ҶДММ «Файзи Расул» аз ҷумлаи коргоҳҳои муваффақи шаҳри Хуҷанд мебошад, ки дар бахши истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ ҷойгоҳи хоси худро пайдо кардааст. Муассис ва раиси ҶДММ «Файзи Расул» Фозилхӯҷа Расулов мегӯяд, ки он соли 2004 дар ҳудуди Хонаи маъюбони шаҳри Хуҷанд бо ҳафт нафар коргар ба кор оғоз намудааст.
- Ҳидоятҳои ғамхоронаи Сарвари давлати Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорони ватанӣ маро водор сохт то баҳри вусъати фаъолияти соҳибкорӣ иқдом намоям ва ба бунёди коргоҳҳои бузургтар оғоз бахшам. Дар ин замина, соли 2010 ҶДММ «Файзи Расул» таъсис дода шуд, ки дар он 32 нафар бо ҷойи кори доимӣ, хӯроки яквақта ва маоши хуб таъмин мебошанд. Дар коргоҳ имрӯз беш аз 30 намуд маҳсулоти гӯштии аълосифат истеҳсол мешавад, ки мақбули муштариён гардидаанд, — иброз дошт зимни суҳбат Фозилхӯҷа Расулов.
Қаймоқи истеҳсолнамудаи ин коргоҳ низ сифати хуб дошта, аз ҷониби коршиносони соҳа баҳои баланд гирифтаанд. Маҳз истифодаи шир, гӯшти ватанӣ ва коркарди босифати он тавассути технологияи муосир боиси маъруфияти маҳсулоти коргоҳи мазкур дар қаламрави кишвар гардид. ҶДММ «Файзи Расул» аз аввалин корхонаҳоест, ки дар вилояти Суғд сертификати «Ҳалол»-ро соҳиб шуда, 40- 50 фоизи маҳсулоташ берун аз қаламрави вилоят ба фурӯш меравад.
ҶДММ «Файзи Расул» дар минтақаи саноатии шимолу шарқи шаҳри Хуҷанд воқеъ буда, дар чанд намоишгоҳҳои ихтисосии шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, сазовори мақомҳои аввал ва ҷоизаҳо гардидааст.
- Баҳри бо сифати баланд истеҳсол намудани маҳсулот мо аз кишварҳои хориҷӣ таҷҳизоти муосирро ворид кардаем ва ҳоло васлу насби ин таҷҳизот идома дорад. Ният дорем, ки дар соли 2016 истеҳсоли маҳсулоти навро низ ба роҳ монем, — гуфт дар поёни суҳбат Фозилхӯҷа Расулов.
А. САЛИМЗОДА, «Садои мардум»