Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шурӯъ аз якуми августи соли 2023 сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ барномаи «Пардохти ҳушманд» (Smart Pay)-ро дар фаъолияташон истифода мебаранд.
Бо мақсади таъмини пардохти ҳамаи андозҳою боҷҳои давлатӣ, ҷаримаҳо, додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ барои амалишавии марҳилаи якуми барномаи «Пардохти ҳушманд» (Smart Pay) ин амал ба ҷо оварда мешавад.
Ҳамзамон, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе пардохти маблағи китобҳои дарсӣ аз тарафи падару модарон, инчунин, тамоми хизматрасониҳои муздноки тиббӣ низ ғайринақдӣ амалӣ мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 1-уми августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, инчунин, қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ғайринақдӣ амалӣ мешаванд.
АМИТ «Ховар»