Истиқлолияти давлатӣ ва рисолати пурифтихори таърихӣ

№110-111 (4693-4694) 08.09.2023

Дастовард1- Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо — шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басо пурифтихори таърихӣ, яъне, бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои мардуми кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро гузошт, — гуфта буданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таъкид гардид, ки «ҳар дастоварде, ки дорем, аз худи мост. Мо бояд ба хотири Ватан, Давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ содиқона заҳмат кашем ва дар ин роҳ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем. Мо ҳаргиз ба умеди дигарон намешавем ва тамоми мушкилоту камбудиҳоямонро бо дастони худамон ва бо заҳмати аҳлонаи халқамон бартараф месозем».

 Таҳлили таърихи навин нишон медиҳад, ки ба даст овардани истиқлолият ва соҳибихтиёрии миллӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле душвор, дар ҳолатҳои зиддиятнок ва низоӣ ба вуқӯъ пайваст. Аз нахустин марҳилаи соҳибистиқлолӣ доираҳои ­муайяни манфиатдор бо истифода аз усулҳои озмудаи худ бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ давлати ҷавони Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афканданд. Доираҳои сиёсии хориҷӣ ва шарикони дохилии онҳо нақшаи қисмат намудани Тоҷикистонро тарҳрезӣ намуда, бо ҳамин роҳ аз байн бурдани давлати тоҷиконро ба нақша гирифта буданд.

 Сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, дар марҳилае, ки ҳанӯз пояҳои истиқлолияти давлатӣ устувор набуданд, маънои хатари бузургро дошта, ҳастии минбаъдаи давлати ҷавонро зери суол бурд. Дар чунин шароит ба сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси наҷоти миллат ва давлат гардид. Комёб буданамон дар самти ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлатӣ маҳз ба заҳмату роҳнамоӣ ва кӯшишҳои ватанхоҳонаи шахсияти бузурги таърихӣ — Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошад. Ин далели бебаҳси таърихӣ буда, давлатдории навин онро собит месозад.

Берун овардани мамлакат аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, тақвияти сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ба вуҷуд овардани «фарҳанги сулҳи тоҷикон», ислоҳоти фарогир, эҳёи аркони фалаҷшудаи идоракунӣ, қабули рамзҳои давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, миллӣ ва фарҳангӣ, ташаккули низоми қонунгузории миллӣ, боло бардоштани мақоми забони тоҷикӣ, эълони чор ҳадафи стратегии Ҳукумат, фароҳам намудани шароити созгор барои тиҷорату ҷалби сармоя, оғози сохтмони неругоҳҳои барқи обии зиёд, аз ҷумла НБО «Роғун», ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи об, кӯшишҳо баҳри аз байн бурдани тафовути шаҳр ва деҳот, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагӣ, коҳиши камбизоатӣ, афзоиши бесобиқаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, буҷети давлат ва маошу нафақа намунаҳо аз ҷамъи дастовардҳои давлатдории муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд.

 Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун нишонаи асосии давлат ифодаи соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти он дар муайян намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ мебошад. Маҳз соҳиб будан ба истиқлолияти сиёсӣ имкон медиҳад, ки давлат ба таври шоиста муаррифӣ гардида, онро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун суб­ъекти мустақили муносибатҳои сиёсӣ эътироф кунанд. Истиқлолияти давлатӣ маънои пурра ва тақсимнашавандаи ҳокимияти давлат дар тамоми қаламрави он, мустақил будан дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ мебошад. Ба даст овардан ва устуворгардонии он идомаи мантиқии ин раванд ба ҳисоб рафта, аз ҳар миллат ҷоннисориро тақозо менамояд. Ин воқеиятро мо дар таҷрибаи Тоҷикистон шоҳид будем.

АЗ АФЛОТУН ТО ОЛИМОНИ МУОСИР

Омӯзиш ва таҳлилу таҳқиқи ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити равандҳои сиёсии низоми нави ҷаҳонӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи сиёсатшиносон қарор дошту дорад. Бинобар ин, ба масъалаи таҳқиқшаванда теъдоди зиёди таҳқиқоти олимони ватанӣ ва хориҷӣ бахшида шудаанд. Дар байни масъалаҳои мубрами назария ва амалияи сиёсатшиносии муосир ба даст овардан ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ мақоми меҳварӣ дорад. Аз ин лиҳоз, омӯзиши омилҳои иҷтимоию сиёсии пайдоиш, марҳилаҳои асосии таърихӣ, муайян намудани раванди табиии ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби ин ё он халқу миллат на танҳо аҳамияти бузурги илмию назариявӣ, балки амалӣ низ дорад.

