Соҳаи кишоварзӣ омили асосии таъминкунандаи амнияти озуқавории аҳолии кишвар, манбаи таъмини корхонаҳои коркарди саноатӣ бо ашёи хом ва аз ҳама муҳим, ташкили ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) таъкид шудааст, ки «захираю иқтидорҳои кишвар барои бамаротиб зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуданд». Аз ин рӯ, мо — олимон, хоҷагидорон, деҳқонон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ вазифадор ҳастем, ки тамоми кӯшишу ғайратамонро барои ноил шудан ба истеҳсоли зиёди маҳсулот равона намоем.
Барои ноил шудан ба ин мақсад рушду инкишофи соҳаи кишоварзӣ тавассути индустриаликунонии соҳа ва андешидани тадбирҳои инноватсионӣ хеле муҳим мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои васеи потенсиали илмӣ ва илмӣ-техникиро барои ноил шудан дар соҳаи кишоварзӣ соҳиб аст. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ аз роҳу усулҳои нав васеъ истифода мебаранд.
Солҳои охир соҳаи кишоварзӣ бо истифода аз илму техника ва технологияи муосир хуб рушд намудааст, ки аз пешравии ин соҳаи муҳими иқтисоди кишварамон гувоҳӣ медиҳад. Муваффақияти ҳама гуна корхонаҳои истеҳсолӣ, хусусан соҳаи кишоварзӣ, аз истифодаи дурусти захираҳои меҳнатӣ, сарватҳои табиӣ, обу замин, мавқеи ҷуғрофии табиати нотакрори Тоҷикистон вобаста аст ва ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии рушди кишвар таъсири мусбӣ мерасонад. Маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоте, ки корхонаҳои саноатӣ аз ашёи хоми соҳаи кишоварзӣ истеҳсол менамоянд, 70 фоизи савдои чакана, гардиши моли давлатӣ, хусусӣ ва кооперативиро ташкил менамояд. Бояд таъкид кард, ки дар шароити ҷумҳурии мо замин воситаи асосии истеҳсолӣ маҳсуб меёбад ва дар мавриди ба он ғамхорона муносибат намудан на танҳо корношоям намегардад, балки ба пешрафти иқтисодӣ мусоидат мекунад. Танҳо 7 фоизи масоҳати умумии Тоҷикистонро ҳамвориҳо дар водиҳою доманакӯҳҳо ташкил менамояд, ки дар онҳо истеҳсолоти кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст. Тадқиқоти бисёрсолаи илмӣ нишон доданд, ки зимни истифода аз замин, қабл аз ҳама, ба таркиби хок, ҳосилхезии он, иқлим ва баландшавии сатҳи оби зеризаминӣ диққат додан зарур аст, зеро ҳосилнокии зироатҳои киштшуда ба ин омилҳо вобастагии ногусастанӣ дорад. Масалан, тадқиқотҳои илмии олимони кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур нишон доданд, ки гандуми навъи «Сете Тсеррос -66» дар мавриди бо меъёри муқарраршуда истифода бурдани нуриҳои минералӣ ва кишти он дар заминҳои обии водии Ҳисор ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аз ҳар гектар 50-70 сентнерӣ ҳосил медиҳад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ қонунҳои соҳавӣ қабул шуда, барномаҳо ва чорабиниҳои зиёде амалӣ гардиданд. Дар натиҷа, ҳоло соҳа ба пешравиҳои назаррас ноил шудааст. Соҳаи растанипарварӣ, хусусан звенои асосии он — селексия ва тухмипарварӣ, рӯ ба тараққӣ ниҳода, навъҳои нави сермаҳсули пахта, гандум, ҷав, ҷуворимакка, лӯбиёгиҳо (нахӯд, мош), сабзавот, картошка, полезиҳо, ангуру себ, шафтолую зардолу, растаниҳои равғандор (офтобпараст, лӯбиёи чинӣ, арзан, маҳсар, зағиру кунҷид) ва ғайра аз тарафи олимону селексионерон кашф ва ба истеҳсолот тавсия гардиданд.
Навъҳои наву самарабахши зироатҳо танҳо дар шароите самараи дилхоҳ медиҳанд, ки натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ дар амал ҷорӣ карда шаванд. Чунончӣ, тухмиҳое, ки ба кишт омода мегарданд, мувофиқи тавсияномаи Вазорати кишоварзӣ қобилияту энергияи сабзиши онҳо бояд аз 85 то 95 фоиз бошад, тозагии навъ 98-100 фоизро ташкил кунад. Он вақт аз ин гуна тухмиҳо ҳосили баланд рӯёнидан имконпазир аст. Агар тухмӣ дар майдонҳои дамдода кишта шавад, бояд дар фасли тирамоҳ дар чуқурии 35-40 см, бо андохтани то 500 кг нуриҳои суперфосфат дар 1 га шудгор гузаронанд. Тадқиқотҳои илмӣ исбот намудаанд, ки ҳосилнокии тухмии дар шароити хуби агротехникӣ нигоҳдошта аз ҳар гектар 3 — 4 сентнерӣ зиёд мегардад ва аз ин ҳисоб даромади хоҷагиҳо 15 — 20 фоиз меафзояд, тухмии бадастомада бошад, барои тайёр намудани тухмиҳои навъи элита ва репродуксияи якум истифода мешавад.
