Ҳамовозӣ

Истеҳсолкунандагони ватанӣ набояд бачаи ӯгай бошанд

№59 (3696) 27.05.2017

Хурсандиовар аст, ки рӯзномаи «Садои мардум» дар қатори дигар масъалаҳои муҳим ба рушди соҳаи дорусозӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Чопи мақолаҳои «Бо кафолати давлатӣ дорусозӣ рушд мекунад» (№19 — 20) ва «Истеҳсолкунандагони ватаниро дастгирӣ мебояд» (№27- 28) гувоҳи ин гуфтаҳост.

Яке аз муаллифон А.Оймирзоев дуруст таъкид намудааст, ки Олмон, Хитой, Япония ва дигар кишварҳои пешрафта маҳз бо дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ба дараҷаҳои баланди тараққиёт расиданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005 Барномаи давлатӣ «Дар бораи кишт, ҷамъоварӣ, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва тайёр намудани доруворӣ аз онҳо барои солҳои 2005- 2014» — ро қабул кард. Дар он таъкид шуда буд, ки дар сурати амалӣ гаштан зиёда аз 15 ҳазор нафар соҳиби кор мешаванд. Тайи солҳо теъдоди зиёди ҷавонони ноҳияҳои Темурмалик, Данғара, Панҷ, Рӯдакӣ, шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода нозукиҳои гиёҳшиносӣ, кишт ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла ров (ширкамол)- ро омӯхтанд.

Соли гузашта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкатҳои ватании «Фароз» ва «Мину — фарм» барои ҷамъоварии шираи ров иҷозатнома (литсензия) дод. Мо аз роҳбарони ин ширкатҳо миннатдорем, ки дар мавсими ҷамъоварӣ қариб 4000 нафарро бо ҷойи кор таъмин намуданд. Соли сипаришуда дар қатори коргарони тоҷик зиёда аз 1200 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҷамъоварии шираи ров машғул буданд. Имсол чанд нафар тоҷирони афғон, аз қабили Розиқ Султонзода, Юсуфи Қандаҳорӣ ва Ҳоҷӣ Азим Султонзода, ки соли гузашта ба миқдори зиёд шираи камол захира намуда буданд, мехоҳанд бо ҳар васила ба раванди ҷамъоварии шираи камол халал расонанд. Зеро ба қавли иддае аз соҳибкорони афғон, аз ҳосили соли гузашта дар анборҳояшон қариб 700 тонна захираи шираи камол боқӣ мондааст. Биноан, тасмим гирифтаанд, ки то онро пурра нафурӯшанд, ба ҷамъоварии шираи камол шурӯъ намекунанд. Ҳол он ки имсол обу ҳавои мусоид боиси нашъунамои хуби шираи ров гардидааст. Ин рафтори тоҷирони афғон магар туф кардан ба намакдони тоҷикон нест?

Соли гузашта гурӯҳе аз мо дар ноҳияи Панҷ кор мекардем. Намояндагони ширкати «Фароз» зиёда аз як тонна тухми ровро ба коргарони афғон доданд, то онҳо баъди мавсими ҷамъоварии шираи камол тухмиҳоро кишт кунанд. Зеро дар сурати ҷамъоварӣ намудани рову кишт накардани он ин гиёҳи шифобахш, мисле ки дар Афғонистон аз байн рафт, ба нестӣ мерасад. Мутаассифона, коргарони афғон тухмиҳоро кишт накарда, ҳар кадом 5 — 6 килограммӣ дар борхалта ҷой намуда, мехостанд онро ба Афғонистон баранд. Хушбахтона, гумрукчиён дар сарҳад онҳоро боздошта, тухмиҳоро дубора ба ширкат супориданд. Навори ин ҳодиса мавҷуд аст.

Аз ин рӯ, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш мекунем, ки минбаъд бештар ба истеҳсолкунандагони ватанӣ афзалият ва имтиёз диҳад, то ҷойҳои кории зиёд таъсис ёбанду мардум дар кишварҳои бегона дар ҷустуҷӯи кор сарсон нагарданд. Аз тарафи дигар, чунин дастгирӣ боиси афзудани номгӯи маҳсулот бо тамғаи «Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст» (Made in Tajkistan) хоҳад гашт.

Бо эҳтиром, Ф. Қутбиддинов, А. Камолов, Э. Ёқубов, Н. Розиқов, С. Маликов, И. Мӯъминов, сокинони ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Панҷ, Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода, ҷамъ 43 имзо.