Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ меафзояд

№42-43 (3027-3028) 05.04.2013

Айни замон дар ҷумҳурӣ 14 корхонаи истеҳсоли маснуоти пластмассӣ мавҷуд аст. Соли 2012 корхонаҳои соҳа ба маблағи 50,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2011 – ум 19,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

ҶММ «Равзанапластик» ба истеҳсоли профилҳои пластмассӣ шуруъ намудааст. Иқтидори корхона коркарди се ҳазор тонна пластмасса дар як сол буда, дар он ҳафт намуд профил бо тамғаи «Манзил» истеҳсол мешавад.

Тавре аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, корхонаҳои «Суперпласт плюс»-и шаҳри Ваҳдат, «Алфапет»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Стар Пласт»- и шаҳри Хуҷанд, «Сайқал»- и шаҳри Қайроққум, «Шоҳин»- и шаҳри Душанбе бо ворид намудани дастгоҳу таҷҳизот ва хатҳои технологии муосир ба истеҳсоли зарфҳо ва сарпӯшҳои пластмассӣ, қуттиҳои пластмассӣ барои нигоҳдории рангҳои сохтмонӣ, қуттиҳои пластмассӣ барои ҷойгиркунии меваю сабзавот, сатилу тағора ва ғайраҳо ба роҳ мондаанд.

Фирӯза ҲАБИБУЛЛОЕВА,

«Садои мардум»