Вобаста ба масъалаи мавриди назар осори муҳаққиқонро метавон ба якчанд гурӯҳ ҷудо кард. Асарҳои Афлотун, Арасту, Г. Гротсий, М. Ситсерон, Плутарх, Н. Макиавелли, М. Вебер, Т. Т. Гоббс, Ж. Ж. Руссо, Ж. Баден, Ж. Ж. Руссо, Ҷ. Локк, Ф. М. Волтер, Ф. Гегел, Р. Арон, Ш. Монтескйе, И. Алтузиус, В. Менделсон, С. Соренсен, Р. Н. Хаас, А. Р. Дафт, Ҷ. Блондел, Т. Карлейл ва дигарон ба гурӯҳи аввал шомиланд. Олимони зикргардида дар масъалаи давлат, истиқлолияти давлатӣ ва нақши сарвар дар идоракунии он ақидаҳои пурарзиши илмӣ баён намудаанд.

Ба гурӯҳи дувум осори илмии олимони рус, аз қабили В. М. Гассен, Н. М. Марченко, М. В. Гличич-Золотерева, К. Варе, А. С. Яшенко, О. Е. Лейст, П. В. Волоков, Э. В. Тадевосян, А .С. Ященко, В. Е. Сафонов, В. Д. Зоркин, Г. Еллинек, Н. И. Грачев, К. Шмидт, Д. Агамбен ва дигарон ворид мебошанд. Олимони зикргардида бештар ба масъалаҳои назариявии истиқлолият ва рушди федерализм дахл намуда, таҷриба ва амалияи кишвари худро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор додаанд.

Ба гурӯҳи сеюм метавон осори мутафаккирони гузашта ва таҳқиқоти олимони муосири ватаниро дохил намуд. Аз ҷумла, Ал-Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Низомулмулк, Абдураҳмон ибни Халдун, аз муҳаққиқони муосир дар ин самт М. Диноршоев, Ш. Шоисматуллоев, С. Шарипов, Г. Н Зокиров, А. Н. Муҳаммад, С. С. Ятимов, К. Олимов, М. У. Хидирзода, М. Акмалова, С. Фаттоҳзода, Х. Сафарализода, Ш. Ш. Ризоён, А. Ё. Комилбек, А. Раҳнамо, Р. Ҳайдаров, А. Ғ. Холиқов, А. Имомов, Ҷ. Маҷидов, Б. М. Холназаров, З. М. Исмоилзода, М. Шакурӣ, М. С. Ҳакимов, Д. Қ. Раҳимов ва дигарон пажӯҳишу таҳлилҳои арзишманд анҷом додаанд.

 Номбурдагон масъалаҳои назариявӣ ва методологии давлат ва истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллӣ, роҳу воситаҳои дарки амиқ ва дарёфти механизмҳои ҳимояи босуботи онҳоро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Онҳо манфиатҳои миллиро ҳамчун омили меҳварии рушди давлатдорӣ муайян намуда, дигар масъалаҳои рушди ҷомеаро аз он вобаста медонанд.

 Хулоса ин аст, ки «бе фаҳми дурусти истиқлолият ҳамчун озодии сиёсӣ тамоюлҳои тағйирот, инкишофи ҳаёти сиёсӣ тавсифи консептуалии онҳо номумкин аст» .

НАҚШИ ШАХСИЯТИ ТАЪРИХӢ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Дар тафовут аз осори олимони зикргардида дар ин матлаб мо кӯшиш намудем, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри ҳифзу таҳкими ­истиқлолияти давлатӣ бозгӯӣ намоем.

Қабл аз ҳама бамаврид аст зикр созем, ки инсоният аз замонҳои хеле қадим муҳим будани нақши сарварро дар ҳаёти ҷомеа дарк намуда буд. Ин эҳтиёҷот дар натиҷаи зиндагии якҷояи одамон ба вуҷуд омада, тӯли асрҳост, ки дараҷаи мансабу мартабаро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст. Муносибатҳои ҳокимият ҳам ифодаи фаъолияти субъекту объекти идоракунӣ буда, сарвари сиёсӣ дар занҷири зикргардидаи муносибатҳо мақоми хосро ишғол менамояд.

