Набзи истеҳсолот

Истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир талаби рӯз

№62 (3208) 12.06.2014

Мусоҳиба бо директори тиҷорат ва сифати Ҷамъияти саҳомии «Нафиса», муовини раиси Ассотсиатсияи корхонаҳои саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдулло Муҳаммадиев

Безимени-1Абдулло Муҳаммадиев, муҳандис-технолог, 40 сол аст, ки дар соҳаи бофандагӣ  ва саноати сабук фаъолият дорад. Соли 1976, баъд аз анҷоми таҳсил дар Институти бофандагӣ ва саноати сабуки шаҳри Тошкент, барои кор ба Иттиҳодияи бофандагии шаҳри Душанбе роҳхат мегирад. Дар ин корхона ба ҳайси усто, сардори сех, сардори истеҳсолоти ресандагӣ, сармуҳандис, директори фабрика, муовини  генералии  ҶС «Текстил» фаъолият кардааст. Ҳоло директори тиҷорат ва сифати ҶС «Нафиса» мебошад.

 

- Фаъолияти имрӯзаи корхона дар кадом вазъ қарор дорад?

-Корхонаи ҷӯроббофии шаҳри Душанбе  соли 1958 таъсис ёфта, аз соли 1997 ба ҷамъияти саҳомӣ табдил дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир баҳри барқарор кардани шуҳрати пешина ва рушди минбаъдаи корхона, таҳти роҳбарии шахси кордону болаёқат Исмоил Исмоилов корҳои зиёде анҷом ёфтаанд. Дар давраи роҳбарии ӯ истеҳсоли ҷӯробҳои хушсифати пахтагинро, ки дар бозор харидори худро доранд, ба роҳ мондем. Алҳол дар корхона 25 намуди ҷӯробҳои мардона, занона ва кӯдакона истеҳсол мешавад. Талаботи бозори имрӯза он аст, ки маҳсулот босифат ва арзон бошад. Барои қонеъ гардонидани чунин талабот аз истифодаи риштаҳои бесифат даст кашида, риштаҳои пахтагини сифаташ баланди  ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, ки дар  ҶДММ «Файзи истиқлол-2011» бо истифода аз таҷҳизоти замонавӣ истеҳсол мешавад, харидорӣ карда истодаем.

Боиси ифтихор аст, ки нахустин шуда, дар байни корхонаҳои саноати сабуки кишвар, бо дастгирии молиявии Бонки Аврупоии Таҷдид  ва Рушд, Стандарти байналмилалии идоракунии сифат-ISO-9001:2008 дар  истеҳсолот ҷорӣ шуд. Ин имкон медиҳад, ки  масъулияти кормандон барои истеҳсоли маҳсулоти босифат баланд ва рақобатпазирии он дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ таъмин гардад. Самти дигари фаъолияти мутахассисон ва коргарони коргоҳ мақсаднок истифода бурдани вақти корӣ, ашёи хом, қувваи барқ, буғ, об, қисмҳои эҳтиётӣ, ранг ва дар ин замина баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва паст намудани арзиши аслии маҳсулот мебошад. Барои меҳнати пурсамари коргарон ва мутахассисон шароити хуби меҳнату истироҳат фароҳам оварда шудааст ва ба онҳо аз ҳисоби корхона хароҷоти роҳ пардохт ва хӯроки яквақтаи гарм дода мешавад. Бояд зикр намоям, ки ҷӯробҳои пахтагини истеҳсоли ҶС «Нафиса» ҳаворо мегузаронанд, намиро ба худ мегиранд, мулоиму форам буда, ба саломатӣ фоидаовар мебошанд. Бинобар ин, ба шаҳрвандон маслиҳат медиҳам, ки аз харидорӣ намудани ҷӯробҳои бо нахи кимиёвӣ бофташудаи истеҳсоли хориҷӣ, ки ба саломатӣ зараровар аст, худдорӣ намоянд.

-Ҳолати техникии дастгоҳҳои корхона чӣ гуна аст?

-Дар корхонаи мо дастгоҳҳои истеҳсоли Федератсияи Россия, Италия, Олмон, Чехия насб шуда, дар ҳолати хуби техникӣ қарор доранд. Имрӯз харидорон ба моделҳои замонавии ҷӯробҳо майл доранд, ки онҳо дар дастгоҳҳои муосир бофта мешаванд. Аз ин лиҳоз, зарурати нав кардани дастгоҳҳо пеш омадааст. Барои ҳалли ин масъала роҳбарияти корхона бо истеҳсолкунандагони чунин дастгоҳҳои муосир — ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Италия, Япония ва Федератсияи Россия алоқа барқарор карда, кор бурда истодаанд. Соли гузашта дар Намоишгоҳи федералии маҳсулот ва дастгоҳҳои соҳаи саноати сабук, ки дар шаҳри Москва гузашт, мо бо онҳо вохӯрда, мубодилаи афкор намудем. Барои харидории технологияҳои замонавӣ маблағҳои калон зарур аст. Мутаассифона, бонкҳои тиҷоратии кишварамон барои харидорӣ намудани дастгоҳҳои нави технологӣ қарзҳои дарозмуҳлати имтиёзнок (3-5 сол) пешниҳод намекунанд. Аз ин лиҳоз, мо имрӯз сармоягузорони хориҷиро ҷустуҷӯ дорем, ки якҷоя корхонаи муштарак ташкил намуда, дастгоҳҳои навро харидорӣ намоем.

-Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин  таъкид гардидааст:  «…бо мақсади таъмини иҷрои барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла доир ба рушди саноати сабук ва махсусан коркарди пурраи нахи пахта, инчунин дастгирии минбаъдаи соҳибкории истеҳсолӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ аз ҳисоби афзоиш ёфтани арзиши иловашуда, муҳимтар аз ҳама, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум пешниҳод менамоям, ки андоз аз фурӯши нахи пахта ба боҷи содиротӣ аз он иваз карда шуда, ба содироти пилла ҳамчун ашёи хом боҷи содиротӣ ҷорӣ карда шавад». Дар атрофи ин масъалаҳо чӣ гуфта метавонед.

-Коркарди пурраи нахи пахта дар корхонаҳои пахтатозакунӣ, бофандагӣ, ресандагӣ, рангу пардоздиҳӣ ва дӯзандагӣ таъмин карда мешавад. Алҳол дар дохили кишварамон танҳо нуҳ фоизи нахи пахтаи истеҳсолшуда коркард ва боқимонда 91 фоизи пахта, ҳамчун ашёи хом ба хориҷа содирот карда мешавад. Агар аз содироти як тонна нахи пахта ба буҷети ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 150-180  доллари ИМА  ворид шавад, дар ҳолати коркарди пурраи он дар дохили кишвар 4-5 баробар зиёдтар маблағ ба буҷет ворид мешавад. Тавре Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъкид карданд, тадбирҳои дар ин самт андешидашуда «…имконият медиҳад, ки ҳавасмандӣ ба коркарди нахи пахта ва пилла дар дохили кишвар афзун гардида, таъмини бозори дохилӣ беҳтар шавад, содироти маҳсулоти тайёр ба хориҷи кишвар афзоиш ёбад ва ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё гардад».

Барои комёб шудан ба ҳадафҳои судманд мо ҳамчунин «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда барои давраи то соли 2015», «Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво- пӯст ва пашм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» ва ғайраро ба асос гирифта, фаъолияти хешро пеш мебарем.

Бо аз байн бурдани андоз аз фурӯши нахи пахта дар дохили кишвар бояд нархи коркард ва фурӯши риштаи пахтагин, матои хом ва тайёр, либосҳои тайёри аз онҳо дӯхташуда арзон шаванд. Ин имкон медиҳад, ки мо ҳаҷми истеҳсоли молҳои ватаниро зиёд намуда, бозори дохилии кишварро бо маҳсулоти баландсифати пахтагини нисбатан арзони ба рақобат тобовар ғанӣ гардонем.

Андозбандӣ яке аз фишангҳои муҳими фаъолияти  мунтазами самараноки корхонаҳои истеҳсолӣ мебошад. Тавре, ки маълум аст Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав мавриди амал қарор дорад. Мувофиқи он  миқдори андозҳо кам ва барои равнақу ривоҷи соҳибкории хурду миёна имтиёзҳо муайян шудаанд. Ҳоло андози иҷтимоӣ 25 фоизи фонди музди моҳонаи маоши коргарон ва мутахассисони корхонаро ташкил менамояд. Аз нигоҳи мо ин зиёд мебошад. Хуб мебуд, дар кишвари мо ин намуди андоз зина ба зина то 15-20 фоиз кам карда шавад. Чунин тарзи кор имкон фароҳам меорад, ки аз ҳисоби маблағҳои аз ин ҳисоб дар корхона боқимонда, маоши мутахассисону коргарон  баланд бардошта, пешрафти корхонаҳои соҳа таъмин карда шавад.

-Шумо дар соҳаи саноати сабук шахси ботаҷриба ҳастед. Бигӯед, ки барои рушди корхонаҳои саноатӣ боз чӣ корҳоро анҷом додан зарур аст?

-Пешрафти ҳар як соҳа аз ҷобаҷогузорӣ ва дараҷаи донишу малакаи мутахассисони он вобаста аст. Аз ҷумла барои корхонаҳои саноати сабук низ дар шароити рушди босуръати технология ва афзоиши талабот ба молу маҳсулот кадрҳои босаводу баландихтисос зарур аст. Мутахассисону муҳандисон, технологҳо, конструкторону дизайнерҳо, бофандагону ресандагон бояд аз илму техникаи навин огоҳу бархӯрдор бошанд. Имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки як қисми мутахассисоне, ки донишгоҳу донишкадаҳои олиро хатм мекунанд, бинобар надоштани саводи лозима ба корхонаҳо ба кор намеоянд. Яке аз сабабҳои паст будани дараҷаи тахассусии онҳо набудани базаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Имрӯз 90 фоизи дастгоҳҳое, ки дар корхонаҳо насб карда мешаванд, аз рӯйи системаи электронӣ таври автоматӣ идора мешаванд. Бинобар ин, хуб мебуд дар донишгоҳу донишкадаҳое, ки барои соҳаи саноат кадр тайёр мекунанд, базаҳои таълимӣ-истеҳсолии бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз бунёд шаванд. Дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд: «Минбаъд муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро лозим аст, ки истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро дар ҷараёни таълим ба роҳ монанд, таҷрибаи байналмилалиро омӯзанд, нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва таҳсилот мутобиқ гардонанд ва то соли 2020 гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилотро таъмин намоянд».

Боварӣ дорам, ки дар ояндаи наздик ба чунин дастовардҳо ноил мешавем.

Мусоҳиб Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»