Сеюми май - Рӯзи байналмилалии Офтоб

Истифодаи энергияи «Сабз»

№52 (4948) 23.04.2025

Агар ин раванд васеъ роҳандозӣ шавад…

653_originalАз соли 1994 бо ташаббуси бахши аврупоии Ҷамъияти байналмилалии энергияи офтоб (ISES Europe) дар бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла дар кишвари мо, сеюми май Рӯзи байналмилалии Офтоб таҷлил мегардад.

Энергетикаи офтобӣ имрӯз яке аз зудрушдёбандатарин ва ояндадортарин намуди энергетика ба шумор меравад. Соли 2024 истеҳсоли неруи барқ дар ҷаҳон аз энергияи офтоб 474 тераватт-соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 29 дарсад зиёд аст. Як тераватт баробари 1 миллион мегаватт аст. Соли сеюм аст, ки аз рӯи суръати истеҳсоли неруи барқ энергияи офтоб миёни дигар манбаъҳои истеҳсоли неруи барқ ҷои аввалро ишғол мекунад.

Бузургтарин кишвари тавлидкунандаи неруи барқ аз офтоб Чин ба шумор меравад. Танҳо соли 2024 дар ин кишвар неругоҳҳои нави офтобӣ бо иқтидори 357300 мегаватт ба истифода дода шуданд. Дар маҷмуъ, иқтидори неругоҳҳои офтобии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 1 миллион мегаватт гузашт. Аз ҷониби дигар, истеҳсол ва насби таҷҳизоти офтобӣ боиси таъсиси ҳазорон ҷойи нави корӣ гардид.

Кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Ҳиндустон ва Покистон низ аз ҷумлаи бузургтарин истеҳсолкунандагони неруи барқ аз энергияи офтоб ба шумор мераванд. Дар ин кишварҳо нисбатан барвақт дарк намуданд, ки «умр»-и истифодаи газу нефту ангиштсанг кӯтоҳ аст. Аз ин рӯ, тад­риҷан иқтисодиёти худро барои истифода аз энергияи офтобу шамол, биогаз ва ғайра мутобиқ карданд. Мувофиқи талаботи созишномаҳои иқлимӣ бисёр кишварҳо то соли 2050 пурра аз истифодаи ангиштсанг даст мекашанд. Баъдан, дар давоми 20-30 соли минбаъда навбати нефту газ низ мерасад.

Тибқи нақша бояд то соли 2030 истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Олмон нисбат ба тамоми неругоҳҳои Федератсияи Россия ду баробар зиёд шавад. Қобили зикр аст, ки ҳоло аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқи офтобӣ ва истифодаи нақлиёти барқӣ Олмон дар тамоми Аврупо ҷои якумро ишғол мекунад.

Бисёр кишварҳои ҷаҳон рӯ ба иқтисоди «сабз» оварда истодаанд, ки истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия яке аз қисматҳои онро ташкил медиҳад. Бо истифода аз энер­гияи офтоб мо ихроҷи газҳои зарарноки гулхонаиро аз неругоҳҳои ҳароратӣ ва автомобилҳо кам карда, ҳавои шаҳру деҳотро тоза нигоҳ медорем. Аз тарафи дигар, бо ин усул босуръат обшавии пиряхҳо низ то андозае пешгирӣ мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити «Гурӯҳи 77 ва Чин», ки дар доираи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР- 28) 2-юми декабри соли 2023 дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, чунин таъкид намуданд: «Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон ва соҳаҳои ояндадори он, бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ ва дигар имкониятҳои мавҷуда, афзоиши истеҳсоли энергияи «сабз» мебошад. Бунёди иншооти энергетикӣ, бахусус неругоҳҳои барқи обӣ, офтобӣ ва бодӣ аз қабили иқдомоти муфид дар ин самт ба ҳисоб мераванд. Иқтидори Тоҷикистон дар самти истеҳсоли энергия аз манбаъҳои барқароршаванда хеле васеъ мебошад».

Дар ҷумҳурии мо барои рушди энергияи офтобӣ имкониятҳои бузург мавҷуд аст, зеро шумораи рӯзҳои офтобӣ дар як сол дар кишварамон 280-330 рӯзро ташкил медиҳад. Мувофиқи ҳисоби олимони Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ, агар ҳамагӣ 1 дарсади ҳудуди кишвар бо панелҳои офтобӣ пӯшонида шавад, неруи барқи аз онҳо истеҳсолшаванда соле метавонад ба 5 миллиард кВт /соат расад. Муҳаққиқон ҳисоб кардаанд, ки насби панел ва обгармкунакҳои офтобӣ дар болои биноҳои истиқоматӣ, мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, корхонаҳо ва иншооти фарҳангию варзиш имкон медиҳад, ки 20 дарсади эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ ба неруи барқ таъмин гардад. Дар ин бобат Пешвои миллат 28-уми декабри соли 2023 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намуданд: «Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли энергияи «сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ, тадбирҳои амалӣ андешида шаванд».

Се сол қабл мо, як гурӯҳ рӯзноманигорон, ба ноҳияи Дӯстӣ рафта, бо фаъолияти кумитаи энергетикии занони ноҳия ошно шудем. Он ҷо дар доираи «Лоиҳаи пешгирии ифлосшавии об ва ҳаво ба воситаи истифодаи энергияи барқароршаванда» чанд панели офтобӣ, обгармкунак ва дегчаю танӯрчаҳои офтобӣ насб шуда буд. Дар ташкилоти ҷамъиятии «Дармонбахш» ба шарофати насби таҷҳизоти офтобӣ курсҳои ройгони пазандагӣ, дӯзандагӣ, омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия ба роҳ монда шуд, ки бонувони зиёде соҳиби касбу ҳунар гардиданд.

Чунин таҷҳизоти офтобӣ дар ҳавлии сокини деҳаи Деҳқонободи шаҳри Ҳисор Мавлуда Аҳмадоваи 70-сола низ насб шудааст. Ҳоло сокинони хонавода 24 соат бо неру аз ҳисоби офтоб таъмин буда, зимни пухтани хӯроку ҷӯшондани об низ аз чунин таҷҳизот баҳра мебаранд.

Агар дар мамлакат ин раванд васеъ ба роҳ монда шавад, дигар ҳоҷат ба лимити барқ намемонад ва барқи изофиро метавонем бо нархи баландтар ба хориҷа содирот намоем.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»