Зарур аст, ки дар ноҳияҳо лабораторияҳои тухмисанҷӣ бо таҷҳизоти нави замонавии фаъол таъмин бошанд ва тухмиҳои ба кишт омодашударо аз ҷиҳати қобилияти сабзиш ва сифати тозагии он санҷида тавонанд.
Дар соҳаи пахтакорӣ мувофиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал кардан лозим аст, чунки то имрӯз ягон зироате нест, ки ҷойи пахтаро иваз карда тавонад. Истеҳсоли пахтаи маҳиннаху миёнанахи тоҷик барои мустаҳкам шудани иқтисодиёти ҷумҳурӣ ниҳоят зарур аст. Аз ашёи хоми пахта беш аз 150 намуди маҳсулот, аз ҷумла зиёда аз 75 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мегардад. Аз ин хотир, аз имкониятҳои мавҷуда ба таври зарурӣ истифода бурда, майдони кишти ин зироати стратегиро бояд зиёд намоем.
Қайд кардан бамаврид аст, ки тамоми мамлакатҳои тараққикардаи дунё пешравии соҳаҳои иҷтимоӣ — иқтисодӣ ва кишоварзиро дар самтҳои асосии хоҷагии халқ дар навбати аввал бо рушди равандҳои инноватсионӣ алоқаманд медонанд ва натиҷаҳои инноватсиониро дар ҳалли масъалаҳои асосӣ афзалиятнок мешуморанд. Онҳоро тавъам бо дастовардҳои илмӣ омӯхта, аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар буданашонро санҷида, дар фаъолияти илмӣ-истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ оқилона истифода мебаранд.
Ҷаҳони муосирро бе коркардҳои инноватсионӣ ва технологияҳои истеҳсолии нав тасаввур кардан ғайриимкон аст. Чунки рақобати бозори иқтисодӣ ва бозори меҳнати истеъмолии ҷаҳонӣ ҳамарӯза талаб менамояд, ки маҳсулоти хушсифати рақобатпазир ва бозоргузар мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол намуда, пешкаши ҷаҳониён намоем.
Таҷрибаи бисёрсолаи Хоҷагии кооперативӣ — истеҳсолии ба номи Мукаррамови шаҳри Исфараи вилояти Суғд, ки аз ҳар гектар 50-60 сентнерӣ гандум, 500-800 сентнерӣ помидор ҷамъоварӣ мекунанд, шоистаи таҳсин ва пайравӣ аст. Технологияи парвариши зироатҳои ғалладона дар Кооперативи истеҳсолию тиҷоратии Латиф Муродови шаҳри Ҳисор низ дар асоси тадқиқотҳои илмӣ дуруст ба роҳ монда шудааст. Тухмиҳои серҳосили гандум, ҷуворимаккаи ин хоҷагиро аксари хоҷагиҳои ҷумҳурӣ харидорӣ менамоянд ва ҳосили баланд мерӯёнанд.
Навъҳои пахтаи офаридаи олимони Институти зироаткории Хуҷанд — пахтаи маҳиннахи клейстогами (гулашон пӯшидаи) «Хуҷанд – 01М» (соли 2016), «Авесто» (соли 2011) ва миёнанахи «20- солагии Истиқлолият» дар таҷрибаи пахтакории ҷаҳон беназир буда, талабот ба онҳо ниҳоят калон аст. Навъҳои мазкур аз ҳар гектар 40 — 45 сентнерӣ ҳосил медиҳанд. Навъҳои гандуми ватанӣ — «Сомонӣ», «Президент» дар заминҳои обӣ аз ҳар гектар аз 55 то 70 сентнерӣ ҳосил медиҳанд.
Хоҷагии деҳқонии «Намуна-2005»- и шаҳри Ваҳдат соли 2015 аз ҳар гектар сабзавот 8532 сомонӣ даромади соф гирифтааст. Навъҳои картошкаи «Тоҷикистон», «Дӯстӣ», «Файзобод», «Муминободӣ», «Рашт», ки аз тарафи олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтироъ шудаанд, дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Файзобод, Муъминобод, Деваштич, Ховалинг ва ВМКБ дар заминҳои тадқиқотӣ — истеҳсолӣ аз ҳар гектар 350-450 сентнерӣ ҳосил доданд, ки назар ба навъи картошкаи «Кардинал» 25-40 фоиз зиёд мебошад.
Ҳосилнокии сабзавот бошад, соли 2015 дар хоҷагиҳои аҳолии ноҳияи Шаҳринав аз ҳар гектар ба 252,0 сентнерӣ баробар шуд.
Олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мошинаи муштараки 1,8 «Кишоварз»- ро барои коркарди сатҳи хок ва кишти зироатҳои ғалладонагӣ ихтироъ намудаанд, ки дар як гардиш шаш амалиёти технологии ҷудогонаро иҷро менамояд.
Қобили тазаккур аст, ки истифода аз натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ-техникӣ ва ҷорӣ намудани дастовардҳои олимон дар истеҳсолоти шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ нақши муҳим дорад ва барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ- таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд.
С. Садриддинов,
номзади илмҳои кишоварзӣ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон