041,4 килограмм дору, молҳои тиббӣ, маводи ороишӣ-гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлаташ гузашта ва ба талабот номувофиқ ошкор ва нобуд карда шудааст. Нисбат ба қонуншиканон 188 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва нисбат ба шахсони воқеии муассисаҳои тандурустиву фармасевтӣ, нуқтаҳои фурӯши маводи ороишӣ–гигиенӣ санад тартиб дода, ба маблағи 611 460 сомонӣ ҷарима ситонда шуд.
Мувофиқи маълумоти расмӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 90 ширкат ба воридоти дору ва молҳои тиббӣ машғул буда, беш аз 80 дарсади доруро аз Россия, Беларус, Украина, Покистон, Чин ва Ҳиндустон меоранд. Аз ин бармеояд, ки ҳанӯз ҳам барои беҳбудии саноати дорусозӣ мушкилот кам нест. Аз ҷумла, норасоии маблағ, набудани мутахассисони баландихтисос, ба монанди муҳандис-технологҳои истеҳсолоти фармасевтӣ, мушкил эҷод мекунад. Ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани раванди истеҳсоли доруворӣ ва молҳои тиббӣ, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани пойгоҳи моддӣ-техникӣ низ ҳалли худро наёфтааст. Илова бар ин, ҳанӯз ҳам дар истеҳсолот моҳияти ҷорӣ намудан ва риоя кардани талаботи стандартҳои байналмилалии сифат ва бехатарӣ дуруст дарк намешавад. Дар ҳоле ки стандартҳои миллӣ бояд бо стандартҳои байналмилалӣ (амалияи муносиби истеҳсолӣ-GMP ва амалияи муносиби клиникӣ-GCP, амалияи муносиби озмоишӣ-GLP) мутобиқ бошанд. Бо назардошти ҷой доштани чунин мушкилиҳои ҳалталаб ширкатҳои дорусозӣ роҳи осони харидуфурӯши дору ва молҳои тиббиро пеш мегиранд, ки даромади хуб дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ (23 декабри соли 2022) ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур дода буданд, ки якҷо бо дигар сохтору мақомот бо ҷалби сармояи мустақим барои таъсис, ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар робита ба ин, сардори Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нуралӣ Гулзода чунин гуфт: «Саноати дорусозии мамлакат дар марҳалаи аввали коркард ва истеҳсоли маҳсулот буда, дар ин самт ба сифати маводи дорувории истеҳсолшаванда таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир мешавад. Тамоми кӯшиш ба он равона шудааст, ки сифати доруҳои истеҳсолшавандаи ватанӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ баробар бошад. Бо мақсади пешрафти соҳа «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардида, воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ, таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод шудаанд. Мақсад аз таҳияи барнома, пеш аз ҳама, таъмини рушди устувори саноати дорусозӣ дар кишвар ва беҳтар кардани дастрасии аҳолӣ ба маводи доруворӣ ва молҳои тиббии хушсифат мебошад».
Тибқи иттилои ҳамсуҳбатамон бо мақсади кам кардани мизони воридоти доруворӣ аз хориҷи кишвар ва ба роҳ мондани истеҳсоли дорувории ватанӣ ҳоло 64 корхонаи ватанӣ 346 номгӯи дору, молҳои тиббӣ, маводи муҳофизатӣ, гигиенӣ, безараргардонӣ ва коркарду бастубанди гиёҳҳои шифобахши ватанӣ (дору дар шакли ҳаб, ампул, маҳлулҳои инфузионӣ, сӯзандоруи якбормасрафшаванда, пахта, бинту докаи тиббӣ, дастпӯшакҳои яккарата, ниқобҳо ва либосҳои муҳофизатӣ)-ро ба роҳ мондаанд. Аммо иқтидори истеҳсолии корхонаҳои дорусозии кишвар талаботи аҳолиро бо маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ пурра қонеъ гардонида наметавонанд, зеро истеҳсоли дохила 10-12 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар ҳақиқат, нафароне ҳастанд, ки барои ба даст овардани даромад ба ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ даст мезананд. Соли гузашта бо сохторҳои марбута санҷишҳои муштарак гузаронда, нисбат ба ду нафар барои ба муомилот баровардани доруи ба талабот ҷавобгӯнабуда парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардид. Барои роҳ надодан ба истеҳсол ва паҳн нагардидани доруҳои муҳлати истифодаашон гузашта, қалбакӣ, пастсифат ва ба талаботи меъёрию ҳуқуқӣ ҷавобгӯнабуда дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» аз тарафи мутахассисони хадамот пайваста санҷиш гузаронда мешаванд.
Дар хадамот телефони боварӣ — 888-00-03-03 амал мекунад ва дар дорухонаҳо гӯшаҳои иттилоотӣ ҳастанд, ки дар онҳо рақами хадамот навишта шудааст. Дар дорухонаҳо интихоби дору васеъ буда, аз кадом дорухона харид кардани он дар ихтиёри бемор аст. Беморон метавонанд вобаста ба шароиту имконияташон дору харидорӣ намоянд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии соҳа рушди истеҳсоли дохилӣ мебошад. Агар масъулон барои ташкил кардани омӯзишгоҳ ва парвариши гиёҳҳои шифобахш дар шаҳру ноҳияҳо мусоидат намоянд, сиҳатии мардум боз ҳам беҳбуд хоҳад ёфт. Илова бар ин, дар асоси ашёи хоми ватанӣ ба роҳ мондани истеҳсоли дору ва назорати онро дар тамоми марҳилаҳо — аз истеҳсолот то роҳёбӣ ба муомилот осон мегардонад.
Кароматулло АТО,
рӯзноманигор