Сарвари сиёсӣ шахсест, ки тавассути қувваи махсуси таъсиррасонӣ ба рафтор ва иродаи дигарон қудрати идоракунӣ ва сафарбарнамоии ҷомеаро дош­та, барои таъмини ягонагӣ ва муттаҳидии он нақши муҳим дорад.

Рӯйдодҳои ҷаҳони муосир ва рабту таъсири онҳо ба умури давлатдорӣ тақозо менамояд, ки нақши шахсияти таърихӣ ва сарвари сиёсӣ дар ин масир ҳамаҷониба омӯхта шавад. Таъкид менамоям, ки омӯзиш на ба хотири парастиши шахсият, балки ба хотири муайян намудани хусусиятҳои сарварӣ, малакаи идора намудани ҷомеа дар шароити гуногуни таърихию сиёсӣ, роҳҳои паси сар намудани мушкилиҳо, истифодаи технологияҳои гуногуни рафъи зиддияту ихтилоф дар ҷомеа, дарёфти механизмҳои ташкили ҳамкориҳои самарабахш бо олами беруна, қобилияти дарки мушкилиҳои пайдошаванда на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар арсаи байналмилалӣ хосияти илмӣ дорад. Дар ин раванд имкони шаклгирии андеша ва диди таърихию сиёсӣ ба раванди умумии ташаккули давлатдории миллӣ дар шароити нав ба даст омада, барои воқеъбинона таҳқиқу хулосабарорӣ намудан аз марҳилаи муайяни таърихии рушди давлатдорӣ замина муҳайё мегардад.

Дар асоси гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки бозгӯии нақши Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу бақои истиқлолияти давлатӣ ва таҳлили ҷанбаҳои сиёсии масъала дар шароити ҳассоси тағйироти геополитикӣ, аз байн рафтани низоми давлатдориҳои гуногун аҳамияти рӯзафзун касб намудааст.

 Мақсади иншои мақолаи мазкур муайян ва асос­нок намудани заминаҳои таърихию сиёсии ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, ташаккули ниҳоди сарварии сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар пойдории давлат мебошад.

Барои расидан ба ҳадафи мазкур таҳлилу баррасии мазмун, моҳият ва хусусиятҳои илмию назариявии масъалаи истиқлолияти давлатӣ ва асоснок намудани мавқеъ ва ақидаҳои сиёсӣ вобаста ба он, муайян ва асоснок намудани заминаҳои таърихию сиёсӣ ва консептуалии омӯзиши нақши сарвари сиёсӣ дар таҳкими давлатдорӣ, инчунин таҳлил ва ошкор намудани моҳияти заминаҳои таърихию сиёсӣ ва василаҳои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мадди назар буд.

Илова бар ин, ба нақши сарвари сиёсӣ дар бартараф намудани низои шаҳрвандӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон, мақоми ниҳоди президентӣ дар пойдор гардидани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва хусусиятҳои ташаккули ниҳоди Пешвои миллат ва тақвияти эътимоди ҷомеа ба он ҳамчун омили таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

 Вобаста ба мавзӯи мавриди назар шоистаи зикр аст, ки таъсиси ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ ва далели шинохти ниҳодҳои давлатию сиёсии кишварҳои демок­ратӣ мебошад. Зарурати пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти он, қабули оҷилии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими низоми давлатӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ аз ҷумлаи омилҳоеянд, ки ба ташкили қолаби нави идора бо роҳбарии Президент дар Тоҷикистон асос гузоштанд. Маҳз ҷорӣ кардани идоракунии президентӣ боис ба рушди устувор ва пешрафти бемайлон ва бесобиқаи идораи давлатӣ (идораи иқтисод, сиёсат ва дигар соҳаҳо) ва раёсати ҷумҳурӣ гардид.

Минбаъд, бо таъсиси ниҳоди Пешвои миллат яке аз муҳимтарин масъалаҳои миллӣ ва таърихии давлатдории мо, яъне лидери сиёсии миллат ва пешвои эътирофшудаи миллӣ ба марҳилаи ниҳоии худ расид. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», ки дар низоми қонунгузории кишвар падидаи нав ба ҳисоб меравад, «вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон муқаррар мекунад».

Дар ин раванд андеша, дар мавриди он ки Пешвои миллӣ маҳсули як марҳилаи таърих, натиҷаи ҷонбозӣ ва аз худ гузаштанҳои шахсият дар давлатсозиву давлатдорӣ, инъикоси воқеияти ҷомеа ва натиҷаи эътирофи воқеии мардум аст, шакл гирифт. Таърихи давлатдориҳои ҷаҳони муосир кам намунаҳое медонад, ки шахсиятҳои миллӣ ба хотири наҷоти кишвар ҷони хешро ба гарав ниҳода бошанд.

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: МАЗМУН, МОҲИЯТ ВА ХУСУСИЯТИ ОН

Истиқлолият ба маънои сиёсӣ ва ҳуқуқии худ асоси комили давлат мебошад. Дар акси ҳол, соҳибихтиёрӣ ва меъёрҳои асосии он, мустақиман танҳо ба таври расмӣ ва эъломия амал мекунанд ва низоми идораи давлатӣ қудрату қобилияти дахолаткунию танзимкунӣ ва ҳамзамон соҳибихтиёрии худро аз даст дода, бо таҳдид ба амнияти давлат бештар осебпазир мегардад. Хусусияти муҳими таркибии давлат, ки мавҷудияти давлатро ифода мекунад, соҳибихтиёрӣ мебошад.

Соҳибихтиёрӣ аз лиҳози моҳият ҳамчун аломати универсалии давлат эълон шуда, озодӣ ва мустақилияти субъектро аз таъсироти беруна ва дохилӣ таъкид мекунад, ки дар шахсияти субъект­ҳои дигар ба маҳдудияту таҳримот дучор нагардидааст. Натиҷаи соҳибихтиёрии миллӣ таъсиси давлати миллист. Соҳибихтиёрии миллӣ ин ҳуқуқи миллат ба худмуайянкунии миллист. Бори нахуст мафҳуми соҳибистиқлолиро сиёсатшиноси франсуз Ж. Боден пешниҳод карда, онро ҳамчун бартарии сиёсии ҳокимияти давлатӣ дар қаламрави кишвар муайян кардааст.

Коршиносон ба он назаранд, ки: «Соҳибихтиёриро танҳо аз нуқтаи назари расмӣ — юридикӣ ва фактӣ дида баромадан мумкин нест» . Ба ақидаи мо, соҳибихтиёрӣ зуҳуроти сиёсӣ буда, сухан сари эътирофи давлат ҳамчун ташкилоти сиёсии мус­тақил меравад.

Аз ҷониби дигар, истиқлолиятро метавон принсипи асосии ҷомеаи байналмилалӣ ва «манбаи тартибот» арзёбӣ намуд. Масъалаҳои назария ва амалияи истиқлолияти давлатиро дар асарҳо, ­паёмҳо ва суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфт намудан мумкин аст, ки онҳо хосияти консептуалӣ дошта, мазмуну моҳияти ин зуҳуроти муҳими сиёсиро хеле возеҳ бозгӯӣ менамоянд.

 Чуноне ки: «Истиқлолият волотарин ва пур­арзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст, ки нахуст дар давраи давлатдории Иттиҳоди Шӯравӣ арзи ҳастӣ намуда, бо вуҷуди баъзе беадолатиҳои марзию ҷуғрофӣ ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта ташаккул ёфт, сабзид ва ба камол расид», — қайд намудаанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон бахшида ба 10- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми сентябри соли 2001.

Ба ақидаи муҳаққиқи тоҷик А.Н.Муҳаммад: «Истиқлолият мустақилияти сиёсӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ дар фаъолияти сиёсати дохилӣ ва берунӣ мебошад, ки ба дахолат кардани давлатҳои дигар қатъиян роҳ намедиҳад. Қатъи назар аз бузургӣ ва ё хурдии марзи мамлакат, миқдори аҳолӣ ва сохти ҷамъиятӣ истиқлолият ба ҳама давлатҳо тааллуқ дорад. Истиқлолияти сиёсӣ ин озодии иродаи миллӣ, шаъну шараф, қудратмандӣ ва яке аз рукнҳои асосии ҳастии ҳар як давлати мустақил ба шумор меравад». Чунин маънидодкунии истиқлолияти давлатӣ хосияти бисёрҷанба дошта, паҳлуҳои ­сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва маънавии онро дар бар мегиранд.

Вобаста ба масъалаи истиқлолияти давлатӣ сиёсатшиноси тоҷик Г.Н. Зокиров зикр намудааст: «Фаҳми дурусту муосири истиқлолият бояд хосият­ҳои мухталифи раванди инкишофро ба назар гирад. Бе назардошти робитаҳои гуногуни раванд­ҳои сайёравӣ ва таъсири мутақобилаи онҳо, бе баҳамтаъсиррасонии инсон, ҷомеа ва табиат ҳеҷ як минтақа ва ё мамлакате истиқлолияти комилро соҳиб намегардад. Масъалаҳои дигари муносибатҳои байниҳамдигарии одамон, хоҳ дар либоси этникию миллӣ бошанд ё дар шакли дигар зуҳур ёбанд, ҳам ба ин доира дохил мешаванд. Манфиату талаботи ҳамаи раванду муносибатҳои оламро ба назар гирифтан ҳатмӣ аст. Рӯй овардан ба чунин силсилаи арзишҳо ҳеҷ гоҳ принсипи худмуайянкунии миллиро истисно намекунад. Баръакс, он бояд дар занҷири баҳамтаъсиррасонии ҳодисаҳо мақом ва нақши сазовор пайдо намояд» .

 Ин муҳаққиқ ба масъалаи мазкур аз лиҳози қиёсӣ муносибат намуда, моҳият ва хусусияти ин зуҳуроти сиёсиро вобаста ба шароити Тоҷикистон ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намудааст. Таълифоти муаллиф дар ин самт бисёрҷанба буда, дар доираи он ба раванди ба даст овардани ­истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон баҳои асосноки сиёсӣ дода шудааст.

Профессор Махфират Хидирзода вобаста ба истиқлолияти давлатӣ чунин андеша дорад: «Истиқлолият ҳамчун рамзи муҳими давлатдорӣ василаи беҳтарини шинохти миллатҳо дар арсаи ҷаҳонӣ буда, раванди давомнок ва рушдёбанда ба ҳисоб меравад. Заминабахши ҳама гуна истиқлолияти давлатӣ, пеш аз ҳама, мафкура ва ҷаҳонбиниест, ки инсонҳоро дар шинохти асолат ва рисолати хеш муваффақ гардонида, талош ва кӯшиши онҳоро баҳри мустақилона муайян намудани тақдири худ, дарёфти роҳи муваффақият баҳри расидан ба саодати комил, раҳонидан аз вобастагию тобеият такон мебахшад. Истиқлолхоҳӣ ҳамчун категорияи равонию сиёсӣ ифодакунандаи рӯҳияест, ки ҷомеаҳо бо такя ба он неруи равонӣ ва иҷтимоии худро қавӣ гардонида, ҳадафҳояшонро марҳила ба марҳила амалӣ месозанд. Хусусияти ин падида дар он аст, ки дар ҷомеаҳо ва низомҳо рӯҳбаландии иҷтимоӣ устувор гардида, субъектҳои сиёсат бештар ба он меҳваре таваҷҷуҳ менамоянд, ки ин ғояро тақвият мебахшад».

Мафҳуми «истиқлолияти сиёсӣ» бо мафҳуми соҳибихтиёрӣ ва ҳокимиятдории комили сиёсӣ ҳаммаъно мебошад. Ба ақидаи мо, аҳамияти хосаи таҳқиқотӣ доштани масъалаи зикршуда бебаҳс буда, омӯзиши масъалаи мазкур заруру саривақтӣ мебошад.

 Яке аз рукнҳои муҳими бунёди давлат истиқлолияти давлатист. Истиқлолият танҳо бо эълон намудану қабули санади соҳибихтиёрӣ ва Эъломия анҷом наёфта, ҳуқуқи халқу миллатро ба таъсиси ҳокимияти давлатии мустақил дар дохили мамлакат амалӣ намудану онро чун субъекти соҳибихтиёр ба арсаи ҷаҳонӣ ва майдони муборизаи ҳастӣ ворид сохтан аст. Ба ин маънӣ, истиқлолияти давлатӣ на танҳо эълони он аст, балки андешидани чораҳо барои эътирофи давлат дар арсаи байналмилалӣ низ ба ҳисоб меравад.

Дар раванди таҳлили масъала мо кӯшиш намудем, ки ақида ва назарияҳои мавҷударо аз диди таърихию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ гурӯҳбандӣ намуда, ҳар кадоми онҳоро вобаста ба шароити таърихӣ ва иҷтимоию фарҳангии ташаккули онҳо арзёбӣ намоем. Дар натиҷа асоснок карда шуд, ки соҳибистиқлолӣ ҳамчун зуҳуроти сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ифодаи мустақилияти давлат дар муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ буда, нишонаи муҳими давлат ба ҳисоб меравад. Бидуни он давлат ҳамчун ташкилоти сиёсӣ ва субъекти мустақили муносибатҳои сиёсӣ эътироф намешавад.

 Ҳамчунин муайян гардид, ки назарияи истиқлолият мухторияти ҳокимияти сиёсиро дар дохил ифода намуда, имкон медиҳад, ки давлат дар ташаккули шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани сохти давлатдорӣ, заминаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таърихию фарҳангӣ, тамоюли идеологӣ мустақилона муносибат намояд.

СЕ НАВЪИ СОҲИБИХТИЁРӢ, КИ НИҲОЯТИ ОН ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИСТ

Соҳибихтиёрӣ ҳамчун падидаи ҳуқуқи конс­титутсионӣ бо ҳастиву вуҷуди миллат, халқ ва давлат пайваста аст. Соҳибихтиёрии давлат шакли асосии зуҳуроти соҳибихтиёрии миллат ва халқ аст. Моҳияти давлат дар шакл ва мазмуни фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, ҳадафи асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, интихоби самтҳои рушди демократӣ ва таъмини воқеии ҳокимиятдории халқ таҷассум меёбад. Соҳибихтиёрӣ хусусияти асосии давлати соҳиб­истиқлол дар салоҳият, манфиатҳои миллӣ ва таносуби қувваҳо дар сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ мебошад.

Дар шароити ҷаҳони муосир мафҳуми соҳибихтиёрӣ на танҳо барои як давлати алоҳида, балки барои иттиҳодия ва ташкилоти гуногуни байналмилалӣ, ки на танҳо ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодии давлат, инчунин ба соҳибихтиёрии худи давлат низ таъсир мерасонанд, муҳим аст.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит менамояд, ки маҳз истиқлолияти давлатӣ ба инсонҳои дар асоси махсусиятҳои этникӣ, миллӣ ва иҷтимоӣ муттаҳидшуда имкон фароҳам меорад, ки дар паҳнои ирода озодона дар қолаби ҳуқуқҳои эътирофшуда рушди маънавию моддии худро таъмин созанд. Аз назари мутахассисони илми ҳуқуқ ва сиёсатшиносон, истиқлолияти давлатӣ сарчашмаи худро аз соҳибихтиёрии давлат мегирад. Соҳибихтиёрии давлатӣ як навъи соҳибихтиёрии умумӣ буда, усулан ба се навъ тақсим мешавад: соҳибихтиёрии халқӣ, соҳибихтиёрии миллӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ. Соҳибихтиёрии халқӣ ба усули идораи халқӣ такя менамояд, ки дар он манбаи ҳокимияти сиёсиро халқ — шаҳрвандони кишвар ташкил медиҳанд. Нуктаи муҳим ва калидии соҳибихтиёрии халқӣ интихоботи озод, мавҷудият ва рушди парламентаризм ба ҳисоб меравад. Соҳибихтиёрии миллӣ ин ҳуқуқи миллат барои мустақиман, бе дахолати беруна муттаҳид шуда, таъсис додани давлати мустақил ва муайянкунии мақоми сиёсии худ аст. Соҳибихтиёрии давлатӣ зинаи охирини соҳибихтиёрист, ки мустақилияти давлатро дар дохил ва хориҷ муаррифӣ менамояд. Танҳо давлати соҳиб­ихтиёр ҳуқуқи дар муносибатҳои байналхалқӣ ҳамчун субъекти мустақил баромад карданро дорад. Дастрасии ҳуқуқӣ ва амалӣ ба ин се навъи соҳибихтиёрӣ дар маҷмӯъ миллатҳоро ба истиқлолияти давлатӣ мерасонад.

ТАҲЛИЛУ МУҚОИСА МЕБОЯД, ТО ХУЛОСА ҲОСИЛ ШАВАД

Қобили зикр аст, ки доир ба ин масъала қаблан чандин мақолаи таҳлилӣ навишта будам, ки дар онҳо нақши сарвари сиёсӣ дар таҳкими истиқлолу озодӣ, ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ва таъмини суботу амният меҳвар буд.

Таҳлилу муқоисаи мавзӯъ ҷомеаро комилан мутмаин месозад, ки:

- ниҳоди Пешвои миллат дар низоми сиёсии давлат заминаҳои устувори маънавию таърихӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоӣ дорад;

- эътирофи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат натиҷаи талошҳои беназири ин Абармард дар масири давлатсозии навин буда, барои муттаҳидӣ ва ягонагии мардуми кишвар омили муҳим ба ҳисоб меравад. Ин ниҳод хусусан дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ аҳамияти хос дошта, ҷиҳати тақвияти ҳувияту худшиносӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад;

- таҷрибаи муосири сиёсӣ собит намуда истодааст, ки ниҳоди Пешвои миллат дар Тоҷикистон ҳамчун неруи бузурги муттаҳидкунанда буда, ҳама дар атрофи он муттаҳид гаштаанд. Ба ғайр аз ин, ниҳоди зикршуда ифодакунандаи манфиатҳои кулли ҷомеа мебошад;

- Пешвои миллат таҷассумкунандаи давлат дар арсаи байналмилалӣ буда, ҳамчун шахсияи бузурги сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидани ин Абармард барои боло бурдани имиҷи сиёсии давлат ва миллати тоҷик бениҳоят муҳим аст.

Зимни пажӯҳиши масъала бештар аз методҳои таҳлилӣ, таърихӣ, тарҳрезии сиёсӣ, муқоисавӣ, коммуникатсионӣ, ояндабинӣ ва мушоҳидавӣ истифода шуда, дар ин замина ташаккул ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ, инчунин ташаккули ниҳоди сарварӣ, аз ҷумла ниҳоди Пешвои миллат ҳаматарафа баррасӣ гардид. Ёдовар шуданам аз методҳои мазкур ба он хотир аст, ки ҳар кадом вижагии худро дорад. Барои мисол, методи таърихӣ дар таҳқиқот имкон фароҳам меорад, то масири соҳиб шудан ба соҳиб­истиқлолӣ ҳаматарафа мавриди омӯзиш қарор гирифта, хусусиятҳои таърихию сиёсии ташаккули ниҳоди Пешвои миллат ва нақши таърихиашон дар раванди давлатсозии навин асоснок карда шавад.

Истифодаи методи тарҳрезии сиёсӣ боис мегардад, ки хусусияти равандҳои сиёсӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ва нақши онҳо дар шаклгирии муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян карда шаванд.

Ба шарофати методи муқоисавӣ заминаҳои таърихию сиёсии ташаккули ниҳоди Пешвои миллат асоснок шуда, таҷрибаи мавҷудаи байналмилалӣ дар ин самт мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Методи ояндабинӣ дар муайян намудани дурнамои рушди ниҳоди сарварӣ ва нақши он дар таҳкими истиқлолияти давлатию ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити нави ҷаҳонӣ нақши бориз дорад.

Омӯзиши нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ тақозо менамояд, ки ҳангоми ба риштаи таҳлил кашидани масъала аз сарчашмаҳои гуногун истифода карда шавад. Маҳз ба шарофати меҳвар қарор додани ҷанбаҳои мазкур мазмун, моҳият ва хусусиятҳои илмию назариявии масъалаи истиқлолияти давлатӣ таҳлилу муайян гардида, мавқеъ ва ақидаҳои сиёсӣ вобаста ба он тақвият ёфт.

МЕҲВАРУ ҶАВҲАРИ КОРҲОИ ИДЕОЛОГӢ ВА РИСОЛАТИ МАСЪУЛИН

Барои пойдории истиқлолият ва ташкили давлати мустақил, ки тавонад ба ҷомеаи ҷаҳонӣ халқро ҳамчун иттиҳодияи устувори сиёсӣ бо фарҳангу унсурҳои миллиаш муаррифӣ кунад, ҳаққи таърихӣ ва замонавии ӯро ҷиҳати ­мавҷудияти сиёсӣ ва ҳуқуқияш эътироф намоянд, қабл аз ҳама, халқ орзуву омолашро бояд барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҳадаф муаррифӣ намояд ва барои расидан ба ин ҳадафҳо пайваста мубориз бошад. Ин хусусият­ро ҷомеаи Тоҷикистон дар аввали солҳои 90-уми асри ХХ то андозае дарк намуда буд.

Дар ин замина дигаргуниҳои идорӣ ва маъмурӣ низ оғоз шуда буданд, ки пуртазод буданд. Масалан, 29-уми ноябри соли 1990 якумин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Маҳкамов ба он мансаб интихоб шуд. Вале ин ҳолат зиддиятҳои пайдошавандаро бартараф карда натавонист.

10-уми сентябри соли 1990 Қонун «Дар бораи интихоботи Раиси ҷумҳурӣ» қабул гардид. Мувофиқи он, 24-уми ноябри соли 1991 якумин интихоботи умумихалқии Президенти ҷумҳурӣ баргузор гардида, Р. Набиев ба ин вазифа интихоб шуд.

Буҳрони нави мураккаби иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат Президенти аз тариқи интихоботи умумихалқӣ интихобшударо аз сари қудрат дур сохт ва ҳам боиси чанд муддат бекор кардани ин падидаи конститутсионӣ ва ба ҷои он ҷорӣ намудани идоракунии парлумонӣ гардид.

Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Давлату давлатдорӣ як мафҳуми назариявӣ набуда, он маҳз бо мавҷудияти рукнҳои амалии давлат маъно пайдо мекунад. Шоҳидон дар ёд доранд, ки дар он рӯзҳои вазнину мудҳиш тамоми ниҳодҳои марказӣ ва маҳаллии давлатдории мо пурра фалаҷ гашта, низоми идоракунии давлатӣ барҳам хӯрда буд. Бинобар ин, барқарор кардани аркони амалии давлат талошу заҳмати зиёдро талаб мекард. Мо тавонистем дар кӯтоҳтарин замон ниҳодҳои асосии давлатиро эҳё ва барқарор намоем».  Он замон на ҳама дарк карда буданд, ки соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ мафҳумҳои ифодакунандаи як мазмун буда, дар маҷмӯъ вазъиятеро ифода мекунанд, ки дахолати дигар давлату ташкилотҳо ё худ субъектҳои муносибатҳои сиёсӣ ба фаъолияти онҳо манъ аст.

Ҷанбаи дигари дар ташаккули худшиносии миллӣ таъсиргузор рӯҳияи миллӣ ба ҳисоб меравад, ки дар саргаҳи он низ Роҳбари мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Пешвои миллат барои ба даст овардани музаффариятҳои миллӣ ва беҳсозии кишвари хеш идеяҳои беназир ва пурмоҳият­ро рӯи кор оварда, шаҳрвандонро ҳам дар атрофи он муттаҳид намуданд. Сохтмони иншооти бузурги аср, аз ҷумла НБО-и «Роғун» шаҳодати ин гуфта аст. Ҳар иқдоме, ки ин Абармард барои пешрафти давлату миллат пеш гирифтаанд, амалест, ки ба идеяи миллӣ омезиш ёфта, истиқлолияти давлатиро таҳким бахшида, дурнамои неки давлатсозиву давлатдориро таъмин менамоянд. Хушбахтона, ҳоло миллат Пешвое дорад, ки мақсадашон танҳо сарбаландии миллат ва рӯзгори пурсаодати тоҷикис­тониён мебошад.

Имрӯз, агар ҳаводиси солҳои мудҳиши сипаришударо беғаразона таҳлил намоем, бешак иқрор хоҳем шуд, ки он имтиҳони ҷиддӣ буд, ки халқи тоҷик зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он на танҳо бо сарбаландӣ гузашт, балки иқдомҳои қобили мулоҳизаи давлатсозию давлатдориро барои наслҳои оянда иҷро ва дар ин замина рушди муттасили мамлакатро таъмин намуд.

 U19A6098Дар ҳамин ҳол, ифтихор аз дастовардҳо ва истинод ба таърихи ғанӣ набояд боиси зоҳир гардидани муносибати дуюмдараҷа ба дурнамои соҳибистиқлолии мамлакат бошад. Мадди назар бояд дошт, ки ҷомеа дар шароити таҳаввулоти босуръат ва бисёр мураккаби ҷаҳони муосир қарор дорад, ки дар он раванду тамоюлҳои гуногуни манфӣ низ ҳастанд ва метавонанд ба истиқлолият, пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва гузашта аз ин, ба ҳастии миллат хатар эҷод намоянд. Бинобар ин, ташаккул додани тафаккури давлатӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз соҳиб­истиқлолӣ бояд меҳвару ҷавҳари корҳои идеологии мақомоти дахлдори давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил диҳад.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»