Истиқлол. Эҳёи фаъолияти коргоҳи металлургӣ

№97 (4359) 27.07.2021

Коргоҳи металлургии шаҳри Истиқлол, ки шохаи ҶДММ «Корхонаи саноатӣӯҳии Тоҷикистону Хитой» аст, аз нав ба фаъолият оғоз кард.

Ин имкон дод, ки 300 нафар мутахассиси маҳаллӣ ва зиёда аз 50 нафар шаҳрванди чинӣ соҳиби ҷои кор шаванд.

- То ҳол беш аз 119 тонна сурб (қӯрғошим) истеҳсол кардем, — гуфт директори иҷроия Ли Ай Ҷун ва ният дорем, рӯзҳои наздик истеҳсоли руҳро низ ба роҳ монем.

- Дар сурати пайдо нашудани мушкилот имкон дорем соле то 2000 тонна сурб ва руҳ истеҳсол кунем, — ба суҳбат ҳамроҳ шуд роҳбари истеҳсолот Тан Йи Пин.

Бино ба гуфти ҳамсуҳбатон, мутахассисони маҳаллӣ асосан дастпарварони Донишкадаи металлургии шаҳри Бӯстон мебошанд.

Баробари ба фаъолият оғоз намудани корхона маоши коргарон аз 30 то 40 фисад зиёд шуда, онҳо бо хобгоҳ таъмин ва барояшон як вақт хӯроки гарми ройгон дода мешавад.

Корхонаи металлургӣ дар ободу зебо кардани шаҳр, ­бунёди иншооти иҷтимоӣ саҳм мегузорад. Алҳол сохтмони боғчаи бачагонаи шаҳр барои 240 кӯдакро ба роҳ мондааст. Сарустои сохтмон Гав Ён Лу зимни суҳбат гуфт, ки боғчаи бачагона комилан ба талаботи байналмилалии муассисаҳои томактабӣ ҷавобгӯ хоҳад буд.

- Муаллифи лоиҳа Ҷан Шу Ганг вақти таҳияи лоиҳа таҷрибаи пешқадами ҷаҳонии бунёди муассисаҳои томактабиро истифода кардааст, — гуфт сармеъмори шаҳр Ҷумъахон Тешаев, — айни ҳол дар корҳои сохтмонии боғча 20 нафар сохт­мончии чиниву 30 коргари маҳаллӣ иштирок доранд.

Роҳбарияти шаҳр гуфтанд, ки боғча ба рӯйхати иншооти ҷашнии 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ворид шудааст.